ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 40 ҲАЗОР ДОЛЛАР ВА ДУЗДИИ 30 ҲАЗОР СОМОНӢ АЗ ДӮКОНИ “ТЕЗТАЙЁР”

Сокини 58-солаи Душанбе ба он  гумонбар мешавад, ки моҳи октябри соли 2020 бо роҳи фиреб мошини боркаши  тамғаи «Шагман»-ро  аз як сокини 40-солаи пойтахт барои 3 сол иҷора гирифта, ин мошинро баъдан ба 40 ҳазор доллар фурӯхта, пулашро ба манфиати худ сарф кардааст.

ххххххххххххх

Ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Бохтар ба он гумонбар мешавад, ки бо роҳи пинҳонӣ аз як дӯкони “Тезтайёр” дар ин шаҳр 30 ҳазор сомониро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 20.12.2022

Ошкор шудани қаллобӣ дар ҳаҷми 40 ҳазор доллари амрикоӣ

035

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 58-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 10-уми октябри соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 40-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ автомашинаи боркаши тамғаи «Шагман»-ро, ки ба муҳлати 3 сол иҷора гирифта буд, ба маблағи 40 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхта, маблағҳои ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани ноболиғи 16-сола бо ҷурми дуздӣ

021.jpg

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 28-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дӯкони “Тезтайёр”, 30 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button