ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ҲАЛОКАТИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР РОҲ БА МАРЗИ РУСИЯ БО ҚАЗОҚИСТОН

Шаби 27 январи соли 2023, тақрибан соати 00:15 дар ҳудуди ноҳияи Ершови вилояти Саратови Русия бар асари як садама як муҳоҷири тоҷик ба ҳалокат расида, як ҳамватани ӯ ва ронандаи мошинашон ҷароҳат бардоштаанд.

Идораи пулиси роҳ, ё ГИБДД вилояти Саратов хабар дод, ки ин садама дар шоҳроҳи федералии А-298, ки ба тарафи гузаргоҳи Озинки дар марзи Русия бо Қазоқистон мебарад, рух додааст. Садама вақте рух дод, ки то марзи Қазоқистон ҳамагӣ 93 километр роҳи дигар боқӣ монда буд.

Ронандаи соли таваллудаш 2003, ҳангоми идора кардани мошини тамғаи “Hyundai” аз роҳ бероҳа шудааст. Дар натиҷа, ронандаро бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ кардаанд. Як мусофири соли таваллудаш 2001 низ дарбемористон бистарӣ гардида, мусофири дигар, соли таваллудаш 1998, дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст “, – гуфта мешавад дар иттилоияи ГИБДД.

Вазири тандурустии вилояти Саратов Олег Костин дар Telegram-каналаш  хабар дод, ки марди ҳалокшуда сокини 25-солаи Тоҷикистон буда, як шаҳрванди дигари 22-солаи Тоҷикистон дар ин садама устухони ронаш шикастааст ва мағзи сараш ҷунбидааст. Ронандаи мошин, сокини 19-солаи шаҳри Ершовро низ мағзи сараш ҷунбидааст. Ҳолати онҳо миёна арзёбӣ мешавад.

Ҳанӯз маълум нест, ки оё муҳоҷирони тоҷик ба Ватан бармегаштанд ваё мехостанд аз марг убур карда, боз ба Русия баргарданд.

Қарори маълум, ҳазорон нафар аз муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои СНГ, ки узви Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё нестанд, маҷбуранд ҳар се моҳ марзи Русияро убур кунанд, то ки дубора ба ин кишвар баргашта, будубоши худро боз аз сифр кунанд.

Ҳар сол дар бораи даҳҳои садамаи муҳоҷирони тоҷик дар роҳи сафар ба марзҳои Русия, аз ҷумла ба марз бо Қазоқистон хабарҳо ба даст мерасанд. Мутаассифона, ҳолатҳое низ зиёданд, ки муҳоҷирон дар ин садамаҳо ҷони худро аз даст медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button