ПРОФЕССОР ЗӮҲРА МИРЗОЕВА, МУҲАҚҚИҚИ ТИББИ ОИЛАВӢ МОРО ТАРК ГУФТ
Доктори илмҳои тиб, профессор Мирзоева Зӯҳра Амондуллоевна, собиқадори соҳа ва яке аз сутунҳои ислоҳоти соҳаи тандурустии Тоҷикистон рӯзи 27 январи соли 2023 дар синни 76 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Токистон, Иттиҳодияи миллии табибони оилавии Тоҷикистон ва ҳайъати таҳририяи маҷаллаи тиббии “Вестник медико-социального института Таджикистана” бо нашри як номаи муштараки таъзия хабар доданд.
Дар бораи иллати марги профессор Мирзоева чизе гуфта нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки маросими видоъ бо марҳум рӯзи 29 январ, соати 12:00 дар масҷиди Сариосиёи шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дар номаи таъзия гуфта мешавад: “Дар ин рӯзи мотам бо андӯҳи гарон ба наздикони пайвандон ва ҳамаи онҳое, ки профессор Мирзоева Зӯҳра Амондуллоевнаро мешинохтанд, изҳори ҳамдардии амиқ ва самимона мекунем. Хотираҳои дурахшон дар бораи ин инсони пурнерӯ ва дӯстдори зиндагӣ ҳамеша дар қалбҳои мо боқӣ монда, номи ӯ дар таърихи ҷуамҳурӣ ҳифз хоҳад шуж. Ӯ барои мо ҳамеша як намунаи садоқати беканор ба касби худ, ба шафқат ва ҳикмат хоҳад буд. Мо ҳамеша сифатҳои неки ӯ, аз ҷумла нирӯеро, ки дошт, сифатҳои баланди инсонӣ ва ахлоқии ӯро ёд хоҳем кард”.
Мирзоева Зӯҳра Амондуллаевна 24 августи соли 1947 ба дунё омада буд. Ӯ муаллифи беш аз 2300 асари илмӣ, 11 раҳнамои дарсӣ буд ва таҳти раҳбариаш 7 олими тоҷик рисолаҳои номзадӣ ҳимоя кардаанд. Профессор Зӯҳра Мирзоева дар Донишкадаи такмили пас аз дипломи ихтисоси кормандони соҳаи тиб ба ҳайси мудири кафедраи тибби оилавӣ ва декани факултаи тандурустии ҷамъиятӣ кор мекард ва амалан яке аз асосгузорони тибби оиливӣ дар Тоҷикистон дониста шуда, пиромуни роҳҳои рушди ниҳоди тибби оилавӣ таҳқиқоти илмӣ анҷом медод.