ВарзишВидеоДин ва боварҳо

ҶАМЪОВАРИИ КУМАК БАРОИ 4 КӮДАКИ ЯТИММОНДАИ ВАРЗИШГАРИ ҶАВОНМАРГИ ТОҶИК

Дар сомонаи Go Fund Me, яке аз бузургтарин пойгоҳҳои байналмилалии ҷамъоварии кумакҳо, ду рӯз боз барои фарзандони ятиммондаи размандаи 29-солаи ҷангҳои бидуни қоида (ММА) аз Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Саидов як маъракаи ҷамъоварии кумакҳоро ба роҳ андохтаанд. Муҳаммадалӣ Саидов рӯзи 18 марти соли 2023 бар асари ҷароҳате, ки ҳангоми машқ бардошт, аз олам чашм пӯшид. Аз ӯ 4 фарзанд ятим монд ва  ташаббускорони ҷамъоварии кумакҳо навиштаанд, ки мақсадашон кумак ба ҳамин 4 кӯдаки хурдсол аст, ки ягона саробони худро аз даст дода, дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрону ноумед мондаанд.

Тайи як рӯзи аввал барои кӯдакони ин варзишгари тоҷик алакай 10 ҳазору 700 доллар хайр кардаанд. Ҷамъоварии кумакҳо давом дорад ва агар Шумо низ мехоҳед, ки дар ин кори хайр саҳм бигиред, метавонед хайри худро тавассути ин сомона бифиристед:

https://www.gofundme.com/f/qhexh4-50000

Размандаи 29-солаи ҷангҳои бидуни қоида (ММА) аз Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Саидов, ки то ҳол ягон бор шикаст нахӯрда буд, бар асари ҳангоми машқ лат хӯрданаш дар Амрико ҷон бохт.

Бахши варзишии хабаргузории русии ТАСС рӯзи 18 марти соли 2023 бо такя ба  бошгоҳи Муҳаммадалӣ Саидов хабар дод, ки варзишгари тоҷик ҳангоми машқ ҷароҳати вазнин бардошт ва гирифтори хунрезии мағзӣ (кровоизлияние в мозг) гардид. Муҳаммадалӣ Саидов дар ҳолати кома (мадҳушӣ) қарор дошт ва тавассути дастгоҳи таъмини зиндагӣ нафас мекашид, вале рӯзи 18 март табибон гуфтаанд, ки мағзи сари паҳлавони тоҷик алакай мурдааст ва ӯро аз дастгоҳи таъмини зиндагӣ ҷудо карданд.

“Муҳаммадалӣ ҳангоми спарринг лат хӯрд ва дучори хунрезии мағзӣ гардид. То ҳол ҳаёти ӯро тавассути дастгоҳи таъмини зиндагӣ ҳифз мекарданд. Вале шаби 17 ба 18 март табибон гуфтанд, ки дигар коре аз дасташон намеояд ва дастгоҳро хомӯш карданд”, – хабар додааст ҳамсуҳбати ТАСС.

Муҳаммадалӣ Саидов соли 1994 дар Тоҷикистон ба дунё омада, қаблан ба варзиши ҷиу-ҷитсу машғул буд. Ахиран Муҳаммадалӣ ба ММА гузашт ва дар ин риштаи варзиш ду пирӯзӣ ба даст оварда, ягон бор мағлуб нашуда буд.

Мутаассифона, риштаи умри ин паҳлавони тоҷик ба чунин сурати фоҷиавӣ, бар асари ҷароҳати ҳангоми машқ бардоштааш канда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button