АфғонистонВидеоДин ва боварҳоФарҳанг

“ФАТВО”-И ТОЛИБОН: КАСЕ КИ АЗ НАВРӮЗ ТАҶЛИЛ МЕКУНАД, АЗ ИСЛОМ ХОРИҶ МЕШАВАД

Вазорати амри маъруф ва наҳй аз мункари ҳукумати “Толибон” Наврӯзро аз “ҷашнҳои ғайриисломӣ” хонда эълон намуд, ки ҳеҷ касе дар Афғонистон набояд Наврӯзро ҷашн гирад.

Муҳаммадяҳё Ориф, яке мақомдорони ин вазорат дар як паёми видеоӣ гуфт, ки аз ҷониби ин вазорат мунташир гардид, таъкид мекунад, ки Наврӯз иди мусалмонҳо нест ва дар идома афзуд, ки “касоне, ки аз Наврӯз таҷлил мекунанд ва ба он эҳтиром мегузоранд, аз доираи Ислом хориҷ мешаванд”. Бо хондани оёту  аҳодис ва тафсири аз он, таъкид намуд, ки “Наврӯз иди маҷусиён аст ва иди ғайри мусалмон аст ва иди мушрикин аст”. Аз ин лиҳоз ба гуфтаи ин мансабдори гурӯҳи “Толибон”, мусалмонон бояд аз ҷашн гирифтани Наврӯз худдорӣ кунанд.

Ин ҳам дар ҳоле аст, ки бисёре аз уламои исломӣ дар Афғонистон ин нигоҳ ва тафсири “Толибон”-ро нисюат ба Наврӯз тундгароёна ва беасос медонанд.

Муҳаммад Муҳаққиқ, як пажӯҳишгари динӣ дар Афғонистон бар он назар аст, ки “чунин тафсир ба омӯзаҳои исломӣ дар бораи Наврӯз мувофиқ нест”. Оғои Муҳаққиқ бар он назар аст, ки “ҷашни Наврӯз мутаалиқ ба як қавм ва ё як минтақае нест. Ва он яке аз дастовардҳои тамаддуни инсонӣ аст”.

Муҳаққиқ дар сӯҳбат ба расонаҳои форсизабон гуфт, ки “ҳеҷ ҳукме дар Ислом дар таҳрим, яъне ҳаром щукм кардани Наврӯз вуҷуд надорад. Мутлақан дар Қуръони маҷид ҳеҷ чизе дар мавриди Наврӯз нест ва дар аҳодиси мӯътабари Набӣ ҳам ҳеҷ чизе нест”. Ӯ дар идома мегӯяд, ки “ривоёти заиф ва бархе фатвоҳое, ки вуҷуд доранд, дар натиҷаи кашмакашҳои сиёсӣ ва таърихӣ ба вуҷуд омадаанд”.

Дар ҳамин ҳол бо дарназардошти манъ намудани ҷашнгирии Наврӯз аз ҷониби “Толибон” иди Наврӯз дар Кобул дар як зиёратгоҳи шиаён таҷлил карда шуд. Аз сабаби он ки ин маҳал ба шиаён тааллуқ дошт, нерӯҳои “Толибон” монеи маросими ҷашни Наврӯз дар ин макон нашуданд.

Вале дар зиёратгоҳи мавсум ба “Равзаи Шариф” дар Мазори Шариф, маркази вилояти Балх, ки ҳамасола Наврӯз ба таври густурда ва расмӣ баргузор мешуд, имсол маросиме баргузор нашуд.

Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури фирории Афғонистон дар як паём Наврӯзро шодбош гуфта афзуд, ки ” “Толибон” Афғонистонро ба як кишвари фаромӯшшуда, танҳо, ақибмонда ва шадидан ноумед мубаддал кардаанд”.

Ҳамзамон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар як паём навишт, ки “Наврӯзи бостонӣ, ки ба растохези табиат аҷин аст ва решае дар умқи торих ва фарҳанги деринае дар ин ҳавза дорад…”

Ҳомид Карзай низ навишт, ки  “фаро расидани ҷашни анъанавии  Наврӯз ва оғози соли 1402-и ҳиҷрии хуршедиро ба тамоми ҳамватанони азиз табрик ва таҳният арз медорам…”.

Аҳмад Масъуд, роҳбари ҷабҳаи муқовимат дар паёме ба муносибати Наврӯз гуфт, ки “мамнуъияти Наврӯз талоши мазбуҳонаи “Толибон” барои зудудани фарҳангҳои кӯҳани мардум аст”. Масъуд дар идома шадидан аз “Толибон” интиқод намуда, бар идомаи муқовимат алайҳи ин гурӯҳ таъкид намуд. 

Қабл аз бозгашти “Толибон” ба сари ҳукуматии сиёсии Афғонистон Наврӯз ҳар сол дар аввали моҳи ҳамал, мутобиқ ба 20-21-уии моҳи март дар шаҳрҳои мухталифи Афғонистон ба шакли бошукӯҳ ва густарда ҷашн гирифта мешуд. Инчунин дар ин рӯзҳо таътили умумӣ низ эълон карда мешуд. Вале бо бозгашти худ “Толибон” таътили умумии наврӯзиро аз тақвими расмии Афғонистон ҳазф намуданд.

Соли гузашта, ки аввалин бор Наврӯз зери султаи нави Толибон таҷлил мешуд, сухангӯи “Толибон” ба расонаҳо гуфта буд, ки “ҳукумати “Толибон” монеи баргузории маросими Наврӯз аз сӯи мардум намешавад. Вале мо расман Наврӯзро таҷлил нахоҳем кард”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button