ВидеоҶомеа

ИЗҲОРИ СИПОСИ КАРОМАТУЛЛО: ЯК МАРДИ ХАЙРХОҲ ХАРОҶОТИ ҶАРРОҲИИ ИН МАРДИ РАНҶУРРО БА ДӮШ ГИРИФТ (ВИДЕО)

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” чанд рӯз пеш дар бораи Кароматулло Холов, як сокини ҳамагӣ 30солаи маҳаллаи Ховарон дар канораи шарқии шаҳри Душанбе хабар дод, ки аз бемории гурда ранҷ мебурд ва табибон барои ҷарроҳӣ ва часпондани гурдаи нав ба ҷои гурдаи маризи ӯ ҳамагӣ як моҳ вақт дода буданд.

Хушбахтона, як марди хайрхоҳ ба Кароматулло занг зада, тамоми хароҷоти минбаъда барои табобати ӯро ба дӯши худ гирифтааст.

Кароматулло Холов дар видеои наве, ки ба “Бомдод” фиристод, ба тамоми онҳое, ки ёрии худро аз ӯ дареғ надоштанд, бахусус ба Сарвиноз Сафарова, раҳбари созмони хайрияи “Баҳори кӯдакон”, ки маъракаи ҷамъоварии кумак барои ҷарроҳии Кароматулло Холовро ба роҳ андохт, изҳори сипос кард ва даст ба дуо кушода, пеши Худованд дуо кард, ки аҷри ҳар як кумаки кардаи Тавре қаблан хабар додем, Кароматулло Холов, ки 3 фарзанди хурдсол дорад, аз бемории гурда ранҷ мебарад. Се сол пеш модари Кароматулло барои наҷоти ҷони фарзандаш як гурдаи худро ба ӯ дод. Ҷарроҳӣ хуб гузашт ва гурдаи модар ба бадани фарзандаш часпиду Кароматулло тавонист чанд соли дигар аробаи зиндагиашро пеш бибарад. Вале мутаассифона, ҳоло гурдаи ба бадани Кароматулло часпондашуда зардоб гирифтааст ва табибон гуфтаанд, ки ӯ оҷилан ба гурдаи нав зарурат дорад. Ин дафъа боз якеи дигар аз пайвандони Кароматулло розӣ шудааст, ки як гурдаашро ба ӯ бидиҳед ва ин ҷавонмарди падари се фарзандро аз ин гирифторӣ наҷот бидиҳад. Аммо барои часпондани гурдаи нав ба бадани Кароматулло табибон ҳамагӣ як моҳ вақт додаанд ва нархи ҷарроҳӣ ҳам 100 ҳазор сомонӣ будааст, ки пардохт кардани ин маблағ берун аз тавони Кароматулло ва наздикони ӯ буд. Кароматулло ва наздиконаш ба ин хотир ба мардуми дастбахайр муроҷиат карданд ва кумак хостанд. Хушбахтона, бар иловаи кумакҳои то имрӯз ҷамъшуда як марди хайрхоҳ хароҷоти боқимондаи табобати Кароматуллоро ба дӯши худ гирифт.

Ба ин сабаб, маъракаи ҷамъоварии кумак барои Кароматулло бо ҳамин ҷамъбаст шуд.

Худованд аз ҳамаи Шумо розӣ бошад!

То вақте мардуми дастбахайр ҳастанд, Худо хоҳад, касе дар ин дунё муҳтоҷ намемонад!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button