ВидеоДин ва боварҳоИлму фанноварӣ

8 НОЯБР ҲОДИСАИ ГИРИФТИ МОҲ, Ё ҲОДИСАИ МОҲИ ХУНИН РУХ МЕДИҲАД

Олими тоҷик Ризои Баҳромзод дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки  рӯзи 8-уми ноябри 2022 аҳли сайёра шоҳиди Гирифти Моҳ (Хусуф, Моҳгирифтагӣ) мешаванд. Ба навиштаи пажуҳишгари тоҷик, ин ҳолатест, ки Замин дар байни Офтобу Моҳ қарор мегирад ва сояи Замин ба сатҳи Моҳ афтода, ранги онро сурхчатоб мегардонад.

Ризои Баҳромзод навишт, дар Душанбе гирифти пурра (максимуми он дар 15:59 ба вақти Душанбе) мушоҳида намешавад, зеро тулӯи Моҳ ба вақти Душанбе соати 17:14 ба амал меояд. Дар Тоҷикистон соати 17:27 ҳолати аз ҳама зиёд зери соя қарор гирифтани Моҳро мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар ин ҳол 33,8%-и сатҳи Моҳро соя мепӯшад. Ин ҳодиса то соати 18:56 давом мекунад ва ба навиштаи Ризои Баҳромзод, агар ҳаво хуб шавад, ин ҳодисаро метавон ба хубӣ дар Тоҷикистон ҳам мушоҳида кард.

Гирифти Моҳ метавонад дар як сол аз 2 то 4 маротиба ба амал ояд. Дар соли 2022 ин аҳодисаи дуюми гирифт аст (ҳодисаи аввал 16 май рух дода буд). Гирифти навбатии Моҳ 5-уми майи соли 2023 ба амал хоҳад омад.

Агар вазъи ҳаво хуб бошаду Моҳ намоён гардад, тоҷикистониён ин ҳодисаро бо чашми оддӣ мушоҳида карда метавонанд.

Ин ҳодиса ба инсонҳо тамоман зарар надорад ва як раванди табиӣ мебошад, навиштааст Ризои Баҳромзод.

Қарори маълум, дар давраҳои гузашта мавридҳои гирифти моҳ ё офтоб мардумро сахт метарсонд ва барои пешгирӣ аз ҳар гуна офатҳо дар лаҳзаҳои гирифтани моҳу офтоб намоз мехонданд ва ҳатто маросимҳои вижа ҳам бургузор мекарданд. Гуруҳи дигар аз пеш шишапораҳои дар оташ сиёҳ мекарданд, то ки лаҳзаи гирифтани моҳ ё офтобро хубтар бубинанд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 25 октябри соли 2022 яке аз ҳодисаҳои дигари ҷолиби астрономӣ – гирифти Офтоб ба амал омада буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button