ВидеоИқтисод

БОНКҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЯК СОЛ БЕШ АЗ ЯК МИЛЛИАРД СОМОНӢ ФОИДА ГИРИФТААНД

Даромади бонкҳои Тоҷикистон дар як соли охир ёздаҳ дарсад афзуда, ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расидааст. Баъзе аз ин бонкҳоро ба пайвандони раисҷумҳур ва ё шахсони наздик ба хонаводааш вобаста медонанд.

Бино ба омори сомонаи Бонки миллӣ, “Душанбе Сити Бонк”, бозигари нисбатан ҷавон дар бозори молии Тоҷикистон, соли гузашта ҳудуди 150 миллион сомонӣ фоида гирифтааст.

70дарсади саҳмияи бонк ба “Авесто Гурӯҳ” тааллуқ дорад. Мудири ширкати “Авесто Гурӯҳ” Муҳаммад Мирзоро аз шахсони наздик ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президенти Тоҷикистон, ном мебаранд. Ин гурӯҳ соли 2016 таъсис ёфта, то имрӯз соҳаҳои зиёдеро зери даст дорад. Аз тавлиди оби “Сиёма” гирифта, то истеҳсоли мусофирбар ва пардохти ҳаққи роҳкиро ба воситаи кортҳои пластикӣ дар Душанбе ва Хуҷанд.

“Ориёнбонк”, ки раёсаташро додарарӯси президент Ҳасан Асадуллозода ба уҳда дорад ва муовини ӯ духтари раисҷумҳур Зарина Раҳмон аст, дар соли гузашта беш аз 98 миллион сомонӣ фоидаи соф гирифтааст. Дар муқоиса ба соли 2021-ум 30 миллион сомонӣ камтар.

“Бонки Байнулмилалии Тоҷикистон”, ки саҳмияҳояш ба номи “Тоҷик Кайтеринг Сервис” ва Шералӣ Холов сабт шудаанд, даромадашро дар соли гузашта 92,5 миллион сомонӣ ҳисоб кардааст. Бонки Байнулмилалии Тоҷикистон молики чанд ширкати дигар, аз ҷумла “Стандарт-Иҷора” ва “Стандарт Бима” аст. Ҳаммуассиси ин ду ширкат Гулов Ҷамшед Шералиевич номбар шудаааст. Бар асоси маълумоти расонаҳои наздик ба мухолифон, аз ҷумла “Паём” ва “Ислоҳ”, ӯ бародари Ашраф Гулов, яке аз домодҳои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Туркия аст.

“Коммерсбонки Тоҷикистон” гуфтааст, дар соли гузашта беш аз 43 миллион сомонӣ суд бардошт. Ба маълумоти Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон, ширкати “Фароз”, ки ба Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои президент пайванд медиҳанд, молики “Коммерсбонки Тоҷикистон” аст.

“Спитамен Бонк”, ки молики сад дарсадии саҳмияҳояшро “Спитамен Суғурта” муаррифӣ мекунад, ба Бонки Миллии Тоҷикистон фоидаи софашро дар соли гузашта зиёда аз 27 миллион сомонӣ гузориш дода. Ин бонкро дар гузашта ба Ҷамолиддин Нуралиев, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, вобаста медонистанд. Худаш сарудсадоро дар ин замина рад кард.

Бар асоси омори Бонки миллӣ, фоидаи софи “Эсхата” ба зиёда аз 317 миллион сомонӣ расида. Ин нишондоди баландтарин дар миёни бонкҳои ҷумҳурӣ аст.

Фоидаи солонаи Аввалин бонки молиявии хурд беш аз 39 миллион сомониро ташкил додааст. Тақрибан 84 дарсади саҳмияҳои ин бонк ба сохторҳои Бунёди Оқохон вобаста аст. Бонки давлатии Тоҷикистон “Амонатбонк” 101,6 миллион сомонӣ ва “Саноатсодиротбонк” 35,6 миллион сомонӣ суд гирифтаанд.

“Алифбонк” фоидаи софашро ба 42,6 миллион сомонӣ расондааст. Дар Бонки Миллӣ соҳиби 100-дарсадии саҳмияҳои онро “Alif Capital Holdings limited” муаррифӣ кардаанд. Дар пойгоҳҳои иқтисодии хориҷӣ яке аз мудирони ҳолдинг соҳибкор, Ҳофиз Шаҳидӣ, нишон дода шудааст.

Ягона бонке, ки соли гузашта бо тақрибан 1 миллион сомонӣ зиён корашро поён дод, “Халиқ Бонк Тоҷикистон” будааст. Онро қаблан “Бонки Байнулмилалии Тоҷикистон” аз молики қазоқистонияш харид.

Амони Асрор, таҳлилгари иқтисодӣ, ки таҷрибаи кор дар яке аз бонкҳои низомсозро дошту феълан берун аз кишвар аст, мегӯяд, “тавре ба назар мерасад, дар бозори бонкии Тоҷикистон ҳанӯз рақобати солим шакл нагирифтааст”. Вай бо таваҷҷуҳ ба омори охир гуфт, “муваффақияти бонкҳо аз молики он бештар вобаста аст, ки то чӣ ҳад ба шахсони таъсиргузор дар ҳукумати Тоҷикистон робита доранд.”

Амони Асрор сабабҳои эҳтимолии афзудани фоидаи бонкҳоро дар Тоҷикистон чунин баршумурд: “Аз як сӯ, дар соли охир қурби сомонӣ дар баробари доллар афзоиш ёфт. Ин дар таърихи истиқлол падидаи нодир буд. Аз сӯйи дигар, қурби рубл боло рафт ва аксар муҳоҷирон рубл аз Русия рубл мефиристанд ва бонкҳо аз ин суди хубе мебардоранд. Бо вуҷуди боло рафтани қурби сомонӣ баҳраи қарзи бонкҳо кам нашуд ва, албатта, ин омил ҳам боис ба афзоиши даромади бонкҳо гардид.”

 Дар Тоҷикистон 15 бонк фаъол аст. Ба иттилои Бонки Миллӣ, 20 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 ташкилоти қарзии хурд ва 26 фонди қарзии хурд низ ҳастанд. Дар ҳафт соли охир дар Тоҷикистон камаш чаҳор бонки бузург, аз ҷумла ду бонки низомсози “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” муфлис эълон шудаанд. Тасмиме, ки бовари сокинонро ба бонкҳо кам кард ва пасандозҳои мардумро ба дохили болиштҳо баргардонд.

Манбаъ: Радиои Озодӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button