ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ҲАВОПАЙМОИ ХУҶАНД – ЖУКОВСКИЙ МАҶБУР ШУДААСТ, КИ ДАР САМАРА ФУРУД БИОЯД

Шаби 20 марти соли 2023 як ҳодисаи фавқулодда сабаби ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи шаҳри Самараи Русия нишастани ҳавопаймои мусофирбаре шуд, ки аз шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ба фурудгоҳи Жуковский дар канори шаҳри Маскав парвоз мкекард. 

Телеграм-канали AVIAINCIDENT хабар дод, ки бемор шудани як мусофир боис шудааст, ки ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии” дар ними роҳ дар фурудгоҳи “Курумоч” фуруд биояд.

Бино ба ин манбаъ, соати 21:51 ба вақти Самара (20:51 ба вақти Маскав ва 22:51 ба вақти Тоҷикистон) ба далели бемор шудани яке аз мусофирон экипажи ҳавопаймо ба хулосае омад, ки то Жуковский рафта наметавонад ва бояд дар ягон фурудгоҳи наздиктарин пойин шавад.  Соати 20:56, вақте ки ҳавопаймо дар минтақаи масъулияти Маркази диспетчерии Самара қарор дошт, экипаж барои фуруди изтирорӣ дар фурудгоҳи “Курумоч” иҷозат хост ва  ҳамчунин хостори даъвати мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба майдони ҳавоӣ шуд.

Ҳавопаймо соати 22:17 ба вақти Самара бомуваффақият дар фурудгоҳ нишаст. Мошини “Ёрии таъҷилӣ” алакай дар майдони ҳавоӣ буд ва мусофири маризро ба бемористон бурд.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ин парвоз дар ниҳоят ба худӣ ба анҷом расид ва экипажи ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии” мусофирони боқимондаи худро аз Самара то ба Жуковский расонда, рӯзи 21 март аз инҷо боз ба Тоҷикистон парвоз кардааст, вале ин дафъа ба пойтахти ин кишвар, шаҳри Душанбе.

Ин ҳодиса дар ҳолест, ки дар ин шабурӯз мавсими нави ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтани шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳоли авҷ гирифтан аст ва талабот ба чиптаҳои парвоз аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия хеле боло рафтааст.

Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба мардикорӣ ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button