ВидеоИқтисод

БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД БАРОИ БУНЁДИ НИРӮГОҲИ РОҒУН 550 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ҶУДО МЕКУНАД

Бонки исломии рушд рӯзи 27 апрели соли 2024 барои сохтмони нирӯгоҳи барои Тоҷикистон ҳаётан муҳими Роғун 550 миллион доллар сармоя ҷудо кардааст. 150 миллион аз ин маблағро худи Бонки исломии рушд ва 400 миллион доллари боқимондаашро сандуқҳои рушди араб ҷудо мекунанд. Дар ин бора сомонаи расмии вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба ин манбаъ, рӯзи 30 апрели соли 2024 дар шаҳри Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдо, ҳамзамон мудири кишварии Бонки исломии рушд аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо президенти гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассир баргузор гардид. Дар ин мулоқот, бино ба гузориши нашршуда, “бо хушнудӣ зикр гардид, ки рӯзи 27 апрели соли ҷорӣ Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки исломии рушд лоиҳаи маблағгузории сохтмони НБО «Роғун»-ро дар ҳаҷми умумии 550 млн. доллар, аз ҷумла 150 млн. доллар аз ҳисоби худи бонк ва боқимонда 400 млн. доллар аз ҳисоби фондҳои рушди араб қарор қабул намуд”.

Завқӣ Завқизода  бо изҳори сипос барои чунин дастгирӣ аз президенти гуруҳи Бонки исломии рушд хостааст, ки ин ниҳод ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла рушди энергияи сабз, бахусус лоиҳаҳои сохтмони НБО «Роғун», роҳи Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ, обёрии заминҳои кишоварзӣ, муассисаҳои таълимӣ, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти ҳалол,  ташкили марказҳои логистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдории анъанавию исломӣ, тақвияти иқтидори содиротии кишвар, бахши хусусӣ, пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим, инчунин таъмини иҷрои Стратегияи мушорикати байни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд барои солҳои 2023-2026 маблағгузориҳояшро зиёд намояд.

Гуфта мешавад, доктор Ал-Ҷассир омодагии ин ниҳодро барои афзоиши маблағгузории лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида, инчунин тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баён  кардааст.

Гурӯҳи Бонки исломии рушд  дар умум барои лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон то кунун беш аз 753 миллион доллар ҷудо карда, дар доираи Стратегияи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2023-2026 ин ниҳод барои Тоҷикистон ҷудо кардани беш аз 235 миллион доллари дигарро  пешбинӣ кардааст. Ба ин тартиб, бо ихтисоси боз 550 миллион доллар сармоя барои сохтани нирӯгоҳи Роғун ҷамъи маблағгузориҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон ду маротибаи дигар афзуда, аз якуним миллиард доллар хоҳад гузашт.

Соли гузашта сафири Саудӣ дар Душанбе хабар дода буд, ки Бунёди рушд, ё Сандуқи тазмини Арабистони Саудӣ  ба Тоҷикистон барои сохтмони нирӯгоҳи Роғун 100 миллион доллар ҷудо мекунад.  

Сохтмони нирӯгоҳи Роғун соли 1976, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз побарҷо буд, оғоз ёфт, вале бо фурӯпошии СССР ин сохтмон дигар нотамом  боқӣ монд.

Сохтмони ин нирӯгоҳ барои Тоҷикистон, ки ҳар сол дар фасли сармо ба камбуди шадиди нирӯи барқ рӯбарӯ мешавад, ба як масъалаи ҳаётан муҳим табдил ёфтааст ва ҳукумати Тоҷикистони мустақил чандин маротиба талош кард, то сохтмони нирӯгоҳи Роғунро, ки бо 3,6 мегавват иқтидору 335 метр баландии сарбандаш дар минтақа бузургтарин шумурда мешавад, аз сар бигирад.

Ба ин мақсад ду маротиба – дар солҳои 1994 ва 2004 – ҳукумати Тоҷикистон бо Русия (дафъаи аввал бевосита бо ҳукумати Русия ва дафъаи дуюм бо ширкати РУСАЛи олигархи ба Кремл хеле наздик Олег Дерипаска) барои анҷоми сохтмони нирӯгоҳи Роғун шартнома баст, вале ҳарду қарордод дар рӯи қоғаз монд ва амалӣ нашуд.

Як сабаби ин мавқеи шадидан манфии президенти онвақтаи Ӯзбекистон Ислом Каримов буд, ки қатъиян мухолифи бунёди Роғун буд ва мегуфт, сохтани ин нирӯгоҳ боиси беобӣ дар кишварҳои поёноб ва пеш аз ҳама дар Ӯзбекистон хоҳад шуд.

Дар соли 2010 ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш кард, ки худаш мустақилона ба сохтани Роғун оғоз кунад ва ба ин мақсад як маъракаи нимамаҷбурии фурӯши саҳмияҳои нирӯгоҳи ояндаро ҳам ба роҳ андохта, дар давоми чанд моҳ аз мардум ва корхонаҳо наздики 900 млн сомонӣ (тақрибан 180 миллион доллар бо қурби он вақт) ҷамъ овард, ки барои анҷоми сохтмон кофӣ набуд.

Талошҳои ҷалби сармоягузорони ҷиддӣ ба ин тарҳ ба нокомӣ анҷомид ва аз ҷумла ба далели мухолифати Каримов. Баъди марги Каримов дар соли 2016 ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, Ӯзбекистон сиёсаташ нисбат ба кишварҳои ҳамсояаш дар минтақа, аз ҷумла дар масъалаи сохтмони нирӯгоҳи Роғунро иваз  кард.

Тоҷикистон дар солҳои охир дар маҷмӯъ аз буҷааш барои сохтани Роғун алакай тақрибан 3 миллиард доллар сарф карда, солҳои 2018 ва 2022 ду чархаи аввали ин нирӯгоҳро ба кор даровард. Вале ҳатто бо вуҷуди иваз шудани мавқеи мухолифи асосии тарҳи сохтмони нирӯгоҳи Роғун, ба Душанбе то ҳол муяссар нашудааст, ки барои анҷоми пурраи сохтмони ин нирӯгоҳ сармояи кофиро ҷалб кунад.

Дар натиҷа, Тоҷикистон ҳамчунон ҳар фасли сармо ба камбуди шадиди нирӯи барқ гирифтор шуда, дар кишвар лимити шадиди барқ ҷорӣ карда мешавад. Имсол лимит алакай аз поёни моҳи сентябр ҷорӣ карда шуд. Маъмулан ҳар сол лимит то нимаҳои моҳи апрел, яъне беш аз нисфи сол нигоҳ дошта мешавад ва ин ҳама муддат сокинони аксари минтақаҳои Тоҷикистон дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат ва он ҳам танҳо ду ило се соат субҳу ду ё се соат бегоҳ нирӯи барқ мегиранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button