ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲодиса

БОЗ ЧОР ЗАМИНЛАРЗА ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОНРО ЛАРЗОНД

Тайи камтар аз як шабонарӯзи охир – аз шаби 11 март то давоми рӯзи 12 март – дар Тоҷикистону Афғонистони ҳамсояаш 4 заминларзаи шиддаташон аз 4,3 то 4, 7 балл тибқи ҷадвали Рихтер рух доданд. Марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ, аз ҷумла пойгоҳи earthquaketrack.com, ки заминларзаҳои  рухдода дар саросари сайёраро лаҳза ба лаҳза пайгирӣ мекунад, хабар доданд, ки ду заминларзаи аввал бо иқтидори 4,3 ва 4,7 бал бо марказҳояшон дар ноҳияҳои Фархор ва Рустоқи вилояти Тахори Афғонистон соати 23:24 шаби 1 м арт ва соати 04:41 субҳи 12 март сабт шуданд. Ду заминларзаи дигар нимаи дуюми рӯзи 12 март рух доданд: соати 14:32 заминларзае бо иқтидори 4,3 балл бо марказаш дар 90километри ғарби Мурғоб дар наздики кӯли Сарез рух дод ва заминларзаи охир соати 16:3 бо иқтидори 4,6 балл бо марказаш дар ноҳияи Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон.

Дар бораи кадом қурбонӣ ё хисороте бар асари ин офатҳои табиӣ дар шимол ва шимолу шарқи Афғонистон ва ҷануб ва шарқи Тоҷикистон ҳанӯз гузориш нашудаст.

Ёдовар мешавем, субҳи 9 март дар минтақаи Мурғоб, дар наздикии кӯли Сарез ду заминларзаи шиддаташон 4,5 балл рух дода, дар даҳаи охири моҳи гузашта – рӯзҳои 23 ва 28 феврал – дар наздикии кӯли Сарез 12 заминларзаи иқтидорашон аз 3,8 то 7,3 балл сабт шуда буд. Хушбахтона, он офатҳо низ ягон талафоту хисорот дар пай надошт.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ  дар як шабонарӯзи охир дар қаламрави Тоҷикистон 4 заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёд,  дар як ҳафтаи охир 12 заминларза, дар як моҳи охир 40 заминларза ва дар як соли охир 227 (!!!) заминларзаро сабт кардаанд. Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи кишвар, дар қаламрави вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух додаанд.

Ёдовар мешавем, 10 июли соли 2021 бар асари заминларза дар водии Рашт (Қаротегин) дар шарқи Тоҷикистон 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод, аксаран кӯдакон, ба ҳалокат расида, дар ин ноҳия ва ноҳияи Рашт беш аз 200 хона хароб шуданд.

Дар пайи заминларзаҳои пурқурбонию харобиовар дар Туркияву Сурия, ки дар аввали моҳи феврали соли 2023 боиси ҳалокати беш аз 50 ҳазор нафар ва фурӯ рехтани садҳо бино, аз ҷумла биноҳои навбунёд гардид, бисёриҳо то куҷо ба чунин заминларзаҳо сахт тобовар будани хонаҳои бисёрқабатаи солҳои ахир сохташуда дар шаҳрҳои Тоҷикистонро зери шубҳа қарор доданд. Бо дарназардошти сатҳи коррупсия дар кишвар  кам касе ба ин итминони мақомот, ки мегуфтанд, биноҳои Тоҷикистон ба заминларзаи иқтидораш то 9 балл тобоваранд, бовар кард. Бисёриҳо аз ҷумла биноҳои сохтаи раиси Хадамоти алоқа Бег Сабурро мисол меоварданд, ки бар хилофи оддитарин меъёрҳои шаҳрсозӣ  бо маҳсулоти пастсифат сохта шудаанд.

Дар пайи сарусадои зиёд дар ҷомиа Кумитаи сохтмон ва меъмории ҳукумати Тоҷикистон аз “комиссия оид ба омӯзиш, таҳлил, баҳодиҳии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бино ва иншоотҳои ба истифода додашуда дар давраи солҳои 2018-2022 ва сохтмонашон идомадошта дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд” таъсис дод.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ рӯзи 15 феврали соли 2023 дар мавриди таъсиси гуруҳи корӣ “ҷиҳати омӯзиш, таҳлил ва баҳодиҳии эҳтимолияти рух додани заминларзаи шадид дар шаҳри Душанбе ва устувории воқеии иншоот ва биноҳои истиқоматии бисёрқабатаи ба истифода дода шуда ва сохтмонашон идомадоштаи пойтахт” амри вижае содир кардааст.

Ин комиссия бояд сифати сохтмонҳои аз соли 2018 ба ин тараф сохташуда ва сохтмонҳои нотамомро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар санҷида, то 10 март дар бораи натиҷаи кори худ маълумотнома пешниҳод мекард. Аксари ин биноҳое, ки дубора таҳти санҷиш қарор мегиранд, аз ҷумла бисёре аз биноҳои сохтаи Бег Сабур, дар вақташ имзоҳои комиссияҳои қабулро ба даст овардаанд ва дар бисёраш алакай мардум зиндагӣ доранд.

То ҳол дар бораи натиҷаи кори ин комиссия ҳисоботи расмие нашр нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Академик, олим, нобиға, профессор, доктор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадпури Ҳамадонӣ гуяд:

    Як зилзилаи ақлӣ лозим дорем. Халқи тоҷик ҳамаи узвҳои баданашро истифода мебарад, ба кор мебарад, ба ғайр аз ақл. Ақлу шууррамонро ба кор намебарем. Агар касе ҳам ба кор барад, ақли хасакӣ, андешаи кӯтоҳ, масалан: “обро лой бикун, моҳиро бигир”! Ин ақли хасакӣ аст, умри ин ақл кӯтоҳ аст. Як зилзилаи шаддиди ақлӣ ва зеҳнӣ ниёз дорем. Андешаи тоҷикон бозсозӣ нашудааст, ашёҳои моддии зиндагиямонро бозсозӣ мекунем (онҳое, ки пулу мол доранд, хонаи нав месозанд, мошини нав мехаранд, телефону компютеру соату дигару дигар), аммо ақлу ҳушу дарку зеҳну шууру фаҳмишу донишу маҳорату малакаамонро такмилу таҷдиду бозсозӣ намекунем. Ҳатто, давлат ҳам аз гузаштагон таърифу тамҷиду таҷлил мекунад, аммо ягон барномае, ягон ғояе барои бозсозии насли имрӯзу оянда надорад. Сӣ сол аст эмомалӣ мегӯяд: ҷавонон-ояндаи миллатанд! Ин шиор бештар ба хотири қарзҳое аст, ки аз чину ғайри чин ба номи миллат гирифтаанд, ҷавонони ояндаи миллат бояд қарз пардохт намоянд. Ваилло, агар ҷавонон ояндаи миллат бошанд, чаро аз хидмати ҳарбӣ мегурезанд? Амрикову аврупо ҳар сол зилзилаи зеҳнӣ ва ақлӣ ташкил мекунанд, чӣ қадар пешрафта шудаанд, ҷопон як аср аз мо пеш зиндагӣ мекунанд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button