ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ЯК ЗАНИ ТОҶИКРО ДАР РУСИЯ БАРОИ КУШТАНИ ЯК ЗАНИ ҚИРҒИЗ ДАСТГИР КАРДААНД

Як зани 35-солаи шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Маскав бо гумони куштори зани 28-сола аз Қирғизистон боздошт шудааст. Дар ин бора рӯзи 1 январи соли 2023 сомонаи 360ТВ бо такя ба манобеаш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Маскав хабар дод ва гуфт, ӯ бо ҷабрдида ҳарду дар як манзил дар шаҳраки Володарский дар наздикии Маскав иҷора менишастанд.

Бино ба иттилои манобеи ин нашрия, зани боздоштшуда дар қаламрави Русия ба таври қонунӣ зиндагӣ мекард, дар ягон ҷо расман кор намекард, оила надорад, қаблан суд нашудааст. Исми ӯ нашр нашудааст.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 29 декабр байни ин ду зани ҳамхона ва дугона ба сабабҳои ҳанӯз номаълум муноқиша сар задааст ва дар ҷараёни ин ҷанҷол зани тоҷик ба қафаси синаи зани қирғиз на камтар аз як зарбаи корд задааст. Шаҳрванди Қирғизистон бар асари ҷароҳати бардоштааш дар ҷои ҳодиса ҷон додааст. Кормандони пулис баробари ба ҷои ҳодиса омадан зани тоҷикро ҳамчун гумонбар дастгир кардаанд.

Зане, ки соҳиби ин манзил будааст, ба 360ТВ нақл кардааст, ки ҷабрдида зани дастгиршударо хуб мешинохт, чунки онҳо ҳарду дар хонаи ӯ иҷора менишастанд. Ба гуфтаи ӯ, зани кушташуда зоҳиран як духтари одии хуштарбия ба назар мерасид.

 “Вай дар инҷо ҳамроҳи дугонааш, модараш ва ду кӯдакаш зиндагӣ мекард. Модараш ба ӯ дар нигоҳубини фарзандон кумак мекард. Ман ҳар боре ки ба ӯ барои пули иҷора занг мезадам, ҳамеша берун аз хона буд, ҳар куҷо давутоз мекард, ки пул кор кунад. Ман чунин фаҳмидам, ки кӯдаконашро модараш нигоҳубин мекард. Онҳо ягон 8 моҳ боз дар хонаи ман иҷора менишастанд. Ин зан, вақте ки хонаро иҷора мегирифт, ҳанӯз ҳомила буд. Кӯдаки дуюмашро дар ҳамин хона таваллуд кард”, — нақл кардааст ҳамсуҳбати нашрияи “360ТВ”.

Соҳибхона гуфтааст, ки ҳар моҳ барои пули иҷора ба онҷо намерафт, чунки иҷоранишинҳо одамони хуштарбия ба назар мерасиданд ва зарурати аз паси онҳо тафтиш кардан вуҷуд надошт.

Ин зан мегӯяд, ки ду кӯдаки он зани қирғизи кушташуда ҳоло дар хонаи ӯ қарор доранд, вале ҳанӯз намедонад, ки хешовандони он зан манзили ӯро ҳамчунон ба иҷора мегиранд ё на?

Шаҳраки Володарский (қаблан деҳаи Лодигино ё Лодыгино) аз маркази шаҳри Маскав ягон 50 километр ва аз канораҳои ҷанубии пойтахти Русия тақрибан 23 километр дар самти ҷанубушарқ ҷойгир шудаааст. Ин шаҳрак ба ҳавзаи шаҳри Ленино шомил мешаад. Дар шаҳраки Володарский, бино ба омори соли 2021, тақрибан 9300 нафар ба сар мебаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button