Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонҶанг дар Украина

САРЛАШКАРИ ЭРОНӢ: БА ТОҶИКИСТОН ТАЪКИД КАРДЕМ, КИ ДРОНҲОИ МОРО ЗИДДИ ҚИРҒИЗИСТОН ИСТИФОДА НАКУНАД

Генерал Муҳаммад Боқирӣ, фармондеҳи ситоди кулли артиши Эрон рӯзи 9 ноябри соли 2022 дар як суҳбати телефонӣ бо вазири мудофиаи Қирғизистон Бахтибек Бекболотов омодагии Эрон барои мусоидат ба ҳалли сулҳомези баҳсҳои марзии байни Қирғизистону Тоҷикистонро изҳор дошт ва бо тасдиқи хабари ба Тоҷикистон додани паҳподҳо, ё ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ гуфт, ки ин дронҳои тамғаи “Абобил 2”  бесилоҳанду табиати таҳоҷумӣ надоранд. Аз сӯи дигар, афзудааст сарлашкари Эрон, мақомоти Ҷумҳурии исломӣ ба ҷониби Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки ин ҳавопаймоҳоро зинҳор дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон истифода накунад.

Маҳдии Бахтиёрӣ, хабарнигори хабаргузории нимарасмии эронии “Тасним” аз суханони генерал Боқирӣ чунин нақли қавл кардааст: “Паҳподҳое, ки ба Тоҷикистон додем, аз навъи “Абобил 2” аст, ки сирфан дорои қобилияти шиносоӣ ҳастанд ва таслиҳот ва таҷҳизоти таҳоҷумӣ надоранд. Ба Тоҷикистон таъкид кардем, дар даргирии марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон аз ин паҳподҳо истифода накунанд”.

Эрон қаблан гуфта буд, ки чанд кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон хостори харидории ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ шудаанд. Ҳамин тавр, моҳи майи соли ҷорӣ зимни боздиди генерал Боқирӣ аз Тоҷикистон, расонаҳои Эрон аз ифтитоҳи як корхонаи муштараки тавлиди паҳподҳои эронии навъи “Абобил 2” дар Душанбе хабар дода буданд. Вале ин бори аввал аст, ки як мақоми баландпояи Эрон алакай ба Тоҷикистон додани миқдоре аз паҳподҳоро тасдиқ мекунад.

Моҳи сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон даргириҳои хунине сар зад, ки аз ду тараф беш аз 140 кушта ва ҳудуди 750 захмӣ ба ҷо гузошт. Ҷониби Қирғизистон дар ҷараёни даргириҳо аз ҳавопаймоҳои бесарнишини туркӣ тамғаи “Байрақдор” зиёд истифода бурд ва дар ду ҳамлаи ин паҳподҳо дар ҷамоати Овчӣ Қалъача 18 сокини мулкӣ кушта шуданд.

Он рӯзҳо дар сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ бисёриҳо аз мақомҳои ҳарбии Тоҷикистон мепурсиданд, ки он корхонаи муштараки тавлиди паҳподҳои эронӣ чӣ шуд ва чаро ҷониби Тоҷикистон дар ин ҷанг бо Қирғизистон аз ин паҳподҳо истифода набурд?

Масъалаи ин корхонаи тавлиди дронҳои эронӣ дар ин авохир дар пасманзари истифодаи Русия аз дронҳои сохти Эрон дар ҷангаш ба зидди Украина дигарбора доғ шуд.

Журналисти украинӣ Дмитрий Гордон дар поёни моҳи октябр Тоҷикистонро ба он айбдор кард, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини эроние, ки ба таъбири Гордон, “ русҳо баъдан бо онҳо украиниҳоро мекушанд”, дар Тоҷикистон сохта мешаванд. Ӯ аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хост, ки агар ин маълумот дуруст набошад, онро расман рад кунад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба дунбол ин иддаои Гордонро расман рад кард.

 “Таъкид мекунем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба содироти техникаи ҳарбӣ ба кишварҳои сеюм машғул нест. Ба ҷаноби Гордон тавсия медиҳем, ки дар оянда ба чунин навъ шарҳҳо бо таваҷҷуҳ муносибат кунад ва дурустии маълумотеро, ки нашр мекунад, бисанҷад”, – гуфта мешуд дар изҳороти расмии Душанбе.

Эрон ахиран дар пайи суқути даҳҳо паҳподаш дар  ҷанги Украина эътироф кард, ки ба Русия паҳподҳои ҷангӣ фурӯхта буд. Вале Теҳрон исрор дорад, ки ин додугирифт дар аввали соли ҷорӣ, ҳанӯз то шурӯи ҷанги Русия бо Украина сурат гирифтааст. Вале дар Украина ва Ғарб мегӯянд, ки Русия аз моҳи сентябр ба истифодаи дронҳои эронӣ дар Украина оғоз кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button