ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

НАҚШАИ БАҲОРИИ ДАЪВАТ БА АРТИШ ДАР ЯК МОҲИ АВВАЛ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ (7 АКС)

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 1 майи соли 2024 бо ҷамъбасти натиҷаҳои як моҳи аввали мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ хабар дод, ки дар моҳи апрели нақшаи умумии даъват ба артиш 70 фоиз иҷро шудааст. Барои муқоиса, дар моҳи аввали даъвати тирамоҳӣ, яъне дар моҳи октябри соли 2023 нақша 75 фоиз ва дар моҳи апрели соли гузашта, яъне дар моҳи аввали даъвати баҳории порсола ҳамагӣ 63 фоиз иҷро шуда буд.

Даъвати баҳории имсола бо он фарқ мекунад, ки дар як моҳи аввал, хушбахтона, шикоятҳо дар бораи “облава”, яъне маҷбуран аз кӯчаву бозорҳо доштану ба комиссариатҳои ҳарбӣ бурдани ҷавонони синну соли даъватӣ тақрибан ба гӯш нарасидааст.

Полковник  Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуоти вазорати мудофиаи Тоҷикистон  гуфт, дар тӯли моҳи апрели соли 2024 алакай беш аз 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ва як вилоят нақшаи даъватба саффи Қувваҳои мусаллаҳро пурра иҷро кардаанд.

 “Дар нахустин рӯзи даъват, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ, шаҳру навоҳии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд ва чанд соли охир ин вилоят иҷрои нақшаро пеш аз мӯҳлат ва дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ аввалин шуда дар ҷумҳурӣ ба итмом мерасонад”, – гуфтааст полковник Маҳмадализода.

Ӯ ҳамин тавр, дар бораи алакай нақшаи даъватро пурра иҷро кардани ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод ва шаҳри Роғун дар водии Рашт ва ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон, Муъминобод, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Қубодиён ва шаҳрҳои Нораку Левакант дар вилояти Хатлон  хабар дода гуфт, ки дар умум иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ то имрӯз ба 74 фоиз расида ва дар вилояти Хатлон ба  86 фоиз наздик шудааст.

Ҳамин тавр, бино ба иттилои сухангӯи вазорати мудофиа, иҷрои нақша дар вилояти Суғд дар як моҳи аввали мавсими даъвати баҳорӣ 55 фоиз ва дар Душанбе 51 фоизро ташкил додааст, вале ба гуфтаи Фаридун Маҳмадализода, “масъулини мақомоти давлатии вобастаи даъват дар 4 ноҳияи пойтахт азм доранд, ки ин чорабинии муҳими сиёсиро бо сифати баланд ва пеш аз мӯҳлат ба анҷом расонанд”.

Фаридун Маҳмадализода навиштааст,”омилҳои пеш аз мӯҳлат дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат иҷро гардидани нақшаи даъват агар аз як тараф ин ба дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ, бунёди заминаҳои хуби моддиву таълимӣ дар ҷузъу том ва ба таъмини ҳамаҷонибаи шароитҳои хизмативу маишӣ вобастагӣ дошта бошад, аз ҷониби дигар ин ба зиёд будани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ, фаъолияти хубу назарраси комиссияҳои даъватӣ ва аз ҳама асосӣ, ин пойдории фазои сулҳу суботи Тоҷикистони маҳбуб арзёбӣ мешавад, ки хушбахтона, шаҳрвандони мамлакат имкон доранд, ки дар муҳити орому осоишта ва дар Ватани азизи худ хизмати пуршарафи Модар-Ватанро адо намоянд”.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ду мавсими даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии соли гузашта нақшаи умумӣ дар ҷумҳурӣ дар ниҳоят иҷро нашуд, зеро маркази матбуоти вазорати мудофиа натиҷаҳои ниҳоии он ду маъракаро нашр накард.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: дар баҳор аз 1 апрел то 31 май ва тирамоҳ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад.

Ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “иҳотагирӣ” ҷараён мегирифт.  “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава”-шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.

Ҳамин тавр, мақомот гоҳо волидони ҷавонони даъватшавандаеро, ки дар мардикорӣ дар Русияанд, “гаравгон” мегирифтанд ва танҳо баъди бозгашти фарзандашон аз Русияву ҳозир шудани ӯ ба комиссариати ҳарбӣ волидонро ҷавоб медоданд.

 Вақтҳои охир мақомот аз усули нав кор гирифта, интиқоли нирӯи барқро ба ин ё он минтақа қатъ карда, шарт мегузоранд, ки танҳо дар сурати иҷрои нақшаи даъват, яъне аз ҳар ҷо, аз ҷумла аз Русия баргардондану  ҷамъ овардан ва ба хидмат фиристодани ҷавонони сокини ин минтақа, барқи онҳоро аз сар хоҳанд дод.

Дар ҷомиа чунин шеваҳои маҷбуран ба саффи артиш бурдани ҷавононро маҳкум мекунанд ва мегӯянд, мақомоти ҳарбӣ бояд шароитро дар артиш хубтар кунанд, то ки волидон бо дили пур фарзандонашонро ба хидмат равон кунанд ва ҷавонон низ аз хидмати ҳарбӣ нагурезанд. Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз роҳбарони Тоҷикистон чандин бор даъват кардаанд, ки ба ин таҷрибаи “облава”, ки обрӯи давлатро мерезонад, нуқта гузоранд.

Соли 2021 ба қонунгузории Тоҷикистон тағйироте ворид карда шуд, ки ба шаҳрвандон имкон медиҳад, бо пардохти маблағи муодили 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (барои соли 2022 ин маблағ 26 ҳазору 880 сомониро ташкил медиҳад) ҳамагӣ як моҳ хидмат карда, аз хидмати ҳарбии дусола озод шаванд.  Мақомот низ бар ин бовар буданд, ки ин дасти фасодро дар арсаи даъват ба артиш хеле кӯтоҳтар карда, имкон медиҳад, ки маблағҳои аз ин ҳисоб бадастомада барои беҳтар кардани шароити хидмати аскарони боқимонда сарф карда шавад.

Аммо аз 1 сентябри соли 2023 маблағи хидмати алтернативӣ дар Тоҷикистон қариб 2 маротиба боло бурда шуда, имсол то 54 ҳазор сомонӣ расид, ки ба бовари аксар, хеле зиёду миёншикан буда, шумораи талабгорони хидмати алтернативиро кам ва дигарбора деги коррупсияро дар комиссариатҳои ҳарбӣ гарм мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button