ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатҶанг дар Украина

АМРИКО БАРОИ УКРАИНА ҚАРИБ 61 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР КУМАК ҶУДО КАРД

Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико рӯзи 20 апрели соли 2024 бастаи иборат аз 95 миллиард доллар кумакҳо барои Украина, Исроил, Тайван ва дигар муттаҳидони Иёлоти Муттаҳида дар ҳавзаи уқёнусҳои Ҳинду Оромро тасдиқ кард. Ин бастаи кумакҳо расондани ёриҳои башарӣ ба сарзаминҳои фаластинии навори Ғазаро ҳам пешбинӣ мекунад.

Аз ин 95 миллиард доллар 60 миллиарду 840 миллионаш барои Украина пешбинӣ гардида, аз ҷумла 23 миллиард доллараш барои харидории силоҳҳои амрикоӣ, 11 миллиардаш барои маблағгузории амалиётҳои ҳарбии Амрико дар Украина ва минтақа, аз ҷумла барои таълим додани ҳарбиёни украинӣ дар кишварҳои хориҷӣ ва таҳкими ҳузури нирӯҳои Амрико дар кишварҳои ҷабҳаи шарқии НАТО, қариб 14 миллиарди дигар барои харидории силоҳу дигар маҳсулоти ҳарбӣ равона гардида, Амрико ҳамчунин барои кумак ба иқтисоди Украина низ 7 миллиарду 850 миллион доллар қарз ҷудо мекунад. New York Times навиштааст, ки президенти Амрико ин қарзро метавонад бибахшад.

Амрико барои Исроил 26 миллиард доллар ҷудо мекунад. Барои кумак ба аҳолии мулкӣ дар маҳалли муноқишаҳои мусаллаҳона, аз ҷумла дар навори Ғаза, 9,1 миллиард доллар ҷудо гарДида, 8 миллиарду 120 миллион доллар барои ҳавзаи уқёнусҳои Ҳинду Ором ва “муқобила бо режими коммунистии Хитой” ихтисос дода мешавад.

Ҳамчунин Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико аз пешниҳоди ба манфиати Украина мусодира кардани молу пулҳои дар хориҷ мунҷамидшудаи Русия пуштибонӣ карда, имкони ҷорӣ кардани таҳримоти нав ба зидди Русияву Хитой ва Эронро низ дар бар гирифтааст. Вакилони амрикоӣ ҳамчунин аз қароре пуштибонӣ карданд, ки агар ширкати хитоии  ByteDance шабакаи ТикТокро то як соли дигар ба дигарон нафурӯшад, ТикТокро дар Амрико бубанданд.

Барои ҷудо кардани кумак ба Украина 311 вакили Маҷлиси намояндагон: 210 вакили демократ ва 101 вакили ҷумҳурихоҳ овози мувофиқ ва 112 вакили ҷумҳурихоҳ овози мухолиф доданд. Мизони пуштибонӣ аз барномаи кумак ба Украина дар Маҷлиси намояндагони Конгресс аз ҳама пойинтарин буд. Барои муқоиса, аз барномаи кумак ба Тайван 385 вакил ва аз барномаи кумак ба Исроил 366 вакил пуштибонӣ карда, 360 вакил аз пешниҳоди ба манфиати Украина мусодира кардани молу пулҳои Русия тарафдорӣ карданд.

Президенти Украина Владимир Зеленский бо истиқбол аз тасмими Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико дар шабакаи Х (собиқ Твиттер) навишт: “Тарҳи қонуни ёриҳои ҳаётан муҳими Амрико, ки Маҷлиси намояндагон имрӯз қабул кард, пеши роҳи густариши ҷангро гирифта, ҳазорон нафарро аз марг наҷот медиҳад ва ба кишварҳои мо имкон медиҳад, ки қавитар шавем. Амрико ва сулҳи одилонаро метавон танҳо бо нирӯ ба даст овард. Мо умедворем, ки Сенат низ аз ин тарҳи қонунҳо пуштибонӣ мекунад ва онҳо барои имзо ба рӯи мизи президент Байден гузошта хоҳанд шуж. Сипос, Амрико!

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия Владимир Путин бошад баракс аз тасмими Маҷлиси  онгресси Амрико интиқод кард. Суханони Песковро ТАСС нақли қавл кардааст: “Ин Иёлоти Муттаҳидаро боз ҳам бойтар ва Украинаро вайронтар мекунад, боиси ҳалокати шумори боз ҳам бештари украиниҳо бо айби режими Киев мешавад. Мусодира молу пулҳои Русия …. ба обрӯи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико латмаи ислоҳнопазир мезанад ва Амрико барои ин кораш ҷавоб хоҳад дод”.

Баҳси бастаи ёриҳо ба Украина дар Конресси Амрико аз поёни соли 2023 қариб 5 моҳ боз идома дошт. Ҷумҳурихоҳон дар ивази ҳимояти худ аз ин бастаи кумакҳо таҳкими марз бо Мексика барои пешгирӣ аз вуруди беисти муҳоҷирон ба Амрикоро талаб доштанд. Моҳи феврал маъмурияти президенти Амрико Ҷо Байден ба гузашт дар ин масъала розӣ шуд, вале номзади ҷумҳурихоҳон ба президентӣ Доналд Трамп ин муомиларо напазируфт ва вакилони ҷумҳурихоҳ аз  тарҳи гузашткоронаи қонуни бастаи ёриҳо ба Украина ҳам ҷонибдорӣ накарданд.

Бисёре аз силоҳҳои ҳаётан муҳим барои идома ҷанг, аз ҷумла мушакҳои дифои зиддиҳавоӣ (ПВО) ва тирҳои тӯпро Украина аз Амрико дарёфт мекард ва бино ба хулосаи Пажуҳишгоҳи мутолиоти ҷанг, қатъи ироаи кумакҳо аз ҷониби Амрико ба вазъ дар ҷабҳаи ҷанги Русияву Украина таъсир расонд: артиши Украина ба камбуди силоҳ  ва ба як шароити хеле мушкил дучор гардида, ба ақибнишинӣ маҷбур шуд ва Русия бо истифода аз чунин фурсат тавонист бархе нуқтаҳои аҳолинишинро ишғол кунад. Таҳлилгарон ҳадс мезаданд, ки дар сурати идомаи камбуди силоҳ, нирӯҳои Украина метавонанд ба шикастҳои ҷиддитаре ҳам дучор шаванд.

Акнун бастаи аз ҷониби Маҷлис қабулшудаи ёрпиҳоро бояд Сенат аз нав тасдиқ кунад. Дар Сенат аксарияти вакилон аз Украина ҳимоят мекунанд ва раҳбари аксарияти Сенат демократ Чак Шумер навишт, ки сенаторҳо “алакай рӯзи сешанбеи 23 апрел қироати аввалро ба анҷом мерасонанд”.

https://www.threads.net/@senschumer/post/C5_xNF5xAc3

Дар умум интизор меравад, ки дар давоми ҳафтаи оянда тарҳи қонун аз овоздиҳӣ дар Сенат гузашта, барои имзо ба президенти демократи Амрико Ҷо Байден супурда мешавад. Байден, ки тарафдори идомаи ёриҳо ба Украина аст, ваъда додааст, ки баробари ба дасташ расидани тарҳи қонун, онро имзо хоҳад кард.

Дар ҳафтаи ҷорӣ нашрияҳои Politico ва Washington Post хабар доданд, ки Пентагон (вазорати мудофиаи Амрико) аз қабл як бастаи бузурги ёриҳои ҳарбӣ барои Украинаро омода кардааст ва баробари тасдиқи ниҳоии қонуни кумакҳо ин бастаи ёриҳо дар зарфи “камтар аз як ҳафта”  ба Украина бурда, расонда мешаванд.

Русия, ки ҳанӯз соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро ишғол карда, аз ҳамон вақт ҷудоиталабони рӯ ба Маскавро дар ҷумҳуриҳои худхондаи “ДНР” ва “ЛНР” пуштибонӣ мекард, 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи гӯё “ҳимоят аз аҳолии русзабони Донбасс” ба қаламрави Украина ҳамла кард. Тайи беш аз ду соли ҷанг аз ҳарду тараф даҳҳо ҳазор нафар кушта ва беш аз ним миллион нафар маъюбу захмӣ шуда, садҳо шаҳру деҳа вайрону валангор карда шуданд.

Бар асоси гузоришҳои “Настоящее Время” ва  бахши русии ББС

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button