ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ТАЪСИСИ ЯК ДАСТАИ ҶАНГОВАРОНИ ТУРКЗАБОН БО НОМИ “ТӮРОН” ДАР УКРАИНА (ВИДЕО)

Бино ба гузоришҳо, дар Украина таҳти раҳбарии шаҳрванди Қирғизистон Алмос Кудабек уулу нахустин баталйони иборат аз ҷанговарони туркзабон ташкил шудааст. Дар ҳайъати ин баталйон уйғурҳо, қирғизҳо, қазоқҳо ва ҳамчунин зодагони Озарбойҷон меҷанганд.  Аз зуҳури худ баталйони “Тӯрон” рғзи 20 ноябри соли 2022 бо нашри муроҷиатнома ба президенти Русия Владимир Путин ва раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров хабар дод. Дар ин видео Алмоз Кудабек уулу Путинро ба генотсид ё наслкушии сокинони туркзабони Украина айдор карда, аз Қодиров талаб кард, ки “дини муқаддаси Исломро барои пӯшондани ҷиноятҳои худ дар Украина сӯииистифода накунад”. Фармондеҳи баталйони “Тӯрон”, бино ба иттилои дарёфтӣ, қаблан дар Русия мардикорӣ ва муддате сартарошӣ мекардааст. Алмоз Кудабек уулу аз рӯзҳои аввали ҷанги Русия ба зидди Украина аз тарафи Украина меҷангад. Дар Қирғизистон ба зидди ӯ бо иттиҳоми иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар кишварҳои хориҷӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Дар муроҷиати худ Алмос Кудабек уулу хитоб ба Владимир Путин ва Раманзон Қодиров мегӯяд: “Путин бо баҳонаи “амалиёти махсус” дар Украина генотсиди халқҳои туркзабонро ба роҳ андохтааст. Рамазон Қодиров дар пушти дини Ислом пинҳон шуда, ҷиҳод эълон кардааст. Ислом барои мо як дини муқаддас аст ва бо арзишҳои муқаддаси мо бозӣ накунед. Мо ин режими шайтонии Путинро аз байн мебарем… Мо шуморо чӣ дар дохил ва чӣ дар берун ба ҷон хоҳем овард”.https://youtu.be/cF2pWsckCfc

Дар бораи шахсияти Алмос Кудабек уулу маълумоти зиёде дар даст нест. Гуфта мешавад, ки ӯ аз аввали ҷанги Русия ба зидди Украина, ки 24 феврали соли ҷорӣ оғоз ёфт, аз ҷониби Украина меҷангад. Бино ба хабарҳо, то шурӯи ҷанги Украина ӯ дар Русия мардикорӣ мекард ва аз ҷумла як муддат сартарош будааст. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки намояндагони сафорати Қирғизистон бо ӯ дар тамос шуда, пешниҳод кардаанд, ки ҷангро бас карда, ба Ватан баргардад. Вале Алмос Кудабек уулу инро рад кардааст.

Бино ба иттилои пойгоҳи хабарии Stanradar.com,  Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҳанӯз дар баҳори соли 2022 ба зидди Алмос Кудабек уулу бо иттиҳоми “иштироки шаҳрванди Қирғизистон дар муноқишаҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ” парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

Vesti.uz  менависад, баталйони “Тӯрон”  рамзҳои созмони ифротии миллигарои “Бозкурт” (“Гургони бӯр”)-ро истифода мекунад. “Гургони бӯр” дар Туркия аз солҳои чилуми асри 20  фаъолият дошт ва нуқтаи авҷи фаъолиятҳояш иштирок дар саркӯбҳои сиёсии солҳои 70 ва сӯиқасд ба ҷони попи Рум Иоанн Павели Дуюм дар соли 1981 буд, ки бо дасти узви ин созмони тундгаро Меҳмет Али Агҷа сурат гирифта буд.

Ба ҳайъати дастаи “Тӯрон”, бино ба иттилои дарёфтӣ, тақрибан 350 нафар, аз ҷумла уйғурҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, зодагони Озарбойҷон шомил шудаанд. Бино ба хабарҳо, Жасулан Дуйсембин, як зодаи Қазоқистон, ки худро “Рембои қазоқ” меномад ва дар ҷанги Русия бо Украина ихтиёран аз тарафи Украина меҷангид, низ ба баталйони “Тӯрон” пайвастааст.

Ахиран хабар расида буд, ки Кумитаи тафтишоти Беларус ба зидди ташкилкунандагон ва аъзои баталйони зодагони Беларус, ки дар ҷанги Украина иштирок доранд, парванда кушодааст. Ин ниҳод гуфт, ки ин зодагони Беларус “бо пайравӣ ба шаблонҳои идеологияи шовинистии кишвари ҳамсоя полки ба номи Кастус Калиновскийро ташкил кардаанд”.  Калиновский шоир, публитсист ва инқилобчиест, ки соли 1863 шӯриши беларусҳо ба зидди империяи подшоҳии Русияро роҳбарӣ карда буд. Дар Беларус, бахусус дар байни мухолифони режими Александр Лукашенко, Кастус Калиновскийро қаҳрамони миллӣ ва як рамзи озодихоҳии мардуми беларус мешуморанд.

Бар асоси матолиби Азия Плюс

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button