ВидеоҶомеа

ЯК ҶАВОН ДАР АШТ БАРОИ ДУХТАРИ ДӮСТДОШТААШ 3 ХОНАРО ОТАШ ЗАДААСТ (ВИДЕО)

Қаҳҳоров Меҳроҷ Ҳошимҷонович, соли таваллудаш 1998, зодаи шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт 3 хонаи сокинони осоиштаро, ки дар кӯчаи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бунёд шуда буданд, оташ задааст.

Меҳроҷ барои “пеши табарро пахта гирондан” хонаи дигаронро мавриди сӯхтор қарор дод. Ба ҳавлии ду нафар, ки ба муносибати ин ҷавон ва духтари дӯстдоштааш алоқаманд набуданд даромада, аввал ҳезумҳое, ки дар кунҷи ҳавлӣ ҷамъоварӣ шуда буданд оташ задааст, ки алангаи оташ ва дуди ғализи он ба хонаву ошхонаи ин сокинон зарар расонидааст.

Миқдори зарарро кормандони мақомоти милитсияи Ашт беш аз 3000 сомонӣ арзёбӣ кардаанд.

Бино ба гуфти масъулини Раёсати вазорати корҳои дохила дар вилояти Суғд, ҳадафи асосии ин ҷавон гирифтани қасос аз наздикони духтари дӯстдоштааш мебошад.

Тавре худи Меҳроҷ иқрор кардааст, барои пинҳон кардани ҷинояташ аввал хонаи ду сокини бегонаро, ки ба духтари дӯстдоштааш умуман пайвандӣ надоштанд оташ зада, пас хонаи он нафареро ки зидди фотеҳаи Меҳроҷ ва маъшуқааш буд, оташ задааст. Мақсади ҷавон қасосгирӣ ва тарс додани наздикони духтарак будааст, ки монеи фотеҳа ва тӯйи онҳо шудаанд.

Нисбат ба ин амал бар асоси моддаи 255-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Фарзона Муродӣ, “Пайк”

Барои маълумот: Моддаи 255 барои қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 250 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ваё то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Вале бисёре аз корбарон дар зери ин хабар аз мақомот хостаанд, ки мисли Маҷнун ошиқ будани Меҳроҷро ба назар бигиранд ва ба ҷои ба зиндон андохтан ӯро бо духтари дӯстдоштааш сари таъши шаҳию арӯсӣ бинишонанд.

Моддаи 255. Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк

(ҚҶТ аз 18.06.2008 № 386)

1) Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк ғайр, ки зарари ҷиддӣ расонидааст (ҚҶТ аз 18.06.2008 № 386),

 бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 21.07.2010 № 617).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо роҳи оташ задан, таркиш ё дигар усули хавфи умумидошта содир шуда бошад;

б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад;

в) зарар ба миқдори калон расонида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 21.07.2010 № 617).

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button