Рӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

АЗ 4,6 ТО 6,8 БАЛЛ!!! ТОҶИКИСТОНРО ЯКБОРА 6 ЗАМИНЛАРЗАИ САХТ ТАКОН ДОДААСТ

Субҳи 23 феврали соли 2023 қaламрави Тоҷикистонро чанд заминларзаи сангин такон дод.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 23-уми феврал, соатҳои 05:37 ва соати 05:55 (ду маротиба) дар  қаламрави ҷумҳурӣ заминларза рух додааст.

Бино ба ин манбаъ, маркази заминларза  дар 400-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 65-километрии шарқи маркази ноҳияи Мурғоб дар ҳудуди кӯли Сарез ҷойгир шуда, қувваи заминларзаи аввал дар маркази он  тибқи ҷадвали Рихтер 5 балл буд ва қувваи заминларзаи дуюм дар маказаш 4 баллро ташкил дод.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, хушбахтона, ин заминларзаҳо талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт.

Дар ҳамин ҳол, марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ, аз ҷумла пойгоҳи earthquaketrack.com, ки ҳар заминларзаи дар саросари сайёра рухдодаро лаҳза ба лаҳза пайгирӣ мекунад, хабар доданд, ки субҳи  23 феврал аз соати 05:37 то 07:18 дар қаламрави Тоҷикистон, дар наздикии марзи ин кишвар бо Чин 6 заминларзаи сангин рух дода, иқтидори заминларзаи аввал, ки соати 05:37 рух дод,  дар марказаш ноҳияи Мурғоби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 6,8 балл (!!!) будааст. Марказҳои зилзиланигорӣ иқтидори 5 заминларзаи дигарро аз 4,6 то 5 балл баровард мекунанд.  Маркази ин 5 заминларзаи дигар низ дар наздикии Мурғоб гуфта мешавад.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ  дар як шабонарӯзи охир дар қаламрави Тоҷикистон 7 заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёд,  дар як ҳафтаи охир 10 заминларза, дар як моҳи охир 24 заминларза ва дар як соли охир 206 заминларзаро сабт кардаанд.

Ёдовар мешавем, 10 июли соли 2021 бар асари заминларза дар водии Рашт (Қаротегин) дар шарқи Тоҷикистон 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод, аксаран кӯдакон, ба ҳалокат расида, дар ин ноҳия ва ноҳияи Рашт беш аз 200 хона хароб шуданд.

Дар пайи сарусадои зиёд дар ҷомиа раиси  Кумитаи сохтмон ва меъмории ҳукумати Тоҷикистон Низом Мирзозода рӯзи 16 феврали соли 2023 ба фармоише имзо гузошт, ки тибқи он “комиссия оид ба омӯзиш, таҳлил, баҳодиҳии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бино ва иншоотҳои ба истифода додашуда дар давраи солҳои 2018-2022 ва сохтмонашон идомадошта дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд” таъсис дода мешавад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ рӯзи 15 феврали соли 2023 дар мавриди таъсиси гуруҳи корӣ “ҷиҳати омӯзиш, таҳлил ва баҳодиҳии эҳтимолияти рух додани заминларзаи шадид дар шаҳри Душанбе ва устувории воқеии иншоот ва биноҳои истиқоматии бисёрқабатаи ба истифода дода шуда ва сохтмонашон идомадоштаи пойтахт” амри вижае содир кардааст.

Аъзои ин комиссияву гуруҳҳои корӣ вазифадор карда шудаанд, ки сифати сохтмонҳои аз соли 2018 ба ин тараф сохташуда ва сохтмонҳои нотамомро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар санҷида, то 10 март дар бораи натиҷаи кори худ маълумотнома пешниҳод кунанд.

Аксари ин биноҳое, ки дубора таҳти санҷиш қарор мегиранд, аз ҷумла бисёре аз биноҳои сохтаи Бег Сабур, дар вақташ имзоҳои комиссияҳои қабулро ба даст овардаанд ва дар бисёраш алакай мардум зиндагӣ доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button