ВидеоҶомеа

РОНАНДАИ ТРОЛЛЕЙБУСРО БАРОИ ДАҒАЛӢ НИСБАТ БА МУСОФИРИ НОБИНО АЗ КОР РОНДАНД

Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон”, ки масъулияти таъмини фаъолияти нақлиёти ҷамъиятиро дар пойтахти Тоҷикистон бар уҳда дорад, рӯзи 16 марти соли 2023 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки як ронандаи троллейбусро барои паст задани шаъну эътибори як духтари  нобино аз кор ронданд. Шикояти Шаъмигул Муҳсинова, модари ин духтар рӯзи 15 март дар Фейсбук нашр шуд. Ӯ навишта буд, ки ронандаи троллейбус бо вуҷуди онки духтараш дар даст ҳуҷҷати маъюбӣ дошт, нисбат ба ӯ рафтори дағал карда, духтарашро бо лаҳни бад суханони носазо гуфтааст.

МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон”, ки маъмулан ба шикоятҳои сокинону меҳмонони пойтахт ба сурати фаврӣ вокуниш мекунад,  навишт, бо вуҷуди пешравиҳои зиёд дар самти  баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёт дар пойтахт, боз ҳам ҳастанд ронандагоне, ки ҳангоми фаъолияти мусофирбари дидаву дониста ба камбудиҳо роҳ дода норозигии мусофиронро дар ин самт ба миён меоранд.

Аз ҷумла, афзудааст муассиса, санаи 15 марти соли 2023 тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, шикояти шаҳрванд Шаъмигул Муҳсинова доир ба дағалона рафтор намудани ронандаи хатсайри троллейбусии №4 нисбат ба мусофир-зани имконияташ маҳдудбуда (нобино) интишор гардида, сару садоҳои зиёдеро нисбат ба хизматрасонии нақлиёти мусофирбари пойтахт ба миён овард.

Тибқи супориши шаҳрдории Душанбе шикояти мазкур фавран мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дода шуда, аз ҷониби роҳбарияти ККВД “Троллейбус” бино бар сабаби дағалона рафтор намудан нисбат ба мусофири нобино санаи 16 марти соли 2023 ронандаи хатсайри троллейбусии №4, рақами қайди давлатиаш 2002, Бобохонов Суннатуло Раҳматуллоевич аз кор озод карда шуда, ҳамзамон барои хунукназарӣ дар иҷрои вазифаҳояш нисбати Сардори муассисаи №2-и ККВД “Троллейбус” Ҷалилзода Мероҷ Раҷабалӣ ҷазои интизомӣ дар намуди “танбеҳ” дода шуд. Инчунин, Раҳмонов Фирдавс аз вазифаи сардори шуъбаи истифодабарии муассисаи №2-и ККВД “Троллейбус” озод ва ба вазифаи пасттари муҳандиси шуъбаи истифодабарии муассисаи №2-и ККВД “Троллейбус” гузаронида шуд.

МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон” таъкид кардааст, ки масъулини соҳаи нақлиёти мусофирбари пойтахт баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонии нақлиёти ба мусофирон ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти дар пойтахт тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button