Ҳодиса

БА ФУТБОЛБОЗОНИ ЯККАЧИНИ РУСИЯ ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ ТОҚИИ ЧАКАН ПӮШОНДАНД (ВИДЕО+АКСҲО)

Тими миллии Русия таҳти раҳбарии сармураббӣ Валерий Карпин шоми 15 ноябри соли 2022 барои анҷоми бозии дӯстона бо тими яккачини Тоҷикистон вориди Душанбе шуд. Ин бозӣ шоми 17 ноябр, соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 18:00 ба вақти Маскав) дар Варзишгоҳи марказии Душанбе (собиқ варзишгоҳи ба номи Фрунзе) баргузор мешавад.

Федератсия футболи Тоҷикистон хабар дод, ки меҳмононро дар фурудгоҳи Душанбе роҳбарони ФФТ гарм истиқбол гирифтанд ва ба ҳамаи аъзои тими Русия тоқиҳои чакан ва гарданбандҳо бо  рамзи парчами Тоҷикистон туҳфа карданд. Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки чӣ гуна дар фурудгоҳ ба сари ҳар футболбози тими Русия тоқӣ пӯшонда, ба гарданаш шарф (гарданбанд) меандозанд. Чунин гарданбандҳоро маъмулан мухлисони тоҷик дар бозиҳои дастаҳои яккачини кишвар ба гардан меандозанд.

Валерий Карпин дар як суҳбати кӯтоҳ дар фурудгоҳ гуфт: “Ҳар варзишгар ҳамеша мехоҳад, ки ғалаба кунад. Мо ҳам инро мехоҳем, тими яккачини Тоҷикистон ҳам. Дар майдон хоҳем дид, ки кӣ қавитар аст? Албатта, мо мехоҳем маҳорати бозигаронеро бубинем, ки то кунун дар бозиҳои байналмилалӣ иштирок накардаанд. Хеле хушем аз он ки дар Тоҷикистон моро чунин пешвоз гирифтанд. Алакай аз 10 дақиқаи аввал дида мешавад, ки моро дар инҷо хеле самимона истиқбол мегиранд”.

Карпин ба Душанбе 26 футболбозро овардааст, ки аксараш бори аввал ба саффи тими миллии Русия даъват шудаанд. Аммо дарвозабони тими “Краснодар” Матвей Сафонов ба сабаби лат хӯрдан ва нимҳимоятгари  “Спартак” Антон Зинковский ба сабаби шамол хӯрданаш ба Душанбе омада натавонистанд. Масъалаи иштирок кардан ё накардани Зинковскийро бояд табибон ҳал кунанд. Нимҳимоятгари “Зенит” Далер Кузяев, ки падару модараш  тоторҳои зодаи Тоҷикистонанд, баъди бозии “Зенит” бо “Факел” дар Воронеж роҳии Душанбе мешавад.

Федератсия футболи Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, ки рӯзи 16 ноябр тими миллии Тоҷикистон барои омодагӣ ба бозӣ бо Русия дар ҳайъати пурраш ҷамъ омад. Мураббии хорват Петр Сегрт 27 футболбоз, аз ҷумла 14 легионерро ба ҳайъати тими миллӣ даъват кардааст. Дар ихтиёри Сегрт 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар қарор доранд.

Ҳайъати тими миллии Тоҷикистон барои бозӣ бо тими Русия чунин аст:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Ӯзбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Ӯзбекистон), Меҳрубон Каримов («Динамо-Авто», Молдова), Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Алиҷон Кароматуллозода, Далер Имомназаров (ҳама аз «Истиқлол»);

Нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов (АГМК, Ӯзбекистон), Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Эҳсони Панҷшанбе («Зуб Оҳан», Эрон), Алиҷони Айнӣ («Краснодар-2», Русия), Комрон Турсунов (TРАУ, Ҳиндустон), Муродалӣ Ақназаров («Анталяспор», Туркия), Хусрав Тоиров («Атирау», Қазоқистон), Салам Ашӯрмамадов («Броук Бойз», Русия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»), Хуршед Абдуллоев (КМВА, Душанбе), Азизбек Ҳаитов («Динамо», Душанбе);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Ислоч», Беларус), Рустам Соиров («Левадия», Эстония), Манучеҳр Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).

Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).

Аммо Валерий Карпин, сармураббии тими миллии футболи Русия барои анҷоми бозиҳои дӯстона бо тимиҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки ҳарду дар меҳмонӣ: 17 ноябр дар Душанбе ва 20 ноябр дар Тошканд сурат мегиранд, асосан футболбозони ҷавонеро даъват кардааст, ки аксараш шояд бори аввал дар ҳайъати тими миллии Русия бозӣ кунанд. Албатта, чанд ситора, ба мисли дарвозабон Антон Шунин, ҳимоятгар Георгий Ҷикия, нимҳимоятгарон Андрей Мостовой ва Далер Кузяев, ки падару модараш зодагони Тоҷикистонанд, ва ҳамлагар Фёдор Чалов ҳам ба ҳайъати тими миллии Русия даъват шудаанд. Вале Карпин зоҳиран тасмим гирифтааст, ки дар Душанбе ва Тошканд асосан ба ситораҳои тозанумӯи футболи Русия шанс бидиҳад ва ҳамзамон маҳорату истеъдоди онҳоро бисанҷад.

Қарори маълум, дар пайи ҷанги Русия ба зидди Украина, дастаҳои яккачини Русия ва бошгоҳҳои ин кишвар аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалие, ки ФИФА ва УЕФА доир мекунанд, маҳрум карда шудаанд. Иттиҳоди футболи Русия танҳо замоне барои ташкили бозиҳои рафиқонаи тими миллии Русия бо тимҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба федератсияҳои футболи ин ду кишвар муроҷиат кард, ки бисёре аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Эрон, ин пешниҳодро напазируфтанд ва тими миллии Босния ҳатто аз баргузории бозии рафиқонааш бо тими миллии Русия, ки алакай барои рӯзи 19 ноябр дар Петербург барномарезӣ шуда буд, даст кашид.

Ҳайъати ниҳоии тими миллии футболи Русия барои машқҳои моҳи ноябр:

Дарвозабонҳо: Антон Шунин («Динамо»), Александр Селихов («Спартак»), Матвей Сафонов («Краснодар»), Сергей Песяков («Ростов»).

Ҳимоятгарон: Вячеслав Караваев («Зенит»), Даниил Хлусевич, Георгий Ҷикия, Руслан Литвинов (ҳарсе — «Спартак»), Максим Осипенко, Александр Силянов (ҳарду— «Ростов»), Артем Макарчук («Сочи»), Иля Агапов («Пари НН»), Александр Солдатенков («Крилья Советов»).

Нимҳимоятгарон: Дмитрий Баринов, Артем Карпукас, Антон Миранчук (ҳарсе— «Локомотив»), Данил Глебов, Даниил Уткин (ҳарду — «Ростов»), Далер Кузяев, Андрей Мостовой (ҳарду— «Зенит»), Никита Кривцов («Краснодар), Сергей Пиняев («Крилья Советов»), Даниил Фомин, Арсен Захарян (ҳарду— «Динамо»), Антон Зинковский («Спартак») ва Лечи Садулаев («Ахмат»).

Ҳуҷумкунандагон: Фёдор Чалов (ЦСКА), Николай Комличенко («Ростов»), Александр Соболев («Спартак») ва Владимир Сичевой («Оренбург»).

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button