ВарзишВидео

ИСМОИЛИ НАБЕРАИ ПРЕЗИДЕНТ САРПАРАСТИИ ДУ ЧЕМПИОНИ ЯТИМРО БА ДӮШ ГИРИФТ

Исмоили Муҳаммадзоҳир, набераи калонии президенти Тоҷикистон ва президенти Федератсияи гуштини дзюдои ҷумҳурӣ, бо нашри як номаи таслият дар робита бм даргузашти Авазхӯҷа Давлатов, сарпарастии ду фарзанди ӯ Мӯнис ва Абӯбакр Давлатовро, ки аз умедҳои варзиши тоҷик ба шумор мераванд, барои умрбод ба дӯши худ гирифтааст.

Дар ин номаи таслият, ки Исмоили Муҳаммадзоҳир менависад: “Мо ҳама аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бармегардем. Дар ин мусибат ҳамдарди шумоям. Аз даст додани падар дар ҳар синну сол мусбати вазнин аст Мо падари Шуморо ҳамеша ҳамчун марди ҷасуру меҳрубон дар ёд хоҳем дошт. Баробари шумо андӯҳгинем. Тавре ки ман ба падари шумо ваъда дода будам, то охири умри худ сарпарасти шумо хоҳам шуд. Бидонед, ки ман ҳамеша дар каноратон ҳастам. Аз силаи раҳми Худованд ҳеҷ гоҳ ноумед нашавед!”

Авазхӯҷа Давлатов, ки дар телевизиони Тоҷикистон кор мекард, ҳафтаи гузашта аз олам чашм пӯшид. Дар бораи иллати марги ӯ чизе гуфта нашудааст.

Авазхӯҷа Давлатов барои тарбияи фарзандонаш заҳмати зиёд ба харҷ дода буд ва фарзандонаш Мӯнис ва Абӯбакр Давлатовҳо бо онки ҳамагӣ 8 ва 9 сол доранд, яке дар мусобиқаҳои байналмилалии ҷиу ҷитсу 66 медалӣ ва дуюмӣ 59 медал ба даст овардаанд ва аз ҳоло онҳоро ситораҳои ояндадори ин навъи варзиш ном мебаранд.

Исмоили Муҳаммадзоҳир, набераи калонии президенти Тоҷикистон аз духтари калониаш Фирӯза Раҳмонова ва домоди якумаш Муҳаммадзоҳир (Зоир) Соҳибов буда,  ширкати тиҷоратии “IM Group” ва ҳамчунин толори варзишии “Ҳоҷӣ Шариф”-ро мечархонад. Ӯ қаблан бо ҳам бо корҳои хайри худ ва сарпарастии як теъдод аз варзишгарон ва ҳунармандони тоҷик маъруф шуда буд. Дар поёни соли 2022 Исмоили Муҳаммадзоҳир ба ҷои Нурулло Лоиқов президенти Федератсияи гуштини дзюдои  Тоҷикистон интихоб карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button