ВарзишВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СЕ ФУТБОЛБОЗРО БАРОИ ЗАНОЗАНӢ ДАР БОЗИИ “ДИНАМО” – “КУКТОШ” ҶАЗО ДОДАНД

Рӯзи 27 октябри соли 2022 дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи навбатии Кумитаи назоратӣ-интизомӣ баргузор гардид, ки дар он қонуншиканиҳо дар ҷараёни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон рӯйдода, дақиқтараш маъслахаи занозанӣ дар бозии байни дастаҳои “Динамо” ва “Кӯктош” баррасӣ шуданд. Ҳарду даста дар лигаи якум бозӣ мекунанд. Кумита дар пайи баррасӣ чунин қарорҳо қабул кард:

– Барои вайрон кардани моддаи 7, банди 24-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум «Динамо» – «Куктош» (25 октябр), бозигари тими «Куктош» Холмурод Назаров бинобар барқасдона задани ҳариф аз ҳаққи 3 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7, бандҳои 19 ва 28.1.7-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум «Динамо» – «Куктош» (25 октябр), бозигари дастаи «Динамо» Меҳрубони Абдурауф бинобар гуфтани суханони қабеҳ ва кӯшиши фишори ҷисмонӣ расонидан ба масъулони бозӣ аз 4 вохӯрӣ маҳрум ва 250 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои риоя накардани моддаи 7, банди 28.1.7-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум «Динамо» – «Куктош» (25 октябр), бозигари дастаи «Динамо» Содиқ Қурбонов бинобар расонидани фишори ҷисмонӣ ба масъулони вохӯрӣ аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва 250 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Қаблан, рӯзи 25-уми октябр таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи навбатии Кумитаи назоратӣ-интизомӣ баргузор гардид, ки дар он қонуншиканиҳо дар ҷараёни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон рухдода, баррасӣ шуданд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7, банди 17-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои лигаи олӣ «Хуҷанд» – «Эсхата» (22 октябр), бозигари дастаи «Эсхата» Дилшодҷон Каримов бинобар истифодаи суханҳои таҳқиромез ё қабеҳ ва иҷрои имову ишораи таҳқиромез нисбат ба рақиб ё ягон шахси дигар аз 2 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои риоя накардани талаботи моддаи 6, банди 2-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои лигаи олӣ «Хуҷанд» – «Эсхата» (22 октябр), директори дастаи «Эсхата» Ҷамшед Ҳусейнов бинобар таҳқири ҳайати доварон аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7, банди 17-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои лигаи олӣ «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (22 октябр), бозигари тими «Равшан» (Кӯлоб) Муҳаммадалӣ Азизбоев бинобар барқасдона задани рақиб аз 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button