ВидеоНуқтаи назарТоҷикистонФарҳанг

“ШУМОРО КӢ ЗОИДААСТ?” ИБОДУЛЛО МАШРАБ ДАР ШАРҲИ БАРХӮРДИ ТУНДАШ БО РАҚҚОСАҲО ГУФТ, “ЯГОН ГАПИ БЕЗЕБ НАГУФТАМ” (ВИДЕО)

Ибодулло Машраб, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва коргардони аксар чорабиниҳои давлатӣ дар суҳбат бо “Азия Плюс” дар шарҳи навори бархӯрди тундаш бо раққосаҳо, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида, вокунишҳои зиёди аксаран манфиро ба бор овард, гуфт, “ягон гапи безеб нагуфтаам” ва “бояд сахтгир бошам”. Масъулини ансамблҳои рақсӣ мегӯянд, шикояте надоранд. Муовини якуми вазири фарҳанг гуфт, бо коргардон дар бораи шеваи бархӯрдаш сӯҳбат мекунад.

Сухан аз наворе аст, ки рӯзи 8 апрели соли 2024 дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва дар он нафаре гуруҳи духтарони дар саҳна истодаро барои дер кардан ба машқи консерти шоми дӯстии  Тоҷикистону Туркманистон бо як лаҳни тунд сарзаниш карда ва аз вожаҳои тунду дурушт истифода мекунад.

“Шумо мусулмонед? Шуморо кӣ зоидаст ба ҳамин дунё? Кӣ зоидаст ҳамин хел духтари бемаънии … Садқаи одам шавед… Соат 9-у ним шуд, 9 ба ман бояд сар мекардам”, – мегӯяд ӯ.

Муаллифи навор гуфтааст, ки ин нафар Ибодулло Машраб, коргардон ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон аст. Нашри ин навор миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ андешаҳои гуногунро ба миён овард ва онҳо ин кори коргардонро шадидан интиқод карданд.

 “Ягон гапи безеб нагуфтам”

Ибодулло Машраб рӯзи 9 апрел ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки ин суханони ӯст.  Ӯ гуфт, ки сабаби тунд бархӯрд карданаш дер кардани чанд нафар раққосаҳо будааст.

“Ман ягон гапи безеб нагуфтам. Ин масъалаи кории ман аст ва бояд сахтгир бошам. Агар ҳамин корро намекардам, онҳо боз дер мекарданд ва кор пеш намерафт. Раққосаҳо худашон маро нағз мефаҳманд”, – шарҳ дод  Ибодулло Машраб.

Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон дар тамоси телефонӣ  гуфтааст, ки аз рух додани чунин ҳодиса хабар надорад, вале дар ин бора бо коргардон сӯҳбат мекунад.

 “Коргардон ҳамаро сарзаниш кард”

Масъулини ансамблҳои рақсӣ перомуни ин бархӯрди Ибодулло Машрабов ҳарфи мушаххасе намегӯянд ва шикоят ҳам надоранд.

Зебо Аминзода, роҳбари ансамбли рақсии “Зебо” дар тамоси телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки раққосаҳои ин ансамбл дар он тамрин иштирок доштанд, вале дар ин робита ба роҳбарият ҳарфе назадаанд. Як масъули ансамбли рақсии “Гулрез” ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, ки ин гуна бархӯрди Ибодулло Машрабов бо сабаби маҳдудияти вақт буд.

“Сабаб дер омадани чанд раққоса буд, вале коргардон ҳамаро сарзаниш карданд, зеро даста комил набуд ва машқро гузаронида намешуд. Вақт кам буд ва раққосаҳо бояд масъулият ҳис карда, ба чорабинӣ дер намерасиданд. Раққосаҳо ҳам шикояте надоранд”, – гуфтааст ҳамсуҳбати “Азия Плюс”.

Аз ансамбли рақсии “Лола” ба зангҳои паёпайи ин нашрия касе посух надодааст.

Аз ин қабл дар Интернет навори бо чунин лаҳни тунд болои иштирокчиёни “маршировка” ба муносибати иди Наврӯз борони дашному ҳақоратро фурӯ рехтани коргардони он чорабинӣ нашр шуда буд.

Корбарон менависанд, ки ин афрод бояд шаъну эътибори мардуми зердасти худро чунин паст назананд. Хусусан вақте сухан дар бораи шахсиятҳои дар ҷомиа шинохта ва ҳунармандони унвондор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button