ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҚАСДИ КУШТОР БО ДОСКАЛЛА, МАРГИ ПОДАБОН ДАР ДАНҒАРА ВА ҒОРАТГАРӢ ДАР ХУҶАНД

Сокини 41-солаи ноҳияи Зафаробод ба он айбдор мешавад, ки соати панҷи субҳи 27 декабри соли 2022, , бо мақсади куштор ба манзили истиқоматии марди 44-солаи сокини ҳамин ноҳия ворид гардида, бо доскаллаи оҳанини бо худ овардааш чанд маротиба ба аъзои бадани ӯ задааст.

хххххххххххх

Шоми 18 январ, як подабони 26-сола аз ноҳияи Нуробод, дар як чарогоҳ дар ҳудуди деҳаи Меҳргони ноҳияи Данғара зери ядаки трактори тамғаи “Беларус-821” монда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ххххххххххххххххх

Сокини 28-солаи ноҳияи Зафаробод ба он гумонбар мешвад, ки рӯзи 6 январ, соати 12:30, дар назди як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд телефони мобили як духтари 14-соларо бо зӯрӣ аз дасташ кашида гирифтааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 20.01.2023

Сӯиқасд ба куштор ба воситаи доскаллаи оҳанин

42

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 41-солаи сокини ноҳияи Зафаробод, 27-уми декабри соли 2022, тахминан соати 05:00, бо мақсади куштор ба манзили истиқоматии марди 44-солаи сокини ҳамин ноҳия ворид гардида, бо доскаллаи оҳанини бо худ овардааш якчанд маротиба ба аъзои бадани ӯ зада, аз сабаби бедор шудани аҳли оилааш мақсади ҷинояткоронаи худро ба охир нарасонида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Нисбати марди гумонбар бо моддаи 32-104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ҳалокати ҷавони подабон бар асари ҳодисаи нохуш

024

18-уми январи соли 2023, тахминан соатҳои 18:30-дақиқа, шаҳрванд Норбутаев Исломиддин Эмомуддинович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Нуробод, подабон, ҳангоми дар баландии теппа, воқеъ дар заминҳои чарогоҳи ҳудуди деҳаи Меҳргони ноҳияи Данғара қарор доштанаш, ядаки трактори тамғаи “Беларус-821”-ро, ки бе трактор ба воситаи қувваи даст бо ҳамроҳии дигар шаҳрвандон аз баландӣ ба поён фаровардан мехостанд, ядак чаппа шуда, номбурда зери ядак монда, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Тасарруфи телефони мобилӣ аз дасти ноболиғ

1400572129 3

Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд аризаи зани 34-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардид, ки 6-уми январи соли 2023, тахминан соати 12:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи ошкоро дар назди бинои истиқоматиаш аз дасти духтари ноболиғи 14-солааш 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг Галакси Ф13»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 1800 сомониро ташкил медиҳад.Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Зафаробод ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button