ВидеоСиёсатҶанг дар Украина

МО ИНТИХОБАМОНРО КАРДЕМ. СУХАНРОНИИ КАБИРӢ ДАР АНҶУМАНИ МУХОЛИФОНИ ПУТИН (ВИДЕО)

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизби оппозитсионии дар Тоҷикистон феълан мамнӯи наҳзати ислом ва Паймони миллӣ, як эътилофи нирӯҳои оппозитсияи тоҷик дар Аврупо, рӯзи 5 ноябри соли 2022 дар  анҷумани мухолифони президенти кунунии Русия Владимир Путин суханронӣ кард.

Ин ҳамоиш таҳти унвони “анҷумани вакилони халқи Русия” дар шаҳракаи Яблонна, дарк анори Варшава, пойтахти Полша (Лаҳистон) ҷараён дорад. Ташкилкунандагони анҷуман сиёсатмадорони мухолифи рус Иля Пономарёв, Геннадий Гудков ва Марк Фейгин ба Яблонна онҳоеро даъват кардаанд, ки зидди ишғоли Қрим ва ҷанги Русия ба зидди Украинаанд.

Муҳиддин Кабирӣ дар Яблонна гуфт, баъди Украина,  дигар кишварҳои минтақаро низ айни сарнавишт мунтазир аст ва аз ин рӯ, оппозитсияи тоҷик интихоби худро кард ааст: “…роҳбарони Русия ҳам интихоби ниҳоии худро карданд –  эҳёи Иттиҳоди Шӯравӣ, мутеъ кардани ҷумҳуриҳои собиқ, тақвияти пуштибонӣ аз вассалҳо ва ҳокими дастнишондаашон ва аз ҳама чизи хатарнок: дар минтақа аз байн бурдани тамоми нирӯҳову ҳаракатҳое, ки талабгори истиқлоли миллӣ ва давлатии халқҳои худ мебошанд. Мо, намояндагони халқҳои собиқ Шӯравӣ ва иштирокдорони ин ҳамоиш низ интихоби худро кардем — ин кумак ба пирӯзии Украина, кқмак ба Русия барои табдил ёфтан ба як кишвари озоду демократӣ ва кумак ба халқҳоямон дар мубориза барои истиқлол ва расидан ба пирӯзӣ дар ин мубориза аст ”, -изҳор дошт Кабирӣ дар суханрониаш дар анҷумани Яблонна.

Ба ақидаи раҳбари оппозитсияи тоҷик, инро ки “баъди Украина дигар кишварҳои минтақаро айни сарнавишт дар пеш аст, ҳокимони минтақаи мо низ мефаҳманд”.  Ин ҳокимон, бино ба мушоҳидаи Кабирӣ, заиф шудани “соҳибашон”, яъне Путинро низ ҳис мекунанд, ки як намунааш, ба гуфтаи ӯ, баҳси ошкори президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Путин дар як нишасти  ахири сарони кишварҳо дар Остона буд.

Кабирӣ мақомоти кунунии Русияро ба нотавонӣ ва бемайлӣ ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилал иаш айбдор кард ва аз ҷумла ёдрас кард, ки Русия яке аз кафилҳои Созишномаи сулҳи иттифоқан дар Маскав имзошудаи сулҳи тоҷикон ҳам буд.
“Вале вақте ки ҳокими Тоҷикистон бо истифода аз вазъи байналмилалӣ ин созишномаро поймол кард ва ҳизби наҳзати ислом, тарафи дигари сулҳро басту раҳбарони ҳизбро ба ҳабси абад маҳкум кард, Русия даст рӯи даст назад. Гузашта аз ин, моҳи сентябри соли ҷорӣ Русия ҳизби моро ба рӯйхатти созмонҳои террористӣ ворид кард, ки ин ҳам бо ақли солим ва ҳам бо нақши қаблии Русия дар таноқуз аст”, – изҳор дошт раҳбари оппозитсияи тоҷик.

Кабирӣ изҳори умед кард, ки тағйири режими ҳоким дар Русия ба ҳукмронии режимҳои диктаторӣ дар минтақа нуқта мегузорад ва Русия ба як кишвари озоду демократие табдил меёбад, ки халқҳои дигар худ ба сӯяш ҷазб шаванд, на инки мисли ҳозир танҳо бо шантажу таҳдид хостҳояшро болои дигарон бор кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button