ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҶУСТУҶӮИ НАИМҶОН БАРОИ ЛАТУКӮБ ВА МАҶБУР БА МОШИН БОР КАРДАНИ ҲАМСАРИ СОБИҚАШ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 23 марти соли 2023 хабар дод, ки шахсияти мардеро, ки як ҷавонзанро латтукӯб карда, маҷбуран ба мошин савор карда буд, муайян гардида, ӯро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд. Маълум шудааст, ки сокини пойтахт Наимҷон Дадабоев дар  боғи Роҳи нав бо ҳамсари собиқаш муноқиша карда, ӯро зери мушту лагат гирифтааст ва сипас ба мошини такси маҷбуран савор кардааст.

Санаи 22-юми марти соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он лаҳзаи лату кӯб ва маҷбуран ба мошин савор намудани як ҷавонзан аз ҷониби як мард инъикос ёфта буд, Ин видео мавҷи вокунишҳоро ба бор овард ва бино ба иттилои РВКД Душанбе,  шаҳрвандону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти милитсия дархост кардаанд, ки ҳодисаи мазкур санҷиш ва нисбат ба он мард дар доираи қонун чораандешӣ карда шавад.

Дар натиҷаи баргузории як қатор чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ронандаи автомашинаи дар навор инъикосёфта, тамғаи «Опел Астра» рақамҳои қайди давлатиаш 0707KY07, Ҳазратқулов Ҷамшед Муродқулович, санаи таваллудаш 08.04.1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Н.Қарабоев, ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.

Зимни пурсиш муайян гардидааст, ки Ҳазратқулов ҳамчун ронандаи такси субҳи барвақти 22-юми март, соати 6-и субҳ бо дархост ва фармоиши рафиқаш шаҳрванд – Дадабоев Наимҷон, ҳамроҳ ба кӯчаи Роҳи нави ноҳияи Сино ба назди ҳамсари собиқи Дадабоев Наимҷон рафтаанд.

Дадабоев Наимҷон, ки бо мақсади дидорбинии фарзанди хурдсол ва бо фарзандаш таҷлил кардани ҷашни Наврӯз омада буд, ҳангоми  сайру гашт дар боғи кӯчаи Роҳи нав бо собиқ ҳамсари худ муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст. Ҳамзамон ҳамсари собиқашро зери лату кӯб қарор дода, маҷбуран ба воситаи нақлиёт савор кардааст.

Айни замон гумонбаршаванда Дадабоев Наимҷон дар ҷустуҷӯ қарор дошта, оид ба ҳодисаи мазкур санҷиш идома дорад.

Дар ин авохир ин танҳо ҳодисаи дар кӯча сурат гирифтани муноқишаҳои оилавӣ нест.

Рӯзи 9 марти соли 2023, ҳамагӣ як рӯз баъди иди занону модарон, дар сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шуд, ки дар он лаҳзаи маҷбуран ба як мошини тамғаи “Лада Приора”, рақамаш 00 60 UO 01 бор кардани як духтари ҷавон сабт шуда буд. Дар видео дида мешуд, ки як ҷавон духтарро маҷбур ба даруни мошин тела дода, бор карда истодааст ва пойҳои духтарро қат мекунад, то дари мошинро пӯшида тавонад. Наворбардор ҳамчунин дар сабт нишон дод, ки ҳодиса дар назди коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе рух дода истодааст.

“Бинед, чӣ хел дар рӯзи равшан аз назди коллеҷи тиббӣ духтаронро маҷбуран ба мошин бор карда, бурда истодаанд”, – мегӯяд наворбардор.

Раёсати корҳои дохилии  шаҳри Душанбе шоми 9 март хабар дод, ки бо гузашти ҳамагӣ ду соат ба кормандони милитсияи пойтахт муяссар шуд, ки дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ, ҷавони дар навор инъикосёфтаро муайян ва дастгир намуда, ба мақомоти милитсия дастрас кунанд.

Маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон дар шарҳи ин моҷаро гуфт: “Муайян гардид, ки ронандаи воситаи нақлиёти мазкур, шаҳрванд Содиқов Аминҷон Ҷумахонович, санаи таваллудаш 01.01.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ буда, он ҷавондухтаре, ки дар навор инъикос ёфтааст, ҳамсараш мебошад. Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурда санаи 9-уми март, тахминан соатҳои 16:00, ҳангоми дар кӯчаи Камонгарон назди Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ қарор доштан, бо сабабҳои ночизе бо ҳамсараш муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст”.

Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбат ба дастгиршуда Содиқов Аминҷон маводи зарурӣ тартиб дода шуда, барои қабули қарори қонунӣ ба додгоҳи ноҳияи Сино ирсол карда шудааст. Милитсия шарҳ надодааст, ки Аминҷон Содиқовро ба чӣ айбдор мекунанд? Вале зоҳиран сухан дар бораи майдаавбошӣ меравад ва Содиқовро барои ин ҷарима ваё то 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button