Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ПИЁДАГАРДИ НОБОЛИҒ ДАР РОҲИ ТУРСУНЗОДА – ШАҲРИНАВ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи боз як садамаи марговар, ки боиси ҳалокати пиёдагарди ноболиғ шудааст, хабар дод. Бино ба иттилои ВКД, шоми 17-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 17:20, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Вектра”, Ҳакимов Ориф Нусратуллоевич, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Шарифов Хуршед Зубайдуллоевич, соли таваллудаш 2009, сокини шаҳри Турсунзодаро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Шарифов Х.З. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳолат тахқиқот идома дорад.

Аз аввали ҳафтаи ҷорӣ дар бораи ҳалокати дастикам 7 нафар бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон гузоришҳо ба даст расидааст.

Дар умум ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй додааст. Дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Худро ва азизони худро эҳтиёт кунед!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button