ВидеоИқтисод

ҚАЛАМРАВИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ ТО СОЛИ 2035 ЧОР МАРОТИБА АФЗОИШ ХОҲАД ЁФТ

Тибқи Генплан ё Нақшаи рушди ҷадиди шаҳри Панҷакент, ҳудуди ин шаҳри воқеъ дар вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон то соли 2035 аз ҳисоби деҳаҳои атрофаш 4 маротиба афзоиш хоҳад ёфт. Маркази мустақили ҳуқуқи инсон рӯзи 6 октябри соли 2022 бо такя ба як манбаъ дар шаҳрдории Панҷакент хабар дод, ки бар асоси Генплани нав, ба ҷои хонаҳои якқабатаи фарсуда дар ин шаҳр биноҳои баландқабата хоҳанд сохт.

Ба гуфтаи ин манбаъ, қаламрави шаҳри Панҷакент бар асоси нақшаи нави рушдаш, ки ҳаз соли 2017 аз ҷониби ширкати меъмории “Шаҳрофар” таҳия шудааст,  аз 656,5 гектар масоҳати кунунӣ то ба 2833,7 гектар, яъне беш аз 4 маротиба зиёд карда мешавад. Тибқи Генплани нав, бояд чандин деҳаи атрофи шаҳри Панҷакент, аз ҷумла деҳаҳои Кабудсанг, Наврӯзтеппа (Қӯштеппа), Деваштич, Шӯрча, Савр, Зебон, Нуристон, Чорводор, Чинор, Дарвозакам  ва деҳаҳои соҳили рости дарёи Зарафшон – Сари Камар, Ваҳдат ва Озодагон ба ҳудуди шаҳр ҳамроҳ карда шаванд.

 “Иҷрои марҳалаи аввали ин нақшаи рушд барои соли 2025 тарҳрезӣ шуда, ин нақша дар умум бояд то соли 2035 пурра ба анҷом расонда шавад. Тибқи нақша, дар маркази кунунии шаҳр ва сошили рости дарёи Зарафшон биноҳои баландқабата ва иншооти иҷтимоию фарҳангӣ сохта мешаванд. Бунёди биноҳои баландқабата дар соҳили чапи дарёи Зарафшон низ пешбинӣ шудааст. Дар хиёбони Рӯдакӣ хонаҳои фарсудаи якқабатаро вайрон карда, ба ҷои онҳо биноҳои баландқабатаи истиқоматӣ месозанд, ки дар қабатҳои аввали ин биношо марказҳои савдо ва хидматрасонӣ ҷойгир хоҳанд шуд”, – нақл кардааст ин манбаъ.

Ӯ афзудааст, ки дар нақшаи умумии рушди Панҷакент сохтмони ҳалқароҳи алтернативӣ низ пешбинӣ шудааст, ки ба воситаҳои нақлиёт имкон медиҳад бидуни вуруд ба дохили шаҳр ҳаракат кунанд.  Ҳамчунин ба муносибати 35-солагии истиқоли Тоҷикистон, ба гуфтаи вай, дар шаҳри Панҷакент ва ҷамоатҳои атрофи он бояд тақрибан 1000 иншоот бунёд шавад.

 “Дар ҳоли ҳозир тарҳи муфассали меъмории маркази шаҳр таҳия шуда истодааст. Таҳияи ин тарҳҳо бояд то поёни соли 2022 ба анҷом расонда шаванд”, – гуфтааст ин корманди шаҳрдории Панҷакент.

Шаҳри Панҷакент 40 ҳазор аҳолӣ дошта, дар тақрибан 270-километрии шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд ва 240-километрии Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дар водии Зарафшон ҷойгир шудааст. Аз Панҷакент то шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ҳамагӣ 60 километр роҳ аст.  Панҷакент соли 1953 расман мақоми шаҳрро гирифт, вале  ин шаҳр таърихи хеле қадима дорад, ки ҳанӯз аз асрҳои то милод ва  даврони тоисломӣ шурӯъ мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button