ВидеоКоррупсия

ПАРВАНДАИ МУОВИНИ МУДИРИ МАКТАБИ №35 БАРОИ ЯК АТТЕСТАТ ВА ТАСАРРУФИ ЁРИҲОИ СОЗМОНИ МИЛАЛ

Додгоҳи ноҳияи Хуросон муовини мудири мактаби миёнаи №35-и ноҳияи Вахш Сайдалӣ Давлатовро  бо ҷурми ғайриқонунӣ ба як духтари синфи 9 додани “номаи камол”, ё аттестати хатми синфи 9 ва тасарруфи маҳсулоти хӯрокворие, ки аз ҷониб як барномаи Созмони Милал барои хонандагони мактаб ҷудо шуда буд, ба андозаи 25 ҳазору 600 сомонӣ  (наздики 2400 доллар) ба фоидаи давлат ҷарима бастааст.

Худи Давлатов барои шарҳи қазия дастрас нест, вале маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 6 марти соли 2023 дар шарҳи ин парванда гуфт: “Давлатов Сайдалӣ Сунатуллоевич, аз 8 июни соли 2022 дар вазифаи муовини директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Вахш кор карда, ғайриқонунӣ дидаю дониста, ки Ҳабибзода Шукрона Умаралӣ, санаи таваллудаш 09.05.2006 дар синфи 6, 7 ва 8 умуман таҳсил накарда, танҳо аз 1 январи соли 2022 ба синфи 9 рафта, таҳсил намудааст, 20 июли соли 2022 бо роҳи сохтакорӣ баҳои азхуднакардаи хонандаро қалбакӣ гузошта, ба Ҳабибзода Ш.У. аттестати силсилаи Т-АТА таҳти №1421445 дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ навишта додааст”.

Ғайр аз ин, меафзояд додситонӣ, “Давлатов аз 19.08.2021 ҳамчун шахси мутасаддӣ оид ба тақсимоти маводи хӯрокаи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар МТМУ №35-и ноҳияи Вахш кор карда, дар давраи соли хониши 2021-2022 молу маҳсулоти хӯрокаро ба маблағи 3148,67 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 26 731,67 сомониро аз они худ карда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст”.

Тибқи лоиҳа, ёриҳои Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милал бояд барои таъмини хӯроки гарм барои хонандагони мактабҳои Тоҷикистон харҷ мешуд.

Додситони вилояти Хатлон нисбати Давлатов С.С. бар асоси моддаҳои 245, қисми 2, банди “г” ва 323, қисми 1-и ҚҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ ба додгоҳи ноҳияи Хуросон ирсол карда буд. Додгоҳ бо ҳукми худ аз 20 январи соли 2023  муовини мудири мактаби №35-и ноҳияи Вахш Сайдалӣ Давлатовро бар асоси ин ду банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: моддаи 245, қисми 2 (аз они худ кардан) ва моддаи 323, қисми 1 (сохтакорӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ) гунаҳкор шинохт ва ба маблағи 25 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима баст.

Соҳаи маорифи Тоҷикистон яке аз соҳаҳои аз ҳама фасодзада дар ин кишвар номбар мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button