ВидеоИлму фанноварӣМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ОЛИМИ ҶАВОНИ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН БИЖАН ШАРОПОВ, КИ АЗ ТАРАФИ УКРАИНА МЕҶАНГИД, КУШТА ШУДААСТ

Рӯзи 8 феврал соли 2023 маълум шуд, ки олими ҷавони ояндадори биолог, корманди илмии Пажуҳишгоҳи физиологияи ба номи Бобомолетси Академияи миллии илмҳои Украина Бижан Шаропов, ки ҳамагӣ 34 сол дошт ва зодаи шаҳри Душанбеи Тоҷикистон буд, дар ҷангҳо ба зидди артиши Русия кушта шудааст. Ӯ дар поёни моҳи феврали соли 2022, баробари шурӯи ҳамлаи Русия, ба ҷанг рафт ва дар озод кардани вилояти Киев иштирок карда, моҳи апрели соли 2022 дар канори шаҳри Изюми вилояти Харков беномунишон шуд. Танҳо бо гузашти 10 моҳ дар натиҷаи ташхиси ДНК маълум карданд, ки ӯ дар ҷангҳо барои Изюм кушта шудааст.

Бижан Шаропов ба ин тартиб,  нахустин зодаи Тоҷикистон аз тарафи Украина аст, ки хабари кушта шуданаш дар ҷангҳо ба зидди артиши Русия расонаӣ мешавад. То кунун асосан аз кушта шудани тоҷикҳое, ки аз тарафи Русия меҷангиданд, хабарҳо ба даст мерасид.

Хабари марги Бижан Шароповро рӯзи 8 феврали соли 2023 Пажуҳишгоҳи физиологияи ба номи Бобомолетс дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард.

 “Имрӯз маълум шуд, ки Бижан ба ҳалокат расидааст. Ҷасур буд, зиндагиро дӯст медошт, ҷавон буд… Раиси Шӯрои олимони ҷавон, корманди илмӣ, ҳомии Ватан, дӯст, фарзанд.. Ба наздикон ва ҳамкоронаш изҳори ҳамдардӣ мекунем. Ин барои аҳли пажуҳишгоҳ ва наздиконаш як талафоти ҷуброннопазир аст. Равонат шод бод”— гуфта мешавад дар номаи таслияти Пажуҳишгоҳи физиология.

https://www.facebook.com/photo/?fbid=637532665047813&set=a.501388438662237

Бижан Шаропов соли 1989 дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 1995, вақте ки ӯ ҳамагӣ 6 сол дошт, хонаводаи онҳо ба Киев кӯчид ва Бижан дар пойтахти УКраина ба воя расид. Ӯ дар бахши биологияи риштаи табиатшиносии донишгоҳи миллии “Академияи Киев ва Моҳиляна” (НаУКМА) таҳсил кардааст. 

Бижан Шаропов дар эътирозҳои соли 2014, ки бо суқути режими Виктор Янукович иштирок кард ва сипас, тайи солҳои 2014 ва 2015 дар ҳайъати баталёни ихтиёриёни “Айдар” дар ҳудуди вилояти Луҳанск ба зидди ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия ҷангид. 

Соли 2016 аз ҷабҳа баргашта, ширкати хусусии биотехнологиро таъсис дода, соли 2019 рисолаи номзадиашро ҳимоят кард вадр Пажуҳишгоҳи физиологияи ба номи Богомолется ба фаъолияти илмӣ пардохт. Бижан Шаропов ҳамчунин раҳбарии Шӯрои олимони ҷавони ин маркази илмиро бар дӯш дошт, дар масоили илмӣ маърӯзаҳо мекард ва дар каналҳои радиоӣ  мақолаҳои илмию оммавӣ нашр мекард.

Дар моҳи феврали соли 2022, дар пайи ҳамлаи Русия ба хоки Украина, Бижан Шаропов ихтиёран ба ҷанг рафт ва дар озод кардани вилояти Киев иштирок дошт. Моҳи апрели соли 2022 ӯ дар наздикиҳои шаҳраки Боровая дар канори шаҳри Изюм беномунишон шуд. Баъди 10 моҳ ташхиси ДНК собит кард, ки Бижан Шаропов ҳамон вақт кушта шудааст.

Русия 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи ҳимоят аз аҳолии русзабони Донбасс ба Украина ҳамла кард. Дар давоми инак қариб як соли ҷанг дар Украина аз ҳарду тараф даҳҳо ҳазор нафар кушта шуданд. То имрӯз дар бораи дар Украина кушта шудани  беш аз 40 нафар аз зодагони Тоҷикистон низ хабарҳо ба даст расидаанд.

Як қисми ин зодагони Тоҷикистон дар саффи артиши Русия ба сурати қарордодӣ хидмат мекарданд, қисми дигар ба сабаби шаҳрвандии Русияро доштану боз як қисмат ба хотири ба даст овардани чунин шаҳрвандӣ ба ҷанги Украина бурда шуданд. Ҳамин тавр, даҳҳо маҳбуси тоҷикро аз зиндонҳои Русия бо ваъдаи авф ва озодӣ ба ҷанг бурдаанд. То имрӯз дар бораи ҳалокати дастикам 8 маҳбуси тоҷик дар ҷанги Украина хабарҳо ба даст расидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button