Хабарҳои кӯтоҳ

ҒОРАТГАРӢ ДАР… “БОҒИ ҲАЙВОНОТ” (ЗООПАРК) ВА СОКИНИ ҒАФУРОВРО ФИРЕБ ДОДАНИ СОКИНИ МАСТЧОҲУ СОКИНИ (ДИГАРИ) МАСТЧОҲРО ФИРЕБ ДОДАНИ СОКИНИ (ДИГАРИ) ҒАФУРОВ

Ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Варзоб ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 23-юми январи соли 2023, тахминан соати 15:30, дар «Боғи ҳайвонот» бо роҳи зӯроварӣ аз дасти ҷавони 22-солаи сокини пойтахт телефони мобил ва 200 сомониашро кашида гирифтааст.

ххххххххххххххх

Сокини 55-солаи ноҳияи Мастчоҳ ба он айбдор мешввад, ки аз як сокини 52-солаи ноҳияи Б.Ғафуров 156 ҳазор сомонӣ гирифта, то имрӯз танҳо 33,5 ҳазорашро баргардондааст.

хххххххххххххххх

Сокини 36-солаи ноҳияи Б.Ғафуров аз сокини 38-солаи ноҳияи Мастчоҳ 16 сар чорвои калонро бо нархи 93 ҳазору 800 сомонӣ ғайринақдӣ гирифта, танҳо 19 ҳазор сомонӣ пули чорворо баргардонда, пулҳои боқимондаро барои эҳтиёҷоти худ сарф кардааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 28.01.2023

Дастгир гардидани ҷавони 24-сола бо гумони ғоратгарӣ

025

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Варзоб бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 23-юми январи соли 2023, тахминан соати 15:30-дақиқа, ҳангоми дар «Боғи ҳайвонот» қарор доштанаш бо роҳи зӯроварӣ аз дасти ҷавони 22-солаи сокини пойтахт 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А-12» ва 200 сомониашро тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани кирдорҳои қаллобӣ вобаста ба барнагардонидани маблағ

046

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 55-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ оғоз карда шудааст, ки ӯ аз моҳи май то моҳи августи соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии марди 52-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, аз ӯ 156 ҳазор сомонӣ гирифта аз он 33 ҳазору 500 сомониро баргардонида, боқимонда 122 ҳазору 500 сомониашро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Инчунин, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 36-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров оғоз карда шудааст, ки ӯ аз 17-уми сентябр то 27-уми ноябри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ даромада, аз ӯ 16 сар чорвои калони шохдорро ба маблағи 93 ҳазору 800 сомонӣ ғайринақдӣ гирифта, аз он 19 ҳазор сомониро баргардонида, боқимонда 74 ҳазору 800 сомониро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button