ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ШОҲЗОДА ПОДШОҲ ШУДАНӢ БУД: ПЕШГИРӢ АЗ ЯК ҚАСДИ ТАБАДДУЛОТИ ДАВЛАТӢ ДАР ОЛМОН

Субҳи 7-уми декабри соли 2022 зимни як амалиёти махсус  Воҳидҳои низомии зиддитеррористии Олмон, ки бо номи GSG9  машҳур, аст аз сар то сари ин кишвар дастикам 25 нафарро бо ҷурми даст доштан ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ дастгир кардаанд.

Бино ба гузориши рӯзномаи олмонии Zeit, дар ин амалиёт наздик ба 3 ҳазор низомӣ иштирок карда, зиёда аз 150 манзили гумонбаршавандагонро кофтукоб кардаанд.

Манбаъ меафзояд, ки дар умум аъзои ин гурӯҳи муташаккил аз 52 нафар иборат  будааст вале то ба ҳол ба пулис муяссар шудааст, ки нисфи гумонбаршудагонро дастгир кунанд. Дар байни дастгиршудагон  шоҳзода Ҳенрихи XIII аз Тюрингия, собиқ вакили парлумони Олмон Биргит Малзак-Винкеманн, қумандони собиқи “спетсназ” ё воҳиди махсуси Бундесвер (қувваҳои мусаллаҳи Олмон) Рюдигер фон П- низ ҳастанд.

Шоҳзода Ҳенрихи XIII  71-сола буда, аз оилаи ашрофзодаҳое аст, ки қаблан гузаштагонаш дар Тюрингия, як аёлати Олмони имрӯза, ҳукмрон буданд. Ӯ дар гузашта борҳо гуфтааст, ки вай ба заминҳо ва амволи фаровоне дар ин минтақа ҳақ дорад. Ҳоло бошад ӯ соҳиби як ширкати меъморӣ дар шаҳри Франкфурти лаби Майн будааст.

Тибқи баррасии пулис, пас аз табаддулоти давлатӣ онҳо вазифаҳои роҳбариро байни аъзои гурӯҳ тақсим карданӣ буданд. Аз ҷумла дар раъси ҳукумати нави Олмон бояд Ҳенрихи XIII менишаст  ва Малзак-Винкеманн вазири адлия мешудааст. Ва онҳо мехостаанд ҳамон арзу тӯли, ки императории Олмон дар соли 1871 дошт, барқарор кунанд.   

Бино ба фарзияи пулиси Олмон, ин гурӯҳи муташаккил аз ду ҷиноҳ: ҷиноҳи сиёсӣ ва ҷиноҳи низомӣ иборат будааст.

Аз рӯи нақшаи пешакӣ кашидашуда, бояд аъзои ҷиноҳи низомӣ ба парлумони Олмон, Бундестаг ҳамла карда, вакилони парлумонро гаравгон мегирифтанд. Ҳамзамон, барои ба ин амал ҷалб кардани шаҳрвандон, онҳо нақшаи қатъи нерӯи барқ дар саросари кишварро низ кашидаанд, то як ҳолати бебандубориро дар Олмон ба миён оранд.

Тирамоҳи соли 2022 ин гурӯҳи муташаккил чандин дафъа гумоштаҳои худро фиристодааст, то вориди бинои парлумони Олмон шаванд, аммо пулис садди роҳи онҳо шуда, нагузоштааст то онҳо вориди бино карданд.

Аз рӯи маълумоти нашршуда, “инқилобиҳо” замони даст ба табаддулоти давлатӣ заданро ба вақти номуайяне вогузоштаанд.  Аввалан онҳо хостаанд ин нақшаашонро рӯзи марги маликаи Бритониё амалӣ кунанд, вале баъдан мунтазири ягон намуди офати табиӣ шудаанд, ки аз фурсати муносиб истифода баранд.

Як шаҳрванди Русия низ бо ҷурми ҳамкорӣ доштан бо ин гурӯҳро дастгир шудааст. Аз ӯ Виталия Б. ном бурда мешавад. Аз рӯи маълумоти ба дастомада, ӯ моҳи июни соли 2022 аз консулгарии Русия дар Лейптсиг боздид кардааст. Пас аз ӯ моҳи июли соли 2022 Ҳенрихи XIII  низ ба ин консулгарии Русия омадааст. Гумон меравад, ки табаддулотгарон мехостанд бо мақомоти Русия тамос барқарор карда, нақшаи табаддулоташонро бо Маскав ҳамоҳанг кунанд.

Вале Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия Владимир Путин гуфт, Кремл ҳеҷ рабте бо ин қасди табаддулоти давлатӣ дар Олмон надорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button