ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

БОЗДОШТИ САРКАРДАИ ЯК ДАСТАИ ҶИНОЯТӢ АЗ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСКАВ

Комилҷон Қулбошев, шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми ташкил ва роҳбарии банда ё  дастаи ҷиноятӣ тавассути Интерпол таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, алакай баъди чанд рӯзи эълони ҷустуҷӯяш дар ҷануби шаҳри Маскав, пойтахти Русия дар як ҳостел дар канори дарёи Маскав дастгир шудааст. Дар ин бора рӯзи 21 марти соли 2023 РЕН ТВ хабар дод. Бино ба иттилои ин нашрияи Русия, ин зодаи вилояти Хатлон дар Тоҷикистон як дастаи ҷиноятиро ташкил ва раҳбарӣ мекард, вале моҳи марти соли 2023 ба Русия фирор кардааст.

“Комилжон Қулбошев 1 март ба Русия омад. Тоҷикистон ба дунбол ӯро тавассути Интерпол таҳти ҷустуҷӯ қарор дод “, – хабар додааст манбаи РЕН ТВ.

Маълум шудааст, ки Комилҷон Қулбошев вақтҳои охир дар ҳостел дар соҳили Павелетская  дар паҳлуи дарёи Маскав ба сар мебурдааст. Шоми 20 март кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ин ҳостел омада, ӯро дастгир карданд.

Тафсилоти дигари парвандаи Қулбошев дастрас нест. Маълум нест, ки дастаи ҷинояти таҳти раҳбарии ӯ кай ва чӣ гуна ташкил шуда, аз чанд нафар иборат буд ва аъзои ин даста ва худи Қулбошев ба даст доштан дар чӣ амалҳои ҷиноятӣ айбдор мешаванд?

Дар ҳоли ҳозир Қулбошев дар ҳабс қарор дорад ва бояд нисбат ба вай раванди истирдод ё экстрадитсия шурӯъ шавад.

Тибқи қонунгузорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бояд акнун ташаббускори ҷустуҷӯи Қулбошев  – ҳамкорони худ аз Тоҷикистонро дар мавриди боздошт шудани нафари таҳти ҷустуҷӯ хабардор карда, дар бораи парвандаи ӯ тафсилоту далелҳои бештар талаб кунанд. Бар асоси далелҳое, ки ҷониби Тоҷикистон ироа мекунад, мақомоти додситонии Русия баъдан тасмим мегиранд, ки оё дархости Душанберо қонеъ сохта, нафари ҷустуҷӯшавандаро ба Тоҷикистон бидиҳанд ё на?

Вале дар солҳои охир мақомоти Русия тақрибан ягон дархости мақомоти Тоҷикистон барои боздошт ва истирдоди нафарони таҳти таъқибро рад накардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button