ТоҷикистонҲодиса

БАРЪАКСИ ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН ДАР ДУШАНБЕ БАРФИ ДЕРИНТИЗОРИ СОЛИНАВӢ БОРИД!

ДУШАНБЕ, 31.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 31 декабри соли 2022 ҳаво сокинону меҳмонони Тоҷикистонро бо барфи деринтизор дар соли нави мелодӣ шод кард. Қаблан Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ иттилоъ дода буд, ки 31 декабр сокинони мамлакат Соли навро бе барф пешвоз мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, мудири Маркази обуҳавошиносии Русия Роман Вилфанд низ гуфт, ки дар шаби Соли нав сокинони Душанберо чӣ гуна ҳаво интизор аст. Олим дар посух ба саволи радиои Sputnik изҳор дошт, ки дар пойтахти Тоҷикистон ҳаво аз ҳарвақта сардтар хоҳад буд: нишондодҳои ҳароратсанҷ аз нишондиҳандаи миёнаи чандинсола пасттар хоҳанд шуд.

«Дар Тоҷикистон ҳаво сард мешавад — ҳарорат дар он ҷо аз меъёри муқаррарӣ 4-6 дараҷа поёнтар аст», — изҳор дошт Вилфанд.

Аммо тавре мудири Маркази обуҳавошиносии Русия илова кард, «сардӣ»-е, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ мушоҳида мешавад, ба оқибатҳои ногувор оварда намерасонад. Ба гуфтаи ӯ, дар шаби Соли нав дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво бояд ҳудуди 0 дараҷа гарм шавад.

Бояд тазаккур дод, ки барфи солинавӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва бахусус сокинони шаҳри Душанбе табъи идона зам мекунад ва онҳо соли навро бо шодиву сурур пешвоз мегиранд.

Шоми имрӯз, 31 декабр, соати 20:30 дар майдони «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро шоу-барномаи солинавӣ бо иштироки беҳтарин сарояндагон ва ҳунармандони ҷумҳурӣ интизор аст. Баъди тамошои барномаи ҷолибу диданӣ дар майдони «Истиқлол» ба муддати 4-5 дақиқа мушакҳои ранга паронда мешаванд.

Ҳамзамон дар ин рӯз дар чор ноҳияи пойтахт, аз ҷумла дар назди бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансур, боғчаи ноҳияи Сино-назди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дар ноҳияи Фирдавсӣ — назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button