ВидеоМуҳоҷиронҶомеа

ВИДЕОИ ДАР ПЕТЕРБУРГ БО ҶАНГУ ҶАНҶОЛ АЗ ТРОЛЛЕЙБУС РОНДАНИ ЗАНОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

Дар рӯзҳои охир дар гуруҳҳои муҳоҷирони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое чарх мезанад, ки чӣ гуна мусофирон се зани ҳиҷобпӯшро бо кӯдакони хурдсолашон аз троллейбус пеш мекунанд. Ин занҳо байни худ  ва бо кӯдаконашон ба тоҷикӣ ҳарф мезананд ва зоҳиран аз Тоҷикистонанд. Дар пасманзари мавҷи нави таъқиби муҳоҷирони тоҷик, ки баъди ҳамлаи хунини “Крокус Сити Ҳолл” авҷи боз ҳам бештар гирифтааст, бисёриҳо ин видеоро ҳамчун боз як аломати боз ҳам бадтар шудани муносибати аҳолии маҳаллӣ нисбат ба муҳоҷирон, ба вижа нисбат ба тоҷикҳо дар Русия мешуморанд.

Лаҳзаи оғози муноқиша байни мусофирони маҳаллӣ ва занони муҳоҷири кӯдакдор дар троллейбус сабт нашудааст ва аз ин рӯ, сабаби муноқиша номаълум боқӣ мемонад.

Дар видео дида мешавад, ки чанд зан ва як марди қиёфаашон славянӣ кӯшиш мекунанд, ки бо зӯрӣ як зани ҳиҷобпӯшро бо фарзандонашро аз троллейбус биронанд. Онҳо аз гиребони зан гирифта, мекашанд, ки аз ҷояш бихезад ва троллейбусро тарк кунад. Аммо он зан гардан намедиҳад ва вақте як зани солхӯрдаи рус аз гиребонаш мегирад, дасти он занро тела дода, мегӯяд: “Дастатро бигир!” Вақте ҳам ки мусофирон мегӯянд, “бояд пулисро ба инҷо даъват кард”, ин боз ҳам нотарсона қабул мекунад ва мегӯяд: “Марҳамат, даъват кардан гиред!”

Як марди рус ба ҷанҷол ҳамроҳ шуда, он занро сарзаниш мекунад, ки “бояд дуруст рафтор мекардед”. Ӯ сипас аз занони кӯдакдор бо ишора ба тарафи дари троллейбус талаб мекунад, ки “Мебароем! Мебароем!”. Дар ин асно як наврас, ки зоҳиран писари зани ҳиҷобпӯш буд ва дар паҳлуи ӯ нишаста буд, аз ҷо баланд шуда, ба ҷанҷол ба қавли қӯш мешавад ва хитоб ба он мард мегӯяд: “Худат баро!” Ин наврас ҳамин тавр ба ҳимоят аз модараш бо дигар занҳои рус, ки болои зани ҳиҷобпӯш дод мезаданд, вориди баҳс мешавад ва онҳоро дар ҷояшон мешинонад.

Ҷанҷол авҷ гирифта, қариб то ба занозанӣ мерасад. Дар ниҳоят, ба мусофирони маҳаллӣ, ки хеле бештар буданед, муяссар шуд, ки занони ҳиҷобпӯшро бо кӯдаконашон ба зӯрӣ аз троллейбус тела дода бароранд. Ин лаҳза як кӯдаки ширмакро дар дасти яке аз занҳои рондашуда чунон тарсонд, ки кӯдак ба гиря даромад.

Ҳамон зани ҳиҷобпӯши аввал баъди ба берун баровардани кӯдакон боз вориди троллейбус шуда, мегӯяд: “Ягон кас ягон ҷо намеравад!” Вале он марди рус ӯро дигарбора тела дода, аз автобус мебарорад ва дар ҳамин лаҳза ронанда дари троллейбусро мепӯшад.

Идомаи видео аз як камераи дигар дар истгоҳ сабт шудааст ва дар он дида мешавад, ки занони ҳиҷобпӯши озурда баъди аз троллейбус рондани онҳо дар истгоҳ эътироз мекунанд ва он зани аз ҳама фаъол дар ҷараёни ин ҷанҷол як зарфи шишагиро бароварда, ба сӯи дари басташудаи троллейбус ҳаво медиҳад. Зарф ба дар зада, шикаст ва чандин пора шуд, вале дари троллейбус осеб надид ва он аз истгоҳ ҳаракат кард.

Азбаски ин видео дар байни муҳоҷирон баҳсҳои гармеро ба по кардааст, идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” ба таҳқиқи он пардохт ва маълум кард, ки ин муноқиша ҳанӯз моҳи октябри соли 2022 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия рух додааст.

Он вақт хадамоти матбуоти корхонаи воҳиди давлатии “Горэлектротранс”-и Петербург хабар дод, ки ҷанҷоли байни мусофирони троллейбуси № 29 нимаи дуюми рӯзи 5 октябри соли 2022, тахминан соати 15:50, дар истгоҳи назди истгоҳи метрои “Московская” рух додааст ва ронандаи троллейбус дари онро пӯшида, ҷонибҳои даргирро ба сурати ҷисмонӣ аз ҳам ҷудо кард ва сипас, бо дархости мусофирони дигар аз он истгоҳ ҳаракат кард. “Ин имкон дод, ки аз идомаи ҷанҷол ва осеби эҳтимолӣ ба мусофирон пешгирӣ карда шавад” — гуфта мешуд дар шарҳи корхона.

“Горэлектротранс” дар бораи сабаби ҷанҷол изҳори бехабарӣ кард, чунки “манбаи аввал дастрас нест”.  Манзур аз “манбаи аввал” тарафҳои ҷанҷол дар дохили троллейбуси №29 аст.

Вале бархе расонаҳои маҳаллӣ,  аз ҷумла “Фонтанка”, навишта буданд, ки занҳоро барои он аз троллейбус пеш карданд, ки онҳо талбандагӣ мекарданд. Бархе корбарон он вақт навиштанд, ки ин занҳо аз лӯлиёни Осиёи Марказӣ буданд, ки онҳоро “ҷӯгӣ” ҳам мегӯянд ва дар шаҳрҳои Русия ҳамроҳи фарзандонашон асосан ба талбандагӣ машғуланд. Бо гузашти як соли 7 моҳ тасдиқи дурустии ин иддао дигар имкон надорад.

Вақтҳои охир муҳоҷирони тоҷик аз бадтар шудани муносибати ҳам мақомот ва ҳам сокинони Русия нисбат ба онҳо зиёд шикоят мекунанд. Инро ба ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” бастагӣ медиҳанд, ки аксари муттаҳамонаш, мутаассифона, аз Тоҷикистонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ба рангу намуди ин заноҳо нигоҳ кунед !!! албата зада пеш мекунанд. Дар аврупо ва дар амрико ҳам ҳамин худро муарифӣ кунанд албата зада пеш мекунанд !!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button