ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАМЛА БА РОНАНДАИ “РАХШ ТАКСИ” ДАР СОАТИ СЕЮНИМИ ШАБ ВА ДУЗДИИ ПУЛУ ТЕЛЕФОН ДАР ХАТСАЙРИ №15

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 20.03.2023

Дастгир гардидани ду ҷавон бо ҷурми ғоратгарӣ

062

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур, ронандаи ширкати «Рахш Такси» ворид гардидааст, ки 19-уми марти соли 2023, тахминан соати 03:30-дақиқа, 2 нафар шахси номаълум ба автомашинааш нишаста, ҳангоми ба кӯчаи Ҷ.Расулови пойтахт расидан ҳаққи роҳкиро 50 сомониро надода, бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ телефони мобилиаш тамғаи «Самсунг А-02»-ро, ки арзишаш 1000 сомонӣ мебошад, кашида гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа, ба ҷабрдида 1 ҳазору 50 сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 21 ва 22-солаи сокинони ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани дуздӣ дар хатсайри №15

084

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 18-уми марти соли 2023, тахминан соати 07:30-дақиқа, ҳангоми дар дохили мусофирбари хатсайри №15 қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби шимаш 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг С-9» ва 300 сомониашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани силсилақаллобиҳо

146

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 3-юми феврали соли 2023, тахминан соати 15:00, дар кӯчаи Н.Махсуми пойтахт, марди 34-солаи сокини ҳамин ноҳия, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», ки арзишаш 175 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати 2 рӯз бармегардонад, аммо номбурда автомашинаи мазкурро ба маблағи 80 ҳазор сомони фурӯхта, маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин, номбурда 4-уми феврали соли 2023, тахминан соати 15:00, дар маҳаллаи Испечак, бо роҳи фиреб ба боварии ҷабрдида даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус РХ-350», ки арзишаш 160 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта, ваъда додааст, ки автомашинаи мазкурро ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ фурӯхта маблағашро бармегардонад, аммо номбурда автомашинаи мазкурро ба маблағи 90 ҳазор сомонӣ фурӯхта маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар шаҳри Кулоб аризаи зани 36-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки аз соли 2020 то 20-уми январи соли 2023, зани 26-солаи сокини ҳамин шаҳр, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва маблағҳои пулиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Дар натиҷа, ба ҷабрдида ҷамъ ба маблағи 627 ҳазор сомонӣ зарари махсусан калони молу мулкӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 29-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш соли 2021 бо моддаи 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, оғоз карда шудааст.
Номбурда, 23-юми январи соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии зани 43-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, бо баҳонаи бародарашро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудан аз ӯ 50 ҳазор сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 54-солаи сокини шаҳри Турсунзода, оғоз карда шудааст.
Номбурда, моҳи декабри соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии зани 44-солаи шаҳрванди Федератсия Россия даромада, хонаи истиқоматии марҳум модараш, воқеъ дар шаҳри Хуҷандро ба маблағи 262 ҳазор сомонӣ фурӯхта, 180 ҳазор сомониро ба охирон интиқол дода, боқимонда 82 ҳазор сомониро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button