ВарзишВидеоМуҳоҷиронРӯйдодҳои БадахшонҲодиса

БОЗДОШТИ 8 ФУТБОЛБОЗИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ ДАР ПАЙИ ЗАНОЗАНӢ ДАР ВАРЗИШГОҲ (ВИДЕО)

Рӯзи 28 апрели соли 2024, бозии футбол байни ду дастаи лигаи ҳаваскорони шаҳри Маскав бо занозанӣ анҷом ёфт ва дар пайи он, 8 футболбози зодаи Тоҷикистонро дастгир кардаанд.

Дар ин бора Телеграм-канали “База” бо нашри видеои лаҳзаи занозанӣ байни футболбозони дастаҳои “Хоса” ва “ЮЗАО” хабар дод. Ба дастикам ду футболбози “Хоса” ин занозанӣ метавонад бо депортатсия аз Русия анҷом шавад, чунки санадҳои будубоши онҳо дар Русия дуруст набудааст.

Бино ба гузориши “База”,  худи ин бозӣ рӯзи якшанбе, 28 апрел дар варзишгоҳи “Труд” дар шоҳроҳи Варшава байни дастаҳои “Хоса”, ки асосан зодагони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистонро муттаҳид мекунад, ва “ЮЗАО” аз ҳавзаи маъмурии ҷанубуғарби шаҳри Маскав бо шикасти “Хоса” бо ҳисоби бузурги 0:12 анҷом ёфт.

Дар ҷараёни бозӣ дар як лаҳзаи баҳсбарангез довар тӯбро ба дастаи “ЮЗАО” дод ва бозигари “Хоса” Сураҷ Сафарбеков ба қарори довар бо садои баланд эътироз кард. Ва аммо бозигари “ЮЗАО”  Алексей Спасёнов аз довар тарафдорӣ карда, Сафарбековро ноҳақ баровардааст. Сафарбеков, ки аз ин баҳси туюман озурда шуда буд, баъди анҷоми бозӣ, вақте футболбозони “ЮЗАО”  мехостанд дар маркази майдон акси дастаҷамъӣ бигиранд, Спасёновро ба як тараф бурда, бо ӯ вориди баҳс шуд ва як мушт ба рӯяш зад.

This image has an empty alt attribute; its file name is Драга-Хоса-ЮЗАО2.jpg

Баъди ин ба ҷанҷол бозигарони дигар ва мухлисон ҳамроҳ шуданд ва дар майдон занозании гуруҳӣ сурат гирифт. Дар пайи ин занозанӣ як футболбози “ЮЗАО” Никита Захаров, ки бо захми сар ва қоши дарида ба бемористон муроҷиат кардааст.

Бино ба иттилои “База”, пулис 8 футболбози “Хоса”: Сураҷ Сафарбекови 26-сола, ҳамчунин Х.Холиқдодови 25-сола, М. Таҷамулшоеви 33-сола, М.Қаландарбекови 21-сола, А.Қаландарбекови 19-сола, Н.Назаршоеви 32-сола, А.Зиёратови 33-сола ва Ф.Ошурбекови 33-соларо боздошт кардааст. Ҳамаи онҳо зодагони Тоҷикистон буда, ба зиддашон бо иттиҳоми майдаавбошӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб додаанд. Ду футболбози “Хоса” ҳамчунин барои вайрон кардани қонунҳои будубош дар қаламрави Русия ба таҳдиди ихроҷ рӯбарӯ шудаанд. Ба болои ин, ба иттилои “База”,  маводи ҷамъшуда дар бораи ин ҳодисаро ба Кумитаи тафтишот низ фиристодаанд ва аҷаб нест, ки нисбат ба футболбозони зодаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ ҳам бикушоянд.

Таъкид мекунем, ки ин фарзияи ҳодиса сирф бар пояи гузориши “База” аст. Футболбозон ва маъмурияти дастаи “Хоса” ин қазияро то ҳол ягон шарҳ надодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button