Хабарҳои кӯтоҳ

ЯК НАВРАСИ 16-СОЛА ДАР ШАҲРИТӮС ҒАРҚ ШУДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 23 сентябри соли 2022 аз ғарқ шудани боз як наврас дар ҷануби ҷумҳурӣ хабар дод.

Ин ниҳод бо такя ба гузориши раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон хабар дод, ки як сокини 16-солаи ҷамоати деҳоти Пахтакори ноҳияи Шаҳритӯс рӯзи 20-уми сентябр аз хона баромада дигар барнагаштааст. Як рӯз пас бародараш аз соҳили дарёи Кофарниҳон сару либос ва пойафзолашро пайдо кардааст. Тахмин зада мешуд, ки ӯ дар оби пуршӯри дарё ғарқ шудааст.

Рӯзи 22-уми сентябр, соати 10:00 пас аз ду рӯзи ҷустуҷӯ кормандони КҲФ ҳамроҳ бо сокинони маҳаллӣ ҷасади писари ноболиғро пайдо карда, ба волидонаш супурданд.

Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, тайи 7 моҳи соли 2022 дар кӯлу дарёву каналҳои Тоҷикистон алакай 123 нафар, аз ҷумла 64 ноболиғи синнашон то 16 ғарқ шудаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 кӯдак ғарқ шуда буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин хабар дод, ки шоми 22 сентябри соли 2022,  соати 18:58 дақиқа як сокини бинои 41/1, кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтахт ба қисми навбатдории КҲФ хабар дод, ки дари хонаи истиқоматиаш баста шудаву фарзанди ноболиғаш дохили он мондааст.

Бо дарёфти хабар дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса рафтанд ва соати 19:50 дари хонаро боз карданд.

Духтарчаи соҳибхона, ки 7 сол доштааст, сиҳату саломат буд ва ниёз ба ҳеч кӯмаке надошт.

Кормандони наҷот бо модари ӯ дар мавриди таъмини амнияти фарзандонаш ва дар бораи зарарҳои эҳтимолии танҳоӣ дар хона суҳбат кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button