ВидеоКоррупсияМинтақа ва ҷаҳон

ИНҚИЛОБИ АНГИШТ? ЭЪТИРОЗҲОИ ОММАВӢ ДАР МУҒУЛИСТОН БА ЗИДДИ ДУЗДИИ МАНСАБДОРОН (ВИДЕО)

Дар пойтахти Муғулистон, шаҳри Улан-Батор рӯзи сеюм аст, ки гирдиҳамоиҳо идома дорад. Иддаоҳо дар бораи дуздии ангишт аз ҷониби мансабдорон сабаби ин эътирозҳо шудааст.

Бо вуҷуди -21 дараҷа сард будани ҳаво, ҳазорон нафар дар майдони Сухэ-Батор дар маркази пойтахти Муғулистон гирди ҳам омадаанд. Рӯзи 4-уми декабри соли 2022 эътирозгарон аввал хостанд вориди бинои ҳукумат шаванд вале баъдан худашон пароканда шуданд.

Аммо рӯзи 5-уми декабри соли 2022, пулис ба эътирозгарон муқовимат нишон дод, ки боиси хашми мардум шуд ва яку якбора миқдори эътирозгарон афзуд ва онҳо боз кӯшиши даромадан ба “Қасри миллат”-ро карданд. Ба чанде аз эътирозгарон муяссар гардидаст, ки ба бинои ҳукумат ворид шаванд.   Чанд нафар дар даргириҳо ҷароҳат бардоштанд.

Вазорати адлияи Муғулистон мегӯяд, ки аксарияти эътирозгаронро донишҷӯён ташкил медиҳанд.

Бино ба навиштаи сомонаи News.mn, шаҳрвандон баъд аз тадқиқоти журналистӣ, ки натиҷаҳояш дар матбуотимаҳаллӣ ба нашр расид, ба хиёбонҳо рехтанд. Дар ин таҳқиқот аз тазоди байни ҳисоботи ҳукумати Муғулистон ва ҳисоботи ҷониби Хитой оид ба содироти ангишт сӯҳбат мешавад.

Ин тадқиқотро вакилони парлумон низ таъйид кардаанд. Тогмидин Доржханд, як вакили парлумони Муғулистон ба хабарнигорон гуфтааст, ки “аз соли 2013 то соли 2022, 6,4 миллион тонна ангиште, ки ба Хитой содир шудааст дар ҳисоботи ҳукумат дарҷ нашудааст”. Арзиши ин миқдор ангишти гумшударо таҳқиқотгарони гузориши нашршуда ба маблағи аз 13 то 17 миллиард доллари амрикоӣ ҳисоб кардаанд.

Гуфта мешавад, мошинҳои боркаши ҳомили ангиштро коркунони боҷхонаи Муғулистон ҳамчун мошини сабукрав дарҷ карда, маблағи бадастомада аз фурӯши ангишт ба Чинро аз они худ кардаанд. 

Мардуми ба хиёбонҳо баромада аз ҳукумат талаб доранд, ки ному насаби нафарони фасодкорро оммавӣ намуда, онҳоро ба ҷавобгарӣ кашанд. Онҳо мутмаинанд, ки ин кори дасти як ё ду нафар набуда ба ин амал гурӯҳе аз вакилони парлумон ҳам даст доранд. 

Бино ба хабарҳои нашршуда ҳукумат як гурӯҳи корие ташкил дода, дар робита ба ин фасодкорӣ наздик ба 15 мансабдорро  дастгир кардааст.

86% содироти маҳсулоти Муғулистон ба Хитой сурат мегирад. Аз ин зиёда аз 60 фисадашро ангишт ташкил медиҳад. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button