ВарзишВидеоТоҷикистон

ИСМОИЛИ НАБЕРАИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ДЗЮДО ИНТИХОБ ШУ (ВИДЕО)

Исмоили Муҳаммадзоир,  соҳибкори ҷавон ва набераи калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,  рӯзи 19 ноябри соли 2022 президенти Федератсияи гуштини дзюдои ҷумҳурӣ интихоб шуд. Исмоили Муҳаммадзоир дар ин мақом паҳлавони шинохтаи тоҷик Нурулло Лоиқовро иваз кард.

Дар сомонаи расмии федератсия дар ин бора то ҳол хабари расмие нашр нашудааст, вале Азия Плюс  бо  такя ба манбаи худ дар ин ниҳоди варзишӣ хабар дод, ки рӯзи 19 ноябр дар Душанбе ҷаласаи ҳисоботию интихоботии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон баргузор шуд. Ба гуфтаи манбаи “Азия Плюс”, як масъалаи асосӣ дар ин ҷаласа интихоби раҳбари нави федератсия буд ва аҳли нишаст аз номзадии Исмоили Муҳаммадзоир ҳамчун нафари аз ҳама шоиста ба раҳбари ин созмони варзишӣ пуштибонӣ карданд.

Паҳлавонони тоҷик дар арсаи байналмилалии комёбии аз ҳама бештарро дар гуштини дзюдо доранд, ки як намунааш медалҳои тиллои Темур Раҳимов ва нуқраи Муллораҷаб Халифаев дар Тоскӯлоҳи бузурги Боку дар ҳамин моҳи ноябри соли ҷорист. Вале бино ба мушоҳидаи шореҳон ва мухлисон, вақтҳои охир гуштини дзюдо ҳам дар Тоҷикистон зоҳиран дучори буҳрон шудааст ва паҳлавонони хушноме, чун Комроншоҳи Устопириён, Беҳрӯз Хоҷаев ва Сомон Маҳмадбеков инак чандин вақт боз аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ноком бармегарданд. Ба ақидаи шореҳон,  интихоби Исмоили Муҳаммадзоир, ки худаш ҳам дӯстдори гуштини дзюдост, метавонад кори федератсияи дзюдоро ҷону нафаси тоза бахшида, ин навъи варзишро аз буҳрон берун бикашад.

Исмоили Муҳаммадзоир соли 1996 ба дунё омадааст. Ӯ фарзанди Фирӯза Раҳмонова, духтари калонии президент, ва домоди калониаш Муҳаммадзоир (Зоир) Соҳибов ва набераи аз ҳамаи калонии Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ба гуфтаи дӯстонаш, Исмоил аз хурдӣ ба варзиш шавқи зиёд дошт ва ба хусус гуштини дзюдо, футбол ва аспдавониро дӯст медорад. Солҳои охир ӯ маблағгузории бошгоҳи варзишии “Ҳоҷӣ Шариф”ро, ки ба хонаводаи пурнуфузи Соҳибовҳо тааллуқ дошта, ба номи бобои Исмоил номгузорӣ шудааст, бар уҳда дорад. Дар ин бошгоҳ, ки соли 2019 таъсис ёфтааст,  паҳлавонони ояндадори тоҷик машқ мекунанд ва то имрӯз дастпарварони бошгоҳи “Ҳоҷӣ Шариф” дар арсаи байналмилалӣ 171 медал, аз ҷумла 47 тилло, 30 нуқра ва 94 биринҷӣ ба даст овардаанд. Сомон Маҳмадбеков соли 2019 низ ҳамчун намояндаи бошгоҳи “Ҳоҷӣ Шариф” қаҳрамони ҷаҳон дар гуштини дзюдо дар байни ҷавонон шуда буд.

Исмоил ҳамчунин бо иштироки фаъолонааш дар корҳои хайр ва дастгирии варзишгарону ҳунармандон ном баровардааст. Ӯ аз ҷумла пули табобати чандин кӯдак аз оилаҳои ниёзмандро ба уҳда гирифта, ба чандин оилаи муҳтоҷ ҳатто хонаву дар туҳфа кардааст.

Аз ҷумла соли 2020 ин набераи президенти Тоҷикистон табобати як кӯдаки мариз аз шаҳри Тошкандро ҳам ба уҳда гирифта буд. Дар видеое ки нашр шуд, дида мешуд, ки чанд ҷавон дари хонаи модару бибии он кӯдакро кӯфта, ба онҳо аз номи Исмоили Муҳаммадзоир дар як лифофа пули табобати тифлро месупоранд.

Моҳи январи соли 2021 Исмоил табобати як кӯдаки 13-солаи мариз аз Истаравшанро бар уҳда гирифт. Дар як видео бибии кӯдаки мариз қисса кард, ки чӣ гуна барои табобати наберааш дар ба дари идораҳои гуногун давиданд ва дар ниҳоят Исмоили Муҳаммадзоир ба кумаки онҳо расид. Дар видео дида мешуд, ки бибии кӯдак ашк дар чашм даст ба дуо кушода, да ҳаққи Исмоил дуои хайр мекунад.

Ҳамин тавр, моҳи сентябри соли 2020  гузориш шуда буд, ки Исмоили Муҳаммадзоир ба сокинони Турсунзода Муҳаррам Очилова ва духтари ӯ дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Турсунзода хонаҳои навсохт туҳфа кардааст.

Муҳаррама Очилова қаблан шикоят карда буд, ки дар як шароити хеле сахту тоқатфарсо дар ферма зиндагӣ мекунад. “Бовар кунед, вақтҳое мешаванд, ки се-чор рӯз нони хӯрдан наёфта, гушнаву ташна мешинем. Ман ба ҳамааш тоқат мекунам, вале дигар тоби бардоштани суханони талхи соҳибони фермаро надорам. Онҳо ман, як зани қариб 60-соларо дашномҳои қабеҳ медиҳанд, худам ва ҳатто модари раҳматиамро ҳақорат мекунанд. Бе кафан, бе Ватан ва бе соҳиб гуфта, таҳқир менамоянд…” –  зор-зор гиря карда, қисса мекард Муҳаррам Очилова. Ин қиссаи талх Исмоилро чунон ба риққат овард, ки ӯ барои ин оила якбора ду хона харида дод.

Исмоили Маҳмадзоир президенти нави Федератсияи дзюдои Тоҷикистон интихоб шуд

Ноябрь 19, 2022 14:30

ДУШАНБЕ, 19.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷаласа роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва  варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, аъзоёни кумитаи иҷроияи федератсия, мураббиёну доварон ва варзишгарон ширкат карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.

Рӯзномаи ҷаласаи аз ду масъала — интихоби Президенти Ташкилоти ҷаъиятии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва интихоби ноиби президент иборат буд.

Пас аз тасдиқи рӯзнома ва тартиби кори ҷаласа ҳозирин ба баррасии масъалаи аввали Конфронс — интихоби президенти нав шуруъ намуданд. Вобаста ба масъалаи мазкур қайд карда шуд, ки дар мувофиқа бо Президенти Федератсияи дзюдои байналмилалӣ Мариус Визер Президенти феълии Федератсияи дзюдои  Тоҷикистон Нурулло Лоиқов бо хоҳиши худ аз мансабаш истеъфо дода, номзадии Исмоили Маҳмадзоир ба симати Президенти нави Федератсияи дзюдо Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Бо ҷонибдории якдилонаи иштирокчиёни ҷаласа Исмоили Маҳмадзоир президенти нави Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 интихоб карда шуд.

Яке аз вазифаҳои муҳими тамоми масъулин ва роҳбарияти тозаинтихоби Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ин дарёфти шумораи бештари роҳхатҳои олимпӣ ва махсусан медали деринтизори олимпӣ мебошад.

Исмоили Маҳмадзоир дар навбати худ барои боварӣ изҳори миннатдорӣ карда, афзуд ки баҳри рушди дзюдо дар мамлакат, дастгирии варзишгарон ва боз ҳам баланд бардоштани нуфузи  варзишии кишвар  тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳад.

Исмоили Маҳмадзоир тӯли солҳои охир ба густариши варзиш ва оммавӣ гардонии тарбияи ҷисмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда,  дар самти дастгириии дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб нақши босазо гузошта истодааст. Дар баробари ин клуби ҷудои «Ҳоҷӣ Шариф»-ро сарпарастӣ намуда, дар тарбияи дзюдочиёни  наврасу ҷавон саҳмгузор мебошад.

Ҳамзамон аз рӯйи  масъалаи дуюми  рӯзномаи ҷаласа Нурулло Лоиқ ба вазифаи ноиби Президенти  ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2022-2026 пешниҳод гардида, якдилона  аз ҷониби иштирокчиён  қабул шуд.

АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button