Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

5 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ДАР РАШТ ЯК МОШИН БО 25 ГӮСФАНД ВА ЯК ТОННА МЕВА БА ДАРЁ ЧАППА ШУД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  хабар дод, ки шаби 24 ноябри соли 2022  наҷотбахшони ин ниҳод дар водии Рашт дар амалиёти рафъи оқибатҳои як садамаи ғайриоддӣ дар роҳи Душанбе – Ваҳдат – Лахш (собиқ Ҷиргатол) иштирок карданд.

Бино ба гузориши нашршуда, нимашаби 24 ноябр, тақрибан соати 00:00 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг зада, хабар додаанд, дар ҳудуди деҳаи Ялдимичи ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт, мошини боркаши тамғаи “Mercedes-Benz Sprinter” таҳти идораи сокини шаҳри Ҳисор, ки аз тарафи ноҳияи Лахш ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, ба сабаби аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда ба дарёи Сурхоб чаппа шудааст.

Ҳангоми садама дар дохили мошин ҳамроҳи ронанда боз ду мусофири дигар будаанд. Ба ҳарсеи онҳо муяссар шудааст, ки мустақилона аз мошини баобрафта худро берун биоранд ва ба соҳил бароянд. Вале, мутаассифона, 25 сар чорвои хурд ва як тонна меваҷоте, ки дар мошин бор карда буданд, бар асари ин садама нобуд шудаанд.

Наҷотбахшони раёсати фавқулоддаи гуруҳҳои ноҳияҳои минтақаи Рашт ба ҷои ҳодиса омада, бо кумаки таҷҳизоти махсус мошинро аз дарёи берун кашиданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button