ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистФарҳангЧеҳраҳо

СУРАТАШ БИН, ЧӢ ҚАДАР МЕХАНДАД… ДАРГУЗАШТИ КОРМАНДИ ТВ “САФИНА” ОЗАРҶОН РАҲМДИЛОВА

Oзарҷон Раҳмдилова (Озари Маҳмуд), корманди ҷавони бахши бойгонии телевизиони “Сафина” ва хоҳари журналисти шинохта, муҳарири шабакаи радиоии “Садои Душанбе” Низорамоҳи Маҳмуд (Низорамоҳ Ғаниева) рӯзи 23 январи соли 2023 баъди бемории тӯлонӣ аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора дар Фейсбук ҳамкораш дар ТВ “Сафина” Умари Пулод ва журналист Далер Сафаров хабар доданд.

“Чӣ гуфтанамро намедонам. Ҷоятон Ҷаннат бошад! Ҳамдардии худ ва тамоми кормандони ТВ “Сафина-ро мерасонам”, – навиштааст Умари Пулод.

Далер Сафаров хабар додааст, ки маросими намози ҷанозаи Озарҷони ҷавонмарг рӯзи 24 январи соли 2023, дар ҷамоати Балхобии ноҳияи Мӯъминобод баргузор мешавад. Умари Пулод навиштааст, ки намози ҷаноза рӯзи 24 январ дар деҳаи Мумирак доир мешавад.

Ҳарчанд дар бораи иллати марги Озарҷон Раҳмдилова чизе нанавиштаанд, ӯ чандин моҳ боз аз бемории сангин азият мекашид ва рӯзи 8 августи соли 2022, дар зодрӯзаш қариб ҳама дар саҳифаи ӯ дар Фейсбук барояш асосан шифои комил аз ин беморӣ ва саломатӣ орзу карда буданд.

Худи Озарҷон ҳам, тавре аз маводи нашршуда дар саҳифааш дар Фейсбук бармеояд, моҳҳои охир асосан дар фикри саломатиаш буд ва бештар матлабҳои марбут ба табобати бемориҳоро дар саҳифааш мегузошт. Ҳамкораш Умари Пулод дар табрикоташ ба Озарҷон Раҳмдилова навишта буд:

“Озарҷон Раҳмдилова бо чеҳраи зебову ҳусну ҷамолу мӯйи ба қоматаш ҳамаро шефтаи худ мекард ва ҳар чӣ ки болои банда меояд, насибу тақдир аст, аммо боз ҳам шояд чашми мардум расида, ки Апаи Озарҷон солҳост аз беморӣ ранҷ мекашад… Агарчӣ солҳост бемориро паси сар мекунад, ҳамоно  бо қавиродагиву ҷасораташ, бовар дорам, ИншаАллоҳ, ба дардаш пирӯз мешавад.

Апаи Озарҷон яке аз ҷавондухтароне аст, ки одобу рафтораш дар сатҳи оливу одамгарист ва ҳар киро дидан баробар ду даст пеши бар боиззату боикром салом мегӯяд.

Апаи Озарҷон солҳост, ки дар бойгонии МД “Телевизиони Сафина” кор мекунад ва ҳар як маводи зарури, ки ба коргардонҳо ё муҳаррирон барои таҳияи барномаҳо лозим мешавад саривақт дастраст менамояд.

Ӯ бисёр духтари ором табиат аст ва дорои шарму ҳаёи тоҷикона мебошад. Солҳост, ки бо апаи Озарҷон кор мекунам, як бор садои баландашро нашунидаам. Бениҳояд духтари ботамкину баномус аст ва пеши касеву барои чизе сар хам накардааст…”

Хоҳари калонии Озарҷон Раҳмдилова Низорамоҳи Маҳмуд аз журналистони собиқадори тоҷик аст, ки солҳои тӯлонӣ дар шабакаи “Садои Душанбе” кор карда ва сазовори унвони “Аълочии телевизион ва радио” шудааст.  Низорамоҳи Маҳмуд аз ҷумла муаллифи барномаҳои таҳлилии “Тоҷикистон” ва “Ҷилои ҳунар” аст, ки дар миёни шунавандагони радио ҳаводорони зиёд дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button