ВидеоДин ва боварҳо

БОЗДОШТИ ҶОДУГАРИ АФҒОН ДАР ЧУҚУРАКИ ҲИСОР ВА ЯК ЗАНИ ФОЛБИН ДАР ШАҲРИТУС (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 18 январи соли 2023 дар нашри навбатии барномаи “Ахбори ВКД” хабар дод, ки кормандони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ин вазорат бо пешбурди чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ тавонистанд фаъолияти ғайриқонунии шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Қурбонгелдӣ Насриддин, соли таваллудаш 1957, зодаи вилояти Қундуз, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисорро ошкор намоянд. Дар гузориш гуфта мешавад, ки Қурбонгелдӣ Насриддин дар деҳаи Чуқурак дар канори шаҳри Ҳисор, воқеъ дар тақрибан 30-километрии ғарби Душанбе, ба ҳар гуна макру найрангҳои ба худаш хос ва дур аз мазҳабу шариат машғул гардида, бо истифода аз ҳаргуна ашёҳои карахт ба муштариёнаш ваъдаи беасос медиҳад, ки гуё сеҳру ҷодуи ӯ ба муносибатхои оиладорӣ, меҳру муҳаббати хонаводагӣ, кушоиши кор ва дармони дард кумак мекарда бошад.
Ҳангоми азназаргузаронии ҳуҷраи кории Қурбонгелдӣ аз онҷо чандин навъ ашёи карахт, ба монанди қулфу калид, оҳанрабо, пӯсти ҳайвонот, мех, маҳсулоти хӯрокворӣ, сӯзану ришта ва як миқдор тумору таштоб ёфта ва гирифта шуд. Аз рӯи нишондоди боздоштшуда, ӯ тавассути ашёҳои номбурда амалҳои сеҳру ҷодуро анҷом медодааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Қурбонгелдӣ Насриддин тибқи талаботи моддаи 482 КҲМ ҶТ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ӯ ҷарима баста шуд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба гузориши полковник Офоқ Қодириён, сухангӯи РВКД вилояти Хатлон,  аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳияи Шаҳритус зимни пешбурди чорабиниҳои фаврию санҷишӣ фаъолияти ғайриқонунии як зани сокини ноҳияи мазкур ошкор карда шуд.

Гуфта мешавад, Одинаева Ибодат, соли таваллудаш 1957, ки пайваста ба сеҳру фолбинӣ машғул шуда, бо ин роҳ мушкилоти рӯзгори худро аз ҳисоби мардуми гумроҳу корафтода ҳал мекард, дар ҳолати машғул буданаш ба фолбинӣ боздошт шуд.
Зимни пурсиш муайян гардидааст, ки дар асл Одинаева Ибодат ягон дониши динӣ надошта, танҳо ба хотири манфиатҳои шахсӣ барои ба даст овардани маблағҳои пулӣ даст ба ин кирдори мардумфиребона даст мезадааст.
Нисбат ба Одинаева Ибодат мутобиқи моддаи 482, қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
ВКД бо нашри ин хабарҳо аз он изҳори таассуф мекунад, ки бо вуҷуди нашри хабарҳои зиёд вобаста ба кирдорҳои мардумфиребона ва дурӯғини чандин нафар фолбину ҷодугар, ки бо истифода аз муқаддасоти дин ва боварию эътиқоди шаҳрвандон, кирдорҳои авомфиребонаи худро амалӣ менамуданд, боз ҳам бархе шаҳрвандон барои кушоиши кор ва дармони дард ба назди чунин ашхос мераванд.

Офоқи Қодириён дар гузоришаш мегӯяд, имрӯзҳо дар ҷомеа нафароне, ки аз худ муллову фолбин тарошида, мардумфиребиро барои хеш як василаи рӯзгузаронӣ қарор додаанд, зиёд ба чашм мерасанд.

Ӯ меафзояд, аксар мизоҷони ин нафарони ба ном табибу сеҳргар бонувон буда, барои табобат, аз дарди дил ва фарзанддор шудан, гармиву сардӣ намудани шахсе ба назди онҳо мераванд.
“Ҳарчанд сеҳр, фол дидан, ҷодугарӣ кардан гуноҳи азим ба ҳисоб равад ҳам, мутаассифона, мардум аз сабаби паст будани маърифату содагии хеш ба назди ин тоифа мераванд ва ин нафарони мардумфиреб, ки гӯё аз ғайб ҳарф мезананд ва мушкилоти нафари корафтодаро комилан бартараф карда метавониста бошанд, эшонро дилпур менамоянд ва ваъдаи дар муҳлати муайян “ҳал” шудани мушкилоташонро медиҳанд.

Ин тоифа бо суханони макромези худ ба эътимоди корафтодагон ноил гардида, баъдан талаби ҳар гуна молу амволро менамоянд, ки ин амали онҳоро бе муҳобот метавон як манбаи даромади муфт ва мардумфиребӣ номид.
Вале, таассуфовар он аст, ки новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ, баъзе аз шаҳрвандон ба чунин афрод бовар карда, ба ҷойи муроҷиат ба тибби муосир аз ин қабил мардумфиребон дармони дард меҷӯянд ва беҳуда маблағҳои ҳангуфтро аз даст медиҳанд”,
– менависад Офоқ Қодириён.

Худи ин ду фолбини дастгиршуда барои шарҳи қазияҳояшон дастрас нестанд.

Кирдорҳои мардумфиребонаи сеҳргар ошкор гардид

Вобаста ба кирдорҳои мардумфиребона ва дурӯғини чандин нафар фолбину ҷодугар, ки бо истифода аз муқаддасоти дин ва боварию эътиқоди шаҳрвандон, кирдорҳои авомфиребонаи худро амалӣ менамуданд, борҳо тавассути воситаҳои ахбори омма маълумот пешниҳоди шаҳрвандон гардонида бошем ҳам, ҳануз бархе шаҳрвандон барои кушоши кор ва дармони дард ба назди чунин ашхос мераванд.

5

Чунин як далел аз ҷониби кормандони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД ошкор гардид. Дар рафти чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони раёсати мазкур тавонистанд фаъолияти ғайриқонунии як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Қурбон Гелдӣ Насриддан, соли таваллудаш 1957, зодаи вилояти Қундуз, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисорро ошкор намоянд.

Номбурда бо ҳар гуна макру найрангҳои ба худаш хос ва дур аз мазҳабу шариат дар деҳаи Чуқураки шаҳри Ҳисор ба сеҳру чоду ва фолбинӣ машғул гардида, бо истифода аз ҳаргуна ашёҳои карахт ба муштариёнаш ваъдаи беасос медиҳад, ки гуё сеҳру ҷодуи ӯ ба муносибатхои оиладорӣ, меҳру муҳаббати хонаводагӣ, кушоиши кор ва дармони дард кумак мекарда бошад.
Ҳангоми азназаргузаронии ҳуҷраи кории номбурда аз онҷо ашёи карахт ба монанди қулфу калид, оҳанрабо, пусти ҳайвонот, мех, маҳсулоти хӯрокворӣ, сӯзану ришта ва як миқдор тумору таштоб дарёфт карда гирифта шуд. Аз рӯи нишондоди боздоштшуда, ӯ тавассути ашёҳои номбурда амалҳои сеҳру ҷодуро анҷом медодааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Қурбон Гелдӣ Насриддан тибқи талаботи моддаи 482 КҲМ ҶТ протоколи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима татбиқ гардид.
Дилшод Холов

Ошкор гардидани амалҳои фолбинӣ ва мардумфиребӣ

 Имрӯзҳо дар ҷомеаи мо нафароне, ки аз худ муллову фолбин тарошида, мардумфиребиро барои хеш як василаи рӯзгузаронӣ қарор додаанд, зиёд ба чашм мерасанд.

Аксар мизоҷони ин нафарони ба ном табибу сеҳргар бонувон буда, барои табобат, аз дарди дил ва фарзанддор шудан, гармиву сардӣ намудани шахсе ба назди онҳо мераванд.
Ҳарчанд сеҳр, фол дидан, ҷодугарӣ кардан гуноҳи азим ба ҳисоб равад ҳам, мутаассифона мардум аз сабаби паст будани маърифату содагии хеш ба назди ин тоифа мераванд ва ин нафарони мардумфиреб, ки гӯё аз ғайб ҳарф мезананд ва мушкилоти нафари корафтодаро комилан бартараф карда метавониста бошанд, эшонро дилпур менамоянд ва ваъдаи дар муҳлати муайян “ҳал” шудани мушкилоташонро медиҳанд.

Ин тоифа бо суханони макромези худ ба эътимоди корафтодагон ноил гардида, баъдан талаби ҳар гуна молу амволро менамоянд, ки ин амали онҳоро бе муҳобот метавон як манбаи даромади муфт ва мардумфиребӣ номид.
Вале, таассуфовар он аст, ки новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ, баъзе аз шаҳрвандон ба чунин афрод бовар карда, ба ҷойи муроҷиат ба тибби муосир аз ин қабил мардумфиребон дармони дард меҷӯянд ва беҳуда маблағҳои ҳангуфтро аз даст медиҳанд.
Аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳритус зимни пешбурди чорабиниҳои оперативию санҷишӣ фаъолияти ғайриқонунии як нафар зан, сокини ноҳияи мазкур ошкор карда шуд.

6
Одинаева Ибодат, соли тавллудаш 1957, ки пайваста ба сеҳру фолбинӣ машғул шудаву бо ин роҳ мушкилоти рӯзгори худро аз ҳисоби мардуми гумроҳу корафтода ҳал мекунад, дар ҳолати машғул буданаш ба фолбинӣ муайян карда шуд.
Зимни пурсиш муайян гардид, ки дар асл номбурда ягон дониши динӣ надошта, танҳо ба хотири манфиатҳои шахсӣ барои ба даст овардани маблағҳои пулӣ даст ба ин кирдори мардумфиребона мезадааст.
Нисбати Одинаева Ибодат мутобиқи моддаи 482 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Офоқ Қодириён, полковники милитсия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button