ВарзишВидео

ДАР МУСОБИҚАИ “ТОСКӮЛОҲИ БУЗУРГИ ДУШАНБЕ” ҚАРИБ 400 ВАРЗИШГАР АЗ 65 КИШВАР ИШТИРОК МЕКУНАНД

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии гуштини дзюдо, ё ҷудо (IJF), барои иштирок дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2024» 390 варзишгар аз 65 кишвари панҷ қораи ҷаҳон номнавис шудаанд.

Федедаратсияи ҷудои Тоҷикистон хабар дод, ки беш аз 200 варзишгар дар Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» ва боқимонда дар меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе бо шароити хуби истиқоматӣ ва тамрин фаро гирифта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бори аввал дар таърих 3-5  майи соли 2024 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2024»  доир мегардад.

Пешниҳоди раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар бораи шуруъ аз соли 2024 дар пойтахти Тоҷикистон доир намудани яке аз мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо- «Grand Slam» оид ба ҷудо аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пазируфта шудааст.

Пеш аз Бозиҳои олимпии Порис-2024 барои иштирок дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2024» чандин ситораи маъруфи ҷудои ҷаҳон ба Душанбе омадаанд ва барои дарёфти ҷоизаҳо ва имтиёзҳои олимпӣ талош менамоянд. Аз ҷумла қаҳрамони секаратаи олимпӣ (Лондон-2012, Рио-2016, Токио-2020) ва қаҳрамони 12-каратаи ҷаҳон Тедди Ринери 35-сола аз Фаронса дар вазни беш аз 100 кило рақобат хоҳад кард.

Сёҳэй Онои 32-солаи ҷопонӣ, қаҳрамони дукаратаи Бозиҳои олимпӣ ва қаҳрамони шашкаратаи ҷаҳон дар вазни то 73 кило ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар мусобиқаи Душанбе ширкат меварзад.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ мешаванд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дастаи Тоҷикистон аз 37 варзишгар (28 мард ва 9 зан) иборат аст. Аммо ду паҳлавони шинохтаи тоҷик – Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг) бо сабаби омодагӣ ба қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон ва Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ба сабаби ҷароҳат бардоштанашон дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар мусобиқаи “Тоскӯлоҳи бузург”-и Душанбе иштирок намекунанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam 2024”:

Мардҳо:

-60 кг – Меҳрзод Сӯфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Ҳақдод Гулов, Муҳаммад Маҳмадизода;

-66 кг – Обид Ҷебов, Муллораҷаб Халифаев, Ёсин Бобокалонов, Бобоҷон Муқтадирӣ;

-73 кг – Беҳрӯзи Хоҷазода, Абубакр Шеров, Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов;

-81 кг – Сайфиддин Сайфиддинзода, Суннатулло Лоиқов, Суннатулло Мӯсоев, Раҳматуллобек Фарҳодов;

-90 кг – Комроншоҳ Устопириён, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Акмал Муродов, Шодмон Ризоев;

-100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов, Парвиз Абдураҳмонов, Эмомризо Анварзода, Кароматулло Ҳакимов;

+100 кг – Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Шарифҷон Назриев, Некрӯзшоҳ Некбахтзода.

Занон

-48 кг — Райҳона Розиқзода;

-52 кг — Мадина Қурбонзода, Аҳлия Муъминова, Насиба Карликова;

-57 кг — Фазилат Гулбоева, Раҳмия Ханҷарбекова;

-63 кг — Шоҳида Қаландарова, Ҷонона Назарова;

-70 кг —Мавлуда Одинаева.

Барномаи мусобиқа:

3 май (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг байни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.

4 май (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг байни  занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.

5 май (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг байни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button