ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОР АЗ ХАТАРИ ФУРӮ РЕХТАНИ ТАРМАҲО ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ-ВАРЗОБ ДАР САНАҲОИ АЗ 9 ТО 11 ДЕКАБР

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 9 декабри соли 2022 хабар дод, ки бино ба пешбини ҳавошиносон, рӯзҳои 9-11декабри соли 2022 аз километри 47 то километри 79 шоҳроҳи ДушанбеВарзоб лағзиши тарма эҳтимол дорад.

Дар ин иртибот Кумита аз шаҳрвандон хостааст, дар чунин рӯзҳо ҳар гуна сафарҳои безаруратро дар роҳҳи кӯҳиву наздикӯҳӣ маҳдуд намоянд. Дар ин рӯзҳо аз роҳандозии корҳои кишоварзӣ, чорвочаронӣ, омода кардани ҳезум дар манотиқи кӯҳҳӣ худдорӣ кунанд.

Ҳамчунин бо мақсади пешгирӣ аз сӯхторҳо дар истифодаи бухориҳо ва дигар таҷҳизоти гармидиҳанда ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Гуфта мешавад, барои таъмини бехатарии ронандагону мусофирони онҳо ва расонидани ёриҳои фаврӣ дар қитъаҳои роҳи Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд постгоҳҳои муваққати сайёри Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ташкил карда шудааст. Дар роҳҳои дигар ҷумҳурӣ бошад кормандони Кумита якҷо бо кормандони сохторҳои дигар, аз ҷумла Вазоратҳои нақлиёт ва корҳои дохилӣ назорат мебаранд. 

Дар ҳамин ҳол, ширкати IRS, ки масъулияти нигоҳубини роҳи пулакии Душанбе – Хуҷанд – Чаноқро ба дӯш дорад, рӯзи 9 декабр хабар дод, ки дар масири Душанбе – Чаноқ бориши пуршиддати барф идома дорад. Бино ба иттилои ширкат, феълан  роҳ кушода буда, ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт, ба ғайр аз фура ва автомобилҳои боркаши ядакдор, иҷозат дода мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамзамон хабар дод, ки рӯзи 8 декабр дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ду садама рух додааст.

Аз ҷумла шаби 8-уми декабр, соати 02:20 дар километри 67-уми роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб як мошини тамғаи «Volkswagen»  ба мошини «Mercedes-Benz Sprinter», ки канори роҳ қарор дошт, бархӯрд. Дар натиҷаи ин бархӯрди шадид мошини «Mercedes-Benz Sprinter» ба ҷарии чуқуриаш 800 метр сарозер шудааст.  Хушбахтона, ҳангоми садама дар дохили мошини «Mercedes-Benz Sprinter»,  касе нанишаста буд.

Ҳодисаи дуюм соати 11:08 рух дод. Боз ҳам дар роҳи Душанбе-Варзоб. Ин бор дар километри 57 ду мошини тамғаи “Дулан”, ки яке аз Душанбе ба самти Хуҷанд ва дуюмӣ аз Хуҷанд ба Душанбе дар ҳоли ҳаракат буданд, ба ҳам бархӯрданд. Дар натиҷаи ин садама ронандагони ҳарду мошин маҷруҳ шуданд ва ба бемористони Варзоб интиқол дода шуданд. 

Гуфта мешавад, сабабҳои ин ду ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдор таҳқиқ мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button