Нуқтаи назарЧеҳраҳо

55 СОЛИ АБДУҚАЮМИ ҚАЮМЗОД: ПЕШ БО ЖУРНАЛИСТ МУШКИЛ ДОШТАНД, ҲОЛО – БО ЖУРНАЛИСТИКА

Абдуқаюми Қаюмзод: Солҳои пеш бо журналист, ҳоло бо журналистика мушкил доранд

Муаллиф: Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Аз ногуфтаҳои Иҷлосияи 16-ум то тарс аз дархости паноҳандагӣ дар Аврупо

Абдуқаюми Қаюмзод, журналисти шинохтаи тоҷик ва барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Л.Ҳеллман ва Ҷ.Ҳаммет, имрӯз ба синни 55 қадам мегузорад. Ӯ 10-уми сентябри соли 1967 дар деҳаи Ворӯ дар канори шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст.

Қаюмзод баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ва як соли омӯзгорӣ, фаъолияти рӯзноманигориро дар “Тоҷикистони Шӯравӣ” шурӯъ карда, сипас чанд соле дар нашрияҳои “Ҳафтганҷ” ва “Чароғи рӯз” ва баъдан муддати мадид дар “Радиои Озодӣ” фаъолият дошт.

Азия-Плюс ин журналисти дар гузашта пуркор ва дар айни ҳол бознишастаи кишварро ба муносибати милодаш ба сӯҳбат овард ва аз соярӯшанҳои рӯзгори гузаштааш пурсон шуд. Дар оғоз аз ҳолу рӯзгори рӯзноманигор пурсон шудем, ки ҳолаш чӣ гуна аст ва ба чӣ коре машғул аст?

– Ба ҳеҷ коре. Бекорам. Як дӯкони кӯчаки маводи ғизоӣ дорем, бо он машғулам. Мекашад бори зиндагиро.

– Омили аслии домони зиндагиро аз пойтахт ба деҳа кашиданатон чӣ аст?

– Хоҳ шаҳр бошад ва хоҳ деҳа – бояд зиндагӣ кунем ва барои он ки зиндагӣ чархад, бояд кор дошта бошем. Дар шаҳр барои ман дигар коре намонд.

– Ин бори дуввум аст, ки аз шаҳр ба деҳа мекӯчед…

– Рости гап, дар ҳарду ҳолат ҳам хоҳиши худам набуд. Ҳам дар соли 1992 ва ҳам 5 соли пеш. Ду бор дар Душанбе хона харидам, таъмиру тармим кардам, камтар зиндагӣ кардам, аммо то охир наистодам. Ҳоло ҳам маълум нест, ки дар охири хат дар куҷо хоҳам буд.


Аммо деҳа ҳам бо ҳамин бӯи ангишту подаву чангу ғубораш бароям ҷойи хуб аст. Дар ин ҷо ҳамаи гузашта, сароғози зиндагӣ ва кӯдакиҳоям ҳамроҳаманд. Ҳар гоҳе хонаи падарӣ меравам, ки бародарам зиндагӣ мекунад, кӯдакиҳоям пеши назарам меоянд, садои падару модарамро мешунавам… Агар коре шоиста буд, мемондам дар Душанбе.

Аз зарфият то «имконият»

– Ба зиндагии гузаштаи худ чӣ нигоҳе доред?

– Ҳеҷ боварам намешавад, ки аллакай 55 солро тай кардам. Риш сафед шуд, дандон намонд. Шукр, бобо шудам. Зиндагӣ ҳам мисли зиндагии ҳамаи инсонҳои одиву сода, гоҳ хуш ва гоҳ нохуш мегузарад.

Дар давоми кор бо бисёре аз шахсиятҳои бузург ва муътабари кишвар суҳбатҳо доштам. Ҳоло он суҳбатҳо пеши назар меоянд. Мебинам, ки дар ҳақиқат бисёр сахт кор карда будаам. Манзурам, бо шахсиятҳои хеле зиёде суҳбат карда будаам. Он суҳбатҳоро агар ҷамъоварӣ кунем ва дар шакли маҷмӯа биёварем, чанд китоб мешавад. Аз ҳар кадоме аз он мусоҳибаҳо мешавад ҳолу ҳавои он айём ва он рӯзҳоро ба хубӣ эҳсос кард. Зиндагӣ барҳадар нарафтааст, аммо мешуд, ки гузаштаи пурбортар аз имрӯзро рақам зад. Вале нагузоштанд.А.Қаюмзод бо генерал Сайдамир Зуҳуров


– То ҳол мегӯянд, ки Қаюмзод касбашро хеле дӯст медошт. Пас, чаро ҳоло бо ҳар имконе касбатонро давом намедиҳед?

 – Ҳамон «ҳар имкон»-ро пайдо карда натавонистам. Бо омадани Салими Аюбзод «Радиои Озодӣ» дигарбора барои дарёфти муҷаввиз (аккредитатсия) ба Вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат кард, вале боз ҳам ҳал нашуд. Надоданд.

Расонаҳои дохилӣ худашон бо азоб ва душвориҳо рӯи по истодаанд. Дар чанд вақти охир гоҳ-гоҳе барои ВВС ягон чизҳое таҳия мекунам. Хеле кам. Бешубҳа, душвор аст, ки ба як кор одат кунӣ, таҷриба пайдо кунӣ, малака ҳосил намоӣ, вале худи кор аз дастат равад. Талош кардам, ки «имкон» ба вуҷуд оварда шавад, вале муваффақ нашудам. Мудохила карданд.

«Чашмонашон нам зад…»

– Ба ин мавзӯъ бармегардем. Ҳоло мехоҳам аз нахустин қадамҳои худ ба журналистика, ки хеле пурсарусадо ҳам буд, мегуфтед. Аз он рӯзҳо чӣ хотираҳо доред?

– Ростӣ, дар синфҳои 8-9-ум мехондам, ки ҳаваси журналист шудан доштам, вале ин орзу фақат пеши худам буд. Ҳамеша дунболи хаткашони деҳа – бобои Амонқул ва баъдҳо, бобои Хурсанд мегаштам ва гоҳо худи бинои почта мерафтам, барои газетаҳо. Аз газетаҳо навиштаҳои донишмандони ворӯӣ Аълохон Афсаҳзод, Ансорхон Афсаҳзод ва низ навиштаҳои Додоҷони Атовуллоро бурида гирифта, дар як папка ҷамъ мекардам.


Дар курси охири Донишгоҳи омӯзгорӣ ва замони имтиҳоноти давлатӣ як ҳамкурси фархориамон аз Данғара зан гирифт. Он ҷо тӯй рафтем. Дар роҳи бозгашт ба Душанбе, дар дохили автобус дар дасти як мусофир нашрияи «Комсомоли Тоҷикистон»-ро дидам ва зери навиштае чашмам ба номам афтод. Онро чанд рӯз пеш ба редаксия супорида будам. Қироншоҳ Шарифзода, журналисти хушноми мо, онро таҳриру такмил ва чоп кардаанд. Гирифтем ва ҳама ҳамкурсон хондем. Он навишта ду-се ҷумла дошт, ба ин маънӣ, ки «мо мисли чашмаҳо ҷамъ омада, дарё шудем, вале ҳоло ҳар куҷое пароканда мешавем, ҳамсабақи азиз, ҳамдигарро фаромӯш макунем!». Баъзеҳоро чашмонашон нам зад…

Ҳамин тавр, кам-кам навиштаҳоям чоп мешуданд. Ҳатто вақте дар соли 1989 дар деҳаи Дашти Қозӣ муаллим ҳам будам, менавиштам. Душанбе омадам, як сол бекор будам, вале тақрибан дар ҳамаи нашрияҳо менавиштаму чоп мекардам.

– Ин қаламкаширо аз «Тоҷикистони Шӯравӣ» – нашрияи Ҳизби коммунист шурӯъ кардед. Оғози кори рӯзноманигорӣ ва омили тарки ин рӯзнома чӣ буд?

– То ин ки ба «Тоҷикистони Шӯравӣ» ба кор пардозам, наздики як сол дар бештари нашрияҳои онрӯза навиштаҳои шогирдонаам чоп мешуданд. Дар «Тоҷикистони Шӯравӣ» баъди ҳодисаҳои февралӣ ба кор омадам. Мазҳабшо Муҳаббатшоев, равонашон шод бод, сардабири ин нашрия буданд. Ҳамон навиштаҳоро дар як папка ҷамъ кардаму бо шодравон Баҳманёр, нависандаи забардасти тоҷик, ки бо Муҳаббатшоев дӯсту улфат будаанд ба «Тоҷикистони Шӯравӣ» рафтам ва ҳамин тавр, ба кор қабул шудам. Дар омади гап, Муҳаббатшоев бисёр донишманд, огоҳ, озода, олуфта ва хушбаён буданд ва ҳодисаҳои солҳои ахирро хеле хуб дар хотир доштанд. Солҳо баъд он касро дар «Радиои Озодӣ» ба ҳайси коршинос зиёд даъват мекардам.

13:29 25 феврал, 2014

Абдуқаюми Қаюмзод аз бемористон рухсатӣ шуд

– Оғози фаъолияти эҷодиатон чӣ тарз мегузашт?

– Муҳаррири шӯъба Ҳабибулло Ёров ва корманди он худобиёмурз Нафасбек Раҳмонӣ буд. Он вақт ҳар рӯз мебоист, ки ба мактубҳои хонандаҳо ҷавоб менавиштед. Рӯзноманигориро ман аз ҳамин ҷавобнависӣ шурӯъ кардам. Баъди ду моҳ буд, ки шодравон Акбари Саттор (раиси собиқи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон) омад ба шӯъбаи мо. Чанд вақт дар як курсиву миз ду кас менишастем.

Як посухи сахт, раддия, мавқеъдорӣ

– Андешае роиҷ аст, ки нашрияҳои ҳукуматии замони Шӯравӣ сензура мешуданд ва имкони ками нашри «дарднома»-ҳоро доштанд. Шумо инро эҳсос мекардед? Ҳамчунин, нагуфтед, ки омили тарки «Тоҷикистони Шӯравӣ» чӣ буд?

– Ёдам меояд, ҳамон солҳо аз Кумитаи амният як мавод оварданд, барои чоп. Дар бораи ҳодисаҳои февралӣ буд. Ҳабибулло Ёров рухсатӣ рафтаву Нафасбек кори ӯро пеш мебурд. Ин матлабро ба ман муовини сардабир, марҳум Карим Мамадов дода, таъкид кард, ки зудтар омода кунам. Зимнан, ман аввалин маротиба ҳамроҳи Карим Мамадов дар матбаа – ГЖК барои шумора навбатдор истода будам. Ин маводро дар вақти муайян натавонистам омода кунам. Аз он идора занг заданд. Надонистам, ки чӣ ҷавоб диҳам. Нафасбек дид, ки чизе наметавонам бигӯям, гӯширо гирифту хеле сахт посух дод:

– Мо корманди идораи шумо нестем! Маводро пурра омода кунеду баъд оваред. Агар дуруст аст, чоп мешавад, вагарна – на, – гуфт ӯ ва гӯширо гузошт.

Кор тавре шуд, ки онро аз ман гирифтанду ба Акбар доданд. Вай ҳам таъхир мекард. Вале, билохира, чоп шуд. Марҳум Сафаралӣ Кенҷаев омад, ҷангу ҷангҷолро бардошт. Раддия овард. Чоп нашуд. Бурд ва дар «Сухан» нашр кард.

Ин як мисол аз оғози корҳои он солҳо буд, ки ҳамин гуна ташвишҳову баҳсҳоро дошт. Вале далели рафтани ман ташвишу баҳсҳо набуд. «Тоҷикистони Шӯравӣ» ва дигар нашрияҳои расмии ҳукуматӣ ҳам он солҳо дар хеле аз баҳсҳои иҷтимоӣ ширкат меварзиданд, мавқеъашон яктарафа буд, вале боз тарафи дигарро кам бошад ҳам, инъикос мекарданд, пӯшиш медоданд.

Дар ҳамин замон сардабири нашрияи «Ҳафтганҷ» Муҳибулло Қурбонов шароити беҳтари корӣ пешниҳод карданд. Ман барои ҳамин аз «Тоҷикистони Шӯравӣ» рафтам. Ва аз шумораи аввали «Ҳафтганҷ» ҳамроҳ бо Муҳибулло Қурбонову Салими Аюбзод корро шурӯъ кардам.

Ленин – бартар аз як инсон?

– Як силсила матолиби Шумо перомуни Инқилоби октябр, Ҳизби комунист ва каме пас бо номи «Шаби ялдо» дар оғози фаъолиятатон баҳсҳои гармро ба вуҷуд овард…

– Ин навиштаҳо, ки ёдовар шудед, ба ҷуз аз “Шаби ялдо”, ки дар шумораи аввали «Чароғи рӯз» ба нашр расида буд, ҳамагӣ дар «Ҳафтганҷ» чоп шудаанд. Сару садоҳои зиёд ба бор оварда буданд. Аммо дар бораи Инқилоби октябр, Ҳизби коммунист ва Ленин ҷойи гап набуд. Дар васфи Ленин он чунон иғроқу ғулув карда буданд, ки ба ҷинси одам будани Ленин шубҳа мекардӣ, Ленин як фавқулбашар буд: пешво, муаззам, доҳӣ, хирадманд, моро ину он кардӣ, шарафи мо будӣ, хайрият, ки ту будӣ, мисли ту дигар намеояд, ҳаққи ту мурдан набуд, ту ягонаӣ… ва аз ин ҳам мадҳу сифоти бартар аз як инсон. Ин навиштаҳо тақриз набуд, маводи озод ва барои ҳамагон буду бас.

Аз тарафи дигар, он вақтҳо шоиру нависандаҳо як тоифаи хос буданду онҳоро интиқод кардан аз ҷониби дигарҳо, ба ҷуз аз худашон, роиҷ набуд. Ҳамин буд, ки сахташон расид.

Аз ин бадтар дар бораи пахта буд. Доро Наҷот, Шоири халқии Тоҷикистон низ нақд мешуд. Он вақт сардабири нашрияи «Сомон»-и Бунёди забони тоҷикӣ буданд. Сахт хашмгин шуда, ба сари ман меоянд, ки набудаам. Ба сардабир мегӯянд, «ҳамин як шеърро дар ҷавонӣ гуфта будам, тамом, дигар надорам, вале ҳаминро аз куҷое ёфтаасту маро масхара кардааст». Дар 14 сафҳа як ҷавобе навиштанду таҳти унвони «Табарбадасте дар ҷангали ашъор» фиристоданд, вале баъди як ё ду рӯз аз чопи он мунсариф шуданд. Дар ин ҳол ҳам чанде баъд Мирбобо Мирраҳим, яке аз бунёдгузорони бедорӣ, гуфтанд, ки ин мақола дар яке аз расона ё маҷалаи Эрон бознашр шудааст.

– Ин нашрия чӣ андоза озодӣ дошт?

– Сензура набуд. Вале худи сардабир нисбатан боэҳтиёт буданд. Дар «Ҳафтганҷ» низ хабарнигори ба истилоҳ парлумонӣ будам. Шоҳиди кашокашҳои зиёди вакилони халқӣ ва аз ҷумла, ба истеъфо фиристодани Қаҳҳор Маҳкамов, Қадриддин Аслонов, баҳсу кашокашҳои Аслонов бо Сафаралӣ Кенҷаев, истеъфои Кенҷаев, гаравгонгирии депутатҳо дар Шӯрои Олӣ будам. Дар Иҷлосияи 16-ум дар Хуҷанд ҳам ба ҳайси хабарнигори «Ҳафтганҷ» ширкат карда будам.

– Аз ин Иҷлосия ҳоло 30 соли пурра мегузарад. Хотироти Шумо?

– Дар он ҷо низ умдатан бо мусоҳиба машғул будам. Мусоҳибаҳо бо Ғоибназар Паллаев, раиси собиқи Президиуми Шӯрои Олӣ, Аслиддин Соҳибназаров, Гулҷаҳон Бобосодиқова, Мӯъмин Қаноат ва чандин нафарҳои дигар. Ҳоло ин инсонҳо дигар нестанд.А.Қаюмзод бо собиқ раиси Шӯрои олӣ Акбаршо Искандаров


Вақте Абдулмаҷид Достиев сардори котиботи иҷлосия буд, тамоми барқияву мактубу муроҷиатномаи мардум, меҳнаткашон, коллективҳои меҳнатӣ дар дасти ӯ ҷамъ меомаданд. Дар вақтҳои танаффус ману рӯзноманигор Мирзои Салимпур наздаш мерафтем ва ё гоҳо худаш ҳам меомад. Он вақт мисли ҳоло набуд. Хеле одӣ буд ҳама чиз. Муносибатҳо ҳам одӣ буданд. Ӯ баъзе маълумоти обнорасидаро ба мо мегуфт. Аз сӯи дигар, шоҳиди бевоситаи «гапҳои таърихӣ» ҳам мешудем.

Суолоти бепосухи Иҷлосияи 16-ум

– Пас аз гузашти 30 сол аз ин воқеа боз чӣ андоза аз ҷангу сулҳи тоҷикон ҳарфҳои ногуфта мондааст?

– Хеле зиёд. Ин бахши таърихи миллат ноомӯхта аст. Он чи ки гуфта шудааст, нокомил аст. Донишманди ҳамзамони мо Нуралии Давлат дар ин бора кори андак накардааст. Заҳмати зиёд дорад. Аммо Иҷлосияи 16-ум ва ваҳшату даҳшати баъди он, панҷ соли ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳар ду ҷониб таҳмилӣ мегӯянд, ҳарфу ҳадиси нокушуда зиёд дорад. Ин Иҷлосия ҳокимони навро бар ҷойи ҳокимони пешина овард. Сиёсат тағйир кард. Муҳимтарин суолҳои марбут ба ин Иҷлосия, ки ҷангро пешгирӣ накард, «манфиатдори идомаи ҷанг кӣ буд?», «имкон надошт, ки 30% ҳамон вақт дода мешуд?», «дасти хориҷӣ ё қувваи сеюм дар идомаёбии ҷанг?», «чаро ин ҷангро таҳмилӣ мегӯянду аммо тавзеҳ намедиҳанд?», то ҳол посухи рӯшан надоранд. Хеле чизҳое ҳаст, ки гуфта нашудааст. Ҳақиқатҳо ногуфта аст. Метавонам бигӯям, ки чизҳое гуфта шудааст, ки ба гуфтанаш шароит ҳаст. Он чӣ гуфта шудааст, он аст ки дидаем, вале ин Иҷлосия «нодидаҳо» зиёд дорад, ки умед дорам, як рӯзе баён мешаванд.

Вазну заъфи Радиои Озодӣ

– Радиои Озодӣ-ро ба кадом хотир интихоб кардед?

– “Радиои Озодӣ” – ро интихоб накардам, онҳо даъват карданд. Баъди ҳаводиси сентябрии соли 2001 дар Амрико ва ташкили Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ таҳти раҳбарии Амрико соатҳои пахши “Радиои Озодӣ” бештар шуд ва ин расона ба кормандони бештар ниёз пайдо кард. Ҳамин буд, ки “Радиои Озодӣ” ҳама манотиқи кишварро таҳти пӯшиш қарор дода ва берун аз Тоҷикистон – дар Тошканд, Бишкеку Алмаато, Екатеринбург, Маскав, Кобул, Ню-Йорк хабарнигор гирифт. Аз он ҷумла, дар Тоҷикистон ман, Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Саймуддини Оймаҳмад, ки ҳоло дар ВВС дар Лондон бо номи Эҳсони Зарвон кор мекунанд, ба кор ҷалб шудем. Ҳамон шабу рӯзҳо дӯстон Мирзои Салимпур ва Сайёфи Мизроб дар дафтари марказии радио дар Прага кор мекарданд. Дар аввал гуфтанд, ки хабарнигор дар вилояти Суғд хоҳам буд, вале мисле, ки ба коргари бештар ниёз доштанд, дар Суғд Маъсуми Муҳаммадраҷаб ва маро дар водии Зарафшон ва Саймуддинро дар минтақаи Рашт ба кор гирифтанд. Вақте омадам, ки ин ҷо Мирзонабӣ, Раҳматкарим, Саймуддин, Сайёф ҳама ёру бародарҳо буданд. Аз оғози соли 2002 ба Душанбе омадам ва ҳамон ҷой мондам.

10:17 5 феврал, 2013

Пуштибонии ИМА аз журналист Абдуқаюми Қаюмзод

Лекин як-як аз Бадахшон, ки қариб нисфи қаламрави мамлакат асту пур аз ҳаводиси хабарсоз ва аз Рашту аз Зарафшон «ихтисор» шуданд. Ҳамин тавр, дар Кобулу Ню-Йорку Маскав ҳам коргарҳоро ҷавоб доданд. Ин ҳама ихтисоркарданҳо замоне иттифоқ афтод, ки бону Соҷидаи Мирзо мудири бахши “Радиои Озодӣ” буд. Ин вақт буд, ки дар шаклу мазмуни навиштаҳо ҳам тағйироти чиддӣ пеш омад. Дар ҳоле, ки он матбуотро самту сӯ медод, дар раҳаш мебурд. Дар матбуоти дохилӣ ин танҳо «Азия-плюс» буд, ки ба ҳайси як расона гоҳ-гоҳе бо “Радиои Озодӣ” рақобат мекард.

Феълан, ҳар касе ҳар чи ки ҳам нагӯяд, “Радиои Озодӣ”-и имрӯза, дар ин се-чаҳор соли ахир, тағйир кард ва кори худро ҷасурона, мустақилона ва ба ҳайси як бунгоҳи хабарпароканӣ ба таври шоиста пеш мебарад. Рисолати худро иҷро мекунад.

«Записка»-ҳои Фронти халқӣ

– “Баъди ҳар як мусоҳиба Қаюмзод таҳдид мешунид”. Оё воқеан чунин буд?

– Чунин мавридҳо буданд. Ҳатто дар паси дари хона «записка»-ҳо пайдо шуданд. Бо ҳақорату дашномҳо. Аммо, ростӣ гап, ҷиддӣ намегирифтам. Аҷиб ин буд, ки дар ин «записка»-ҳо аз номи ҷавонмардони Фронти халқӣ таҳдид мешудам. Ҳайрон мешудам, ки бо онҳо чӣ рабте дорам? Баъзе аз он «записка» – ҳо то чанд вақт дар дастам буданд. Дар варақҳои дафтари мактабӣ. Сипас, дар расонаҳо ҳам чанд чизҳое бар зидди ман чоп карданд.

– Буд ҳолате, ки баъди мусоҳиба ё маводе боздошт ё таҳдиди ба додгоҳ кашидан шуда бошед?

– Не, шукр, ки чунин лаҳзаҳо пеш наомадааст.

Паноҳандагӣ ё таъсири мухолифи №1

– Воқеан, сабаби аслии рафтан аз “Радиои Озодӣ” чӣ буд ва ин то чӣ андоза бароятон осон ё вазнин омад?

– Он чи ки он замон бо ман пеш омад, воқеан ҳам, бори аввал буд, ки дар журналистикаи тоҷик сурат мегирифт. Зоҳиран, радио намехост, ки ман равам, вале Вазорати умури хориҷӣ муҷаввизро намедод ва чун онро надорам, ҳаққи кор карданро ҳам надоштам. Роҳи ҳал вуҷуд дошт? Бале. Роҳбари корхона метавонист ба ҷойи дигар фиристад. Ҳамин гуна ваъда ҳам карда буданд: Маскав, Алмаато, Бишкек ва ё барои чанд муддати кӯтоҳ – Прага. Аммо ҳамаи ин пешниҳодҳо лағв шуд. Фақат, бояд аз кор равам. Соҷида гуфт, ки «мегӯянд, агар ту Прага биёӣ паноҳандагӣ мепурсӣ ва агар Маскав биравӣ, таҳти таъсири Додоҷон (Додоҷони Атовулло) мемонӣ».

09:54 18 июн, 2013

Абдуқаюми Қаюмзод мурофиаи додгоҳиро бохт

– Мо наметавонем, ки дар баҳси додгоҳӣ аз ҳисоби радио барои ту адвокат бигирем, – афзуд бону Соҷида, – ҳамзамон, боз барои ту шуда, наметавонем, муносибатамонро бо Вазорати умури хориҷӣ хароб кунем.

– Аҷаб!, – дар посухи ӯ гуфтам ман, – пас, шумо аз коргаратон чӣ гуна дифоъ мекунед?, – ва ба Соҷидаи Мирзо афзудам, – ман, ки ҷуз кор дар “Радиои Озодӣ” бо ҳеҷ касеву ниҳоде мушкил надорам ва он чи ки дар ин расона дарҷу пахш шуд, бо иҷозат ва таҳти таҳрири Шумо шудааст. Ё паси парда чӣ бозиҳое дигар аст?

“Ширкат куну гонорар гир”

– Ин қазияи Шумо ба додгоҳ рафт. Мурофиа чӣ гуна гузашт ва бо чӣ анҷомид?

– Дар ин ҳол ҳам, ҳамон адвокате, ки Соҷида бар муқобили ман истихдом кард, ҳамон замон гуфт, ки парвандаро хондааст ва 100 фисад даъвогар, яъне ман ҳаққам. Аммо ба ӯ гуфтаанд, ки «ҳама кор дар боло гапзанон ва ҳал шудааст, хоҳӣ, ки гонорар кор кунӣ, танҳо дар мурофиа ширкат кун ва бас, вагарна ягон адвокати дигар меёбем».

Манзури ин адвокат он буд, ки шеваи ихроҷи ман аз “Радиои Озодӣ” тибқи Кодекси меҳнати Тоҷикистон ғайриқонунӣ буд, вале… Ҳоло боз раванди муҳокима ёдам меояд, ки хеле ҷолиб буд: Судя ба намояндаи “Радиои Озодӣ” суол мекард, ки “пас Шумо бо Қаюмзод мушкил надоред ва муқобил нестед, ки корро идома диҳад?”. Вай ҳам мегуфт, “бале”. Вале вақте ба ӯ фаҳмонданд, ки «на», бояд гуфт, ки «қонун чизе ҳукм кунад», саҳвашро гирифт ва бори охир ҳамин тавр гуфт.

Рости гап, то ҳол иллати аслии рафтанамро нафаҳмидам ва ҳам нагуфтанд, ки чаро бояд равам? Аммо як чизро бароятон бигӯям, ки маро барои ноӯҳдабароӣ аз кор озод накарданд.

– Як дӯсти деринатон гуфт, Радиои Озодӣ ӯро дар ҳолати вазнин танҳо гузошт ва ҳифзаш накард»…

08:23 26 июн, 2013

Гунаҳкори асосӣ дар қазияи Қаюмзода муайян нашуд

– Сад дар сад дуруст гуфтааст. Кор ба ҳадде кашид, ки Аббоси Ҷаводӣ, масъули бахшҳои Осиёи Марказии радио ултиматум гузошт: ё ин ки бо ҳам сокиту ором хайрухуш мекунем ва маоши думоҳаву ҷубронпулиатро мегирӣ ва ё агар даъвое дошта бошӣ, ҳамин маоши думоҳаатро мегириву радио аз пардохти ҷубронпулӣ даст мекашад. Ман як вақте ба ин суол ҷавоб дода будам, ки агар ҷойи Соҷида ҳар касе дигар буд, ин масъала ба таври дигар ҳал мешуд. Метавонистанд ҳамчуноне, ки имрӯз ҳал кардаанд, он рӯз ҳам ҳал кунанд, аммо накарданд.

– Дар ин ҳол, ҷомеаи рӯзноманигорӣ чӣ ҳамраъйӣ нишон доданд ва оё пешниҳоди корӣ ва дастгирие буд?

– Ҷомеаи хабарнигорони тоҷик дастгирии густарда карданд. Шахсиятҳои маъруф ва аҳзоби сиёсӣ баёния ва изҳорот доданд. Сафорати Амрико ва дигар созмонҳои байналмилалӣ низ. Аммо ҳеҷ кадоме аз онҳо асар накард. Маълум буд, ки Вазорати корҳои хориҷӣ пас намегардад. Барои роҳбарияти бахш ҳам чизе таъсир накард. Он вақт хеле баҳсҳо шадид буданд. Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбат мешуд, вале ин ҳама ғайриихтиёри ман буд. Ман дар ин гуна баҳсҳо ҳеҷ гоҳ ширкат накардаам ва намекунам.

Чанд вақте баъд дар сӯҳбате бо Соҷида гуфтам, «хуб, инак ҳама мавҷҳо фурӯкаш шуд, интихоботҳо ҳам гузашт, чӣ тур мешавад, агар баргардам?».

– Ман талош мекунам, чун дар вақташ ҳам мусоидат карда будам, ки ба “Радиои Озодӣ” биёӣ. Вале хеле хафаам кардӣ, маърака ташкил кардӣ… Ақаллан, нагуфтӣ, ки накунанд, – гиламанд шуд Соҷида. Вале ман каре накарда будам.

– Пас аз ин чаро дигар майли дар нашрияҳои ҳукуматӣ кор карданро надоштед?

– Дар нашрияҳои хусусӣ ҳам он қадар фурсати зиёде кор накардам. Дар ибтидои солҳои 1990-ум 2 сол кор кардам ё не, ки дигар ҳама зеру забар шуд. На ҳукуматӣ монду на ғайриҳукуматӣ. Ман ҳам, мисли соири ҳамкорон тарки Ватан кардам. Барои ҳамин ду соли кор дар нашрияҳои хусусӣ ҳам товон пардохтам. Дар Маскав дастгир шудам. Аммо истирдод накарданд. Аз Тоҷикистон посух омад, ки «амнистия» шудаам. Бо ҳамин, то соли 2001, то вақте, ки ба “Радиои Озодӣ” омадам, дар матбуот набудам.

Ҳамин тавр, ёдам ҳаст, соли 1998 ба Душанбе омадам. Акбари Саттор, ҷояш дар ҷаннат бошад, гуфт, «агар кор пурсӣ, наметавонам». Бекор ҳам будам, вале гуфтам, «не, ҳамин тавр Душанберо пазмон шудам, дӯстонро ёд кардам ва туро ҳам дидан омадам». Баъди аз “Радиои Озодӣ” рафтан ҳам шоири хушсуханамон Муҳаммад Ғоиб, ки дар «Ҷумҳурият» сардабир буд, диду гуфт, ки як каме сабр кун, ба кор мегирам. Баъди чанд рӯз дар ГЖК боз тасодуфан рӯ ба рӯ шудем. Гуфт, «нашуд».

Ҳафтавори «Ҳафта» ҳеҷ қабул намешуд…

– Пас аз ин Шумо нашрияи «Ҳафта» – ро таъсис додед. Чаро пас аз чопи як шумора, он дигар нашр нашуд?

– «Ҳафта» танҳо як шумора чоп шуд. Шаҳодатномаи онро пас гирифтанд. Яъне, расман нашрия аз тарафи Вазорати фарҳанг баста шуд. Талошу давутозҳои мо натиҷа надод. Назди вазири фарҳанг ва раиси КДАМ рафтем, аммо чизе иваз нашуд. Маълум буд, ки чаро бастанд: матолиби он шумора ҳеҷ кадомаш қабул намешуд. Махсусан, мусоҳибаи устод Мӯъмин Қаноат, ки бо лаҳни орому одӣ, вале хеле устувор гуфта буд, сахт нафоридашон. Зидди устод боз раддия чоп карданду ӯро «пир»  ва «васвос» шудааст гуфта, таъна ҳам заданд. Аммо ҳам ӯ ва ҳам нашрия ба ҷуз аз ифшои воқеиятҳо коре дигар накарданд. Коре ҳам он вақт ва ҳам имрӯз мақбулашон нест, талош мекунанд, ки ба рӯяш сарпӯш бигзоранд. Барои ҳамин буд, ки Шаҳодатноми “Ҳафта” пас гирифта ва лағв карда шуд.


– Дар сурати идомаи кор бо «Ҳафта» чӣ нақшаҳо доштед?

– Фақат, кори журналистӣ.

– Намеандешед, ки зуд аз журналистика рафтед?

– Мутаассифона, ҳамин тавр шуд. Ин кадом мансаб, кадом бойигарӣ, кадом бюҷете набуд. Кор буд, коре, ки дар иҷро карданаш хаста намешудӣ. Рафтам ё равонданд, дигар муҳим нест. Вале воқеият ҳамин аст, ки нестам. Дилам бисёр мехоҳад, ки бошам, аммо нашуда истодааст.

– Бисёриҳо мегӯянд, журналистика дар Тоҷикистон «мурдааст». Ба фикри Шумо, ҳоло дар кишвар расонаи миллие мондааст, ки вазифаи аслии худро иҷро менамояд?

– Не, намондааст. Барои онҳое ҳам, ки дар ин соҳа солҳо ва ба хусус, дар солҳои истиқлол заҳмати кам накашиданд, сохтанд, бунёд карданд, вале ҳоло дар сохтаи худ, бунёд кардаи худ «квартирант»-анд, сахт мутаассифам. Танҳо ман нестам, ки зуд рафтам. Журналистика ҳам рафтааст. Нашрияҳои хеле хуби «Миллат», «Нигоҳ» ва «Озодагон», ки фазои иттилоотиро пур мекарданд, дигар нестанд. Ҳайф шудем, хеле ҳайф шудем. Нашрияҳое, ки имрӯз чоп мешавад, наметавонанд ҷуръати 10-соли пеши худро дошта бошанд. Як бор ба бастаи нашрияҳои «Азия-Плюс», «Тоҷикистон», «Фараж» ва «СССР» дар соли 2010, 2011 ва 2012 нигаред, бас аст.

Журналистика дар чунин ҳолат ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад, ки рисолати худро иҷро кунад. Мо медонем, ки гап дар куҷост. Аммо тарҷеҳ медиҳем, ки сукут варзем. Агар солҳои пеш баъзеҳо бо як-ду журналист “мушкил” доштанд, ҳоло бо худи журналистика “мушкил” пайдо кардаанд. Мушкил гуфтаму мондам, вале ин аз мушкил ҳам бадтар аст.

– Ба назари Шумо, имрӯз ба озодии сухан ва матбуот чӣ саддгузор мешавад: сензураи “ғайрирасмӣ”, худсензураи шахсӣ ё набудани журналистони ҳирфаӣ?

– Сензура дар сухан ва дар рӯи коғаз нест. Ҳамин қазияи ахири рӯзноманигорон нишонаи барҷастаи сензура аст. Вагарна, журналистони хубу ҳирфаӣ дорем. Аммо ҳар кадоме аз онҳо ба ҷуз аз рисолати касбӣ, падар, модар ва писар ҳастанду масъулияти зиндагӣ ҳам бар дӯшашон бор аст. Сензура агар вуҷуд надошт, нашрияҳо кор мекарданд, журналистон намерафтанд. На матбуоти озод вуҷуд дорад, на нафаре озодона тавонад бигӯяд. Канда кардани кишвар, ҷудо нигоҳ доштани он аз равандҳое, ки ҷаҳонро идора мекунад, номумкин аст. Ман ҳоло мутаминам, ки агар сонсур набошад, ҳамин нашрияҳои зикршуда, дар камтарин фурсат аз 10 то 15 ҳазор тираж ҳам меёбанд.

Баъди рӯзноманигорон навбати кӣ?

Вақте аккредитатсияи маро надоданд, ин ба он маъно буд, ки дигарҳо ибрат гиранд.

– “Марзи қирмиз” дар журналистика то куҷост?

– Журналист бояд бигӯяд. Вақте таксист муштарӣ мекашонад, он кораш аст; вақте муаллим дарс медиҳад, кораш аст; вақте милиса муттаҳамро дастгир мекунаду мебарад, он кораш аст. Ҳамин тавр, кори журналист гуфтан аст, навиштан аст.

Ба назари ман, журналистика хатти қирмиз надорад. Хатти қирмиз қонун аст, ки бояд журналист риоят кунад. Ин ҳунари журналист аст, ки бо риояи қонун, хатти қирмизро убур кунад ва хабарро ба ҷомеа расонад. Имрӯз меъёрҳое дар қонунҳо ҷорӣ мешавад, ки бо дигар қонунҳо, масалан, бо Қонуни асосӣ ва ё Қонуни матбуот мухолифат дорад, дар таноқуз аст. Бар мабнои он мегиранду мебаранду муттаҳам мекунанд. Барои ҳамин, ҳоло сахт душвор аст, ки бигӯем, марзи қирмиз куҷост? Ман меандешам, ки марзи қирмиз – ин виҷдони худи журналист аст. Журналист набояд дурӯғ бигӯяд.


…ва чанд саволи дигар

– Дар танҳоӣ аз чӣ меандешед?

– Гоҳо дар фикри фардо, гоҳе дар фикри ҳоло, гоҳе дигар дар андешаам рӯзҳои рафта тоб мехӯранд. Вале як андешае, ки дар ин авохир зиёд машғулам медорад, тақрибан, ҳар рӯзе дар сарам давр мезанад, ин мурдан аст. Ман чӣ тавр мемурда бошам?

– Аз кадом амали хеш пушаймонед?

– Ба гуфтан тамом намешавад.

– Дар зиндагӣ лаҳзаҳое буданд, ки мехоҳед, фаромӯшаш кунед?

– Бале.

– Гуфта будед, ки агар ба журналистика даъват кунанд, бармегардам. Ҳоло идея ва қувваи кориро доред?

– Бале, ҳоло тавони кор карданро дорам.

– Аз худ розиед?

– Не.

Манбаъ: Азия Плюс

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button