ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ РОНАНДАИ НОБОЛИҒ ДАР РОҲИ КОРХОНАИ СЕМЕНТИ ДУШАНБЕ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 30-юми октябри соли 2022, тахминан соати 16:10, ноболиғ Тағоймуродов Нурмаҳмад Зокирович, соли таваллудаш 2005, сокини пойтахт, бе шаҳодатномаи ронандагӣ автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ронда, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Рӯдакӣ ба самти роҳи мошингарди корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби рости роҳ бархӯрдааст.

Дар натиҷа, худи ронандаи ноболиғ Тағоймуродов Н.З. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири ин мошин Сатторов Ҷамолиддин, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳолат таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй додааст. Дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Худро ва азизони худро эҳтиёт кунед!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button