ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БАРХӮРДИ МАРГБОРИ ДУ СКУТЕР ДАР ҚУБОДИЁН, ДУЗДИИ ПУЛ ДАР БОЗОРИ ИСТАРАВШАН ВА ҚАЛЛОБӢ ДАР МАҒОЗАИ “АРЗОН”

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 2 майи соли 2024

Бар асари бархӯрди ду “Скутер” ронанда ба ҳалокат расид

01

30-юми апрели соли 2024, тахминан соатҳои 11:45-дақиқа, ронандаи дучархаи тамғаи “Скутер”, Сафаров Элназар Бобоқулович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Қизил-Нишон ба самти ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи дучархаи мазкур набаромада, ба дучархаи тамғаи “Скутер”, таҳти идораи ноболиғ Муъминов Умаралӣ Равшанович, соли таваллудаш 2007, сокини ҳамин ноҳия бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи дучархаи тамғаи “Скутер” Сафаров Э.Б. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи дучархаи дигари “Скутер” ноболиғ Муъминов У.Р. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаридидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ифшо шудани ҳолати дуздии маблағ дар бозор

030

Ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан аризаи зани 53-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 15-уми апрели соли 2024, тахминан соати 12:05-дақиқа, ҳангоми дар бозори марказии шаҳри Истаравшан қарор доштанаш шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ 1-адад ҷузвдонашро, ки дар дохилаш 5 ҳазор сомонӣ буд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 35-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани кирдори қаллобии марди 33-сола

12

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 25-уми апрели соли 2024, дар мағозаи хӯроквории «Арзон», воқеъ дар кӯчаи Меҳнати пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 230 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button