ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

МОШИНАШРО АЗ ДАРЁИ ПАНҶ ЁФТАНД: ДАР ХОРУҒ ҲАМСОЯ ВА ДӮСТИ НАЗДИКИ БОҚИР ҒАЙБ ЗАДААСТ

Рӯзи 10 сентябри соли 2022 дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сокини маҳаллаи Бархоруғ Абдумамад Хӯҷаназаров ба таври мармуз ғайб зад. Мошини ӯро дар даруни дарёи Панҷ ёфтаанд. Бовар меравад, ки ӯ ғарқ шудааст, вале ҳанӯз дақиқ нест, ки ин ҳодисаи нохуш буд ё Хӯҷаназаров худкушӣ кардааст? Дар ин бора журналисти мустақили зодаи Бадахшон Aнора Саркорова хабар дод.

Бино ба иттилои ӯ, Абдумамад Хӯҷаназаров дар Бархоруғ ба воя расида, дар нирӯгоҳи Помир ба ҳайси ронанда кор мекард ва ҳамсоя ва дӯсти наздики полковник Мамадбоқир Мамадбоқиров, маъруф ба Боқир, яке аз лидерҳои ғайрирасмии аз ҳама пурнуфузи Бадахшон буд.

Боқир, ки ӯро мақомот ташкилкунанда ва роҳбари асосии эътирозҳои ахир дар Хоруғу Рӯшон меномиданд, нимаи дуюми рӯзи 22 май ба таври мармуз дар маҳаллаи бо Бархоруғ ҳамсояи Бойнӣ кушта шуд. ВКД гуфт, ки Боқир дар ҷараёни “муноқишаи дохилии байни гуруҳҳои ҷиноӣ” кушта шудааст. Вале манобеи дигар мегӯянд, ки ӯро мақомоти вижа аз байн бурданд.

Анора Саркорова бо такя ба шоҳидон хабар дод, ки 3 рӯз қабл ба назди Хӯҷаназаров кормандони милитсия омада будаанд.

 “Субҳи 10 сентябр, ӯ бо аҳли хонаводааш хайрухуш карда, гуфтааст, “ин охирин мулоқоти мост”. Ва бо ҳамин аз хона баромадааст. Баъдтар Абдумамад Хӯҷаназаров  ба завҷааш занг зада, гуфтааст, ки худро зинда ба дасти мақомот таслим намекунад. Хешовандонаш бар инанд, ки ӯ ин суханонро пеш аз онки бо мошинаш ба дарё парад, ба забон овардааст”, – хабар медиҳад Анора Саркорова.

Аз  Абдумамад Хӯҷаназаров зану 4 фарзанд боқӣ монд.

Мақомот то кунун ин хабарро ягон шарҳ надодаанд.

Баъди кушта шудани Боқир мақомот ҳудуди 200 нафар аз зодагони Бадахшон, аз ҷумла 9 лидери ғайрирасмии ин минтақаи мухтор дар шарқи Тоҷикистонро боздошт карданд. Ду лидери ғайрирасмии дигари минтақа – Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов – рӯзи 12 июни соли ҷорӣ ҳангоми амалиёти боздошташон дар маҳаллаи Тирчид кушта шуданд.

Ҳамин тавр, баъди марги Боқир мақомот даҳҳо тан аз сокинони маҳаллаи Бархоруғро, ки як пойгоҳи асосии тарафдорони ӯ ба шумор мерафт, дастгир карданд.

Дӯст ва ҳамсояи ӯ Муслим Шерзамонов (бародари сиёсатмадори мухолиф Алим Шерзамонов) ба 18 соли зиндон, Тоҳир Мамадбоқиров, яке аз бародарони Боқир ба 28 сол ва Акрам, бародари дигари вай ба 8 соли маҳбас маҳкум шуда, ҷиянаш Ҷамшед Шаъбонов ҳамроҳ бо ду тан аз ёрони наздики Боқир: Ақназар Ақназаров ва Сино Файзиллобеков ҳар кадом 25солӣ ҳукм гирифтанд. Яке аз ёрони дигари Боқир Манучеҳр Шеров ба 18 соли зиндон маҳкум шуд ва ҳатто Музаффар Давлатмиров, халифаи маҳаллаи Тирчид, ки маросими дафну мотами лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон Боқир, Хурсанд ва Зоирро роҳбарӣ карда буд, ба 5 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар ҷараёни саркӯби эътирозҳои ахир дар Бадахшон, ба ҳисоби Созмони Милал, ҳудуди 40 нафар кушта шуданд. Ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро ба истифодаи беш аз ҳадди нерӯ ба зидди эътирозгарон айбдор мекунанд.

Вале мақомот исрор меварзанд, ки эътирозгарон дар Рӯшон мусаллаҳ буданд ва аз ҷониби “созмонҳои террористӣ” кумаку ҳимоят мешуданд.  Мақомот иддао доранд, ки дар ҷараёни “амалиёти зиддитеррористӣ” дар Бадахшон касе аз аҳолии мулкӣ осеб надидааст. Вале сокинон мегӯянд, нирӯҳои қудратӣ болои издиҳоми бесилоҳ оташ кушоданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button