ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонХабарҳои кӯтоҳ

ТОҶИКИСТОН 427 ҚУТОСИ “САРҲАДШИКАН”-РО БА ҚИРҒИЗИСТОН БАРГАРДОНД

Ҷониби Тоҷикистон ахиран 427 қутоси сокинони Қирғизистонро, ки ҳангоми чаронидан марзи ду кишварро убур карда, ба тарафи Тоҷиктстон гузашта буданд, ба соҳибонаш баргардондааст.

Маркази матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии КДАМ Қирғизистон хабар дод, ки рӯзи 12 январи соли 2023 ба марзбонони раёсати марзбонии вилояти Ӯш шаҳрвандони Қирғизистон муроҷиат карда, хабар додаанд, ки ҳангоми чаронидан подаи қутосҳои онҳо, иборат аз 427 сар аз ин навъи чорвои калони шохдор, аз марз ба тарафи Тоҷикистон гузаштааст. Ба сабаби бад будани обу ҳаво, подабонҳо натавонистаанд мушаххасан ба куҷо рафтани подаро муайян кунанд ва худашон мустақилон ба ҷустуҷӯи қутосҳо пардозанд.

Рӯзи 13 январ дар ин масъала музокироти намояндагони Қирғизистон ва Тоҷикистон сурат гирифта, дар пайи ин гуфтугӯ ҷониби Тоҷикистон 427 сар қутосро ба соҳибонашон баргардондааст.

Дар хабар гуфта нашудааст, ки ин ҳодиса дар кадом қитъаи марзи вилояти Ӯши Қирғизистон бо Тоҷикистон рух додааст? Вилояти Ӯш бо ноҳияи Лахши водии Рашт ва қисматҳои шимолии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарз мебошад.

Ин ҳодиса дар ҳолест, ки марзи Тоҷикистону Қирғизистон қариб ду сол боз аз ҷониби Бишкек ба сурати якҷониба баста шудааст ва равуои шаҳрвандону воситаҳои нақлиёт ва интиқоли борҳо тавассути ин марз манъ карда шудааст.

Ёдовар мешавем, Қирғизистон марзаш бо Тоҷикистонро аз 20 майи соли 2021 билофосила баъди задухӯрдҳои хунин дар марзи ин ду кишвар барои равуои сокинону мошинҳо баст ва интиқоли маҳсулот низ байни ду кишвар расман манъ шудааст. Ҳарчанд Бишкек қарори бастани марзро ба пандемияи коронавирус рабт медод, вале мансабдорони қирғиз чандин бор изҳор доштанд, ки марзро тангҳо баъди ҳалли тамоми масоили марзӣ бо Душанбе аз нав хоҳанд кушод.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар ду соли охири 2021-2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 140 нафар  кушта шуда, ҳудуди 750 нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button